Шеъри ВАҲДАТ
Шукри ваҳдат, ки лаби халқ табассумро дид,
Модаре омадани баччаи раҳгумро дид.
Сулҳ бар сӯи ҳама дасти саховат бикшод,
Суфраи холиямон неъмати гандумро дид.
Душманӣ кард касе нисбати мардум дар худ
Оқибат қисмати ҷон додани каждумро дид.
Рафт сармову ба ангезаи уммеди наве,
Чун танӯре дили мо оташи ҳезумро дид.
Ҳеч бегона накардаст ба мо ғамхорӣ,
Халқ аз раҳбари худ ҳисси тараҳҳумро дид.
Бесабаб нест, ватан нусхаи чаннат гаштаст,
Завқ бардошт Худо, ваҳдати мардумро дид.
Дилшодзода Файзуллои Сулаймон
(Меҳровари Масчоҳӣ)
Ғолиби озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барандаи ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти адабиёт (2023)
Мушовири Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд
Роҳбари маҳфили "Адибони ҷавон"-и вилояти Суғд
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев