ПАНДНОМА...![📖](https://st.okcdn.ru/static/emoji/14-0-0/20/1f4d6@2x.png)
*****
Ҳушёр шав, ба зикр, ки умрат дубора нест,
Кун ваҳми рӯзи марг, ки гӯрат гавҳора нест.
Ба тахти ҷисм маноз, ки охир ба рӯзи марг,
Ку Хусраве, ки маркаби чӯбин савора нест.
Чун мурғи доначин гирифтори доми дун,
Ҳар синае, ки аз ғами ишқи ту пора нест.
Дар рӯзгори умр ба мақсад намерасад,
Ҳар ошиқе, ки вақти саҳарҳо ба зора нест.
Сози ба оҳу нола тасаллои дарди дил,
Чуз нолаи фироқ ба ин дард чора нест.
Мотамсаро ба гиряву зорӣ муносиб аст,
Вақти суруру ишрату ҷои нақора нест.
Ин гулшукуфти синаи ошиу бувад мудом,
Ҳамчун шукуфти лолаи ҳар кӯҳсора нест.
Парвонаҳо, зи шамъи дилам чарх мезананд,
Дар зери чарх ҳеҷ қамар бе ситора нест.
Аз доғи як нигоҳ Ҷунунӣ ҳалок шуд,
Комментарии 3
Одаме хаст , ки садхо неки мекунед, аммо фаромуш мекунад.
Одаме хаст, ки як некии ночизе мекунед , лекин як умр миннатдор аст.
Ҳазор некиро як бади нодида мемонад
Ё баъди марги накӯкорон онҳоро ёд мекунанд