ҲИКОЯИ ИБРАТОМӮЗ...
ЗАНИ КОМИЛ.
_____Мегӯянд, ки зане буд, ҳар шаб аз дасти шавҳараш калтак мехӯрд, вале ба ҳеҷ кас шикоят намекард ва ҳамеша умеде дошт, ки рӯзе шавҳараш ислоҳ мешавад.
____Яке аз шабҳо шавҳараш ӯро калтак мекард, ки ногаҳ дари ҳуҷра тақ-тақ шуд. Ҳанӯз дили шавҳар қарор нагирифта буд. Шавҳар, чун дарро боз кард, ки пушти дар: Падар ва модарарӯсаш, хоҳар ва бародарарӯсаш ва ҳамчунин боҷааш.
____ Мард дар зоҳир худро хушҳол нишон дод, аммо дар ботин тамоми баданашро тарс фаро гирифт ва мегуфт “агар ҳоло духтарашон сири маро фош созад, ҳоло ки ман дар хона танҳоям онҳо метавонанд қасди духтарашонро аз ман биситонанду бираванд.”
____Вақте падар пурсид, духтарамон куҷост?
Гуфт:
--- Падар ҳоло фарёдаш мезанам. Дар утоқи хоб аст.
____Мард рафт, назди зан, ки ӯ ҳанӯз рӯи замин хобида ва аз зарби лат гиря мекард. Мард гуфт:
--- Эй зан, хонаводаат омаданд. Падару модар, бародарону хоҳаронат ва язнаҳоят омадаанд. Баро наздашон салом кун.
____Зан аз ҷояш бархост, ашкҳояшро пок кард, кӯшиш мекард, ки то ашки худро нишон надиҳад, вале дилаш пур буд. Чун назди хонаводааш омад, назар ба падараш кард, дилаш ба ҳоли худаш сӯхт ва чун дасти падарро бӯса кард, дигар худро идора кардан натавонист ва ба гиря даромад.
Падар пурсид:
--- Чаро гиря мекунӣ, духтарам?
Гуфт:
--- Падар, ин ашки хушҳолист. Вақте домодатон гуфт, ки тамоми аҳли хонаводаат ба хона омадаанд, ман дигар натованистам худамро идора бикунам. Зиёрати ғайримунтазир буд.
____Аз шарм тамоми бадани мардро арақ пахш кард. Зан аз дард гиря мекард, шавҳар аз шармандагӣ гиря мекард.
____Меҳмононро хуб пазироӣ карданд ва онҳо рафтанд. Мард дар хилват худ ба худ мегуфт:
"--- Эй беинсоф! Эй муҷрим! Эй намакнашнос! Эй бераҳм! Чӣ фариштае дар хонаат будааст, лек ту қадраш намедонистӣ!"
____Чун субҳ дамид, мард ба бозор рафт. Барои занаш тӯҳфаи нафисе харид кард. Чун ба хона омад занашро наздаш хонд ва ғурури хеш якҷо гузошту аз занаш бахшиш пурсида гуфт:
--- Маро бубахш, ки ман қадри туро надонистам. Надонистам, ки Худо чӣ гуна фариштаи наҷоте ба ман додаст. Ту асрор ва зиндагии маро ҳифз кардӣ. Ту оилаи маро ҳифз кардӣ.
Комментарии 3
Дӯст доред ва дӯстдошта бошед.