Эълон мекунанд, ки ба қимати 10 доллар маймун мехарам. Дар деҳа маймун зиёд будааст. Мардум ҳама ба ҷангал даромаду маймунҳоро ҷамъоварӣ карданду ба қимати 10 доллар фурӯхтанд. Дар деҳа маймун кам шуд. Доштани (қапидани) маймун душвор шуд. Мардум аз доштани маймун хаста мешуданд ва оҳиста- оҳиста аз ин кор даст кашиданд. Ин маротиб тоҷир қимати маймунро ба 20 доллар мебардорад. Мардум боз ба доштани маймун камар бастанд. Маймунҳоро ҷамъ карданду ба тоҷир фурӯхтанд. Дигар маймун ҳам ба чашм намерасид. Тоҷир мегӯяд, ки қимати маймунро ба 50 доллар баровардам. Шумо ҷамъ кардан гиред. Ман ба шаҳр меравам ва ҳамин ки баргаштам, ҳатман маймунҳои ҷамъкардаатонро мехарам. Мардум ба ҷустуҷӯ баромаданд, аммо дигар маймун ҳам намонда буд. Дар набудани тоҷир, шогирдаш ба мардум мегӯяд, ки ман маймунҳоро ба шумо ба қимати 35 доллар мефурӯшам ва тоҷир, ки аз шаҳр омад, маймунҳоро ба ӯ ба қимати 50 долларӣ мефурӯшед. Мардум ҳама маймунҳоро мехаранд. Рӯз мешавад, аммо на аз тоҷир хабаре ҳаст ва на аз шогирдаш.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 18