ҲАДИСНОМА...
Даме бошад, макун, фикре, каме роҳат, фароғат кун,
Табассум кун, машав ғамгин, фақат шукри саломат кун.
Тасаллои дили худ кун, агар бадтинате ранҷонд,
Ба кунҷи хилвате бошу, Худоро зикру тоъат кун.
Тиҳимағзу даҳанбадбӯ, дилатро, гар сиёҳе кард,
Ҷавобашро мадеҳу як нафас сабреву тоқат кун.
Маранҷ, аз ҳар ҷаҳолатдил, матарс аз ҳайбату ваҳмаш,
Ба одоби мусалмонӣ, ба роҳи Ҳақ, шафоат кун.
Агар ё хушкмағзе, хушкдимоғе обрӯят рехт,
Гуноҳатро Худо резад, машав ғамгин, ибодат кун.
Агар номарду беномус ва бенанге ҳақорат кард,
Надодӣ, бар ҷавобаш муштро, худро маломат кун.
Ба нохунҳои лафзаш дилхароше, гар харошид дил,
Ба гулгаште бирав, аз бӯи гул дилро та
Нет комментариев