Предыдущая публикация
* * *
Дар маъракаи оилавӣ саҳм надорем,
Имрӯз чу гургон силаи раҳм надорем.
Аз байн бибурдем ҳама хешу таборӣ,
Гӯед чаро дарки ҳама фаҳм надорем?!
Як тоифа туҳматгару як тоифа чун мор,
З-ин рӯ ману ту синаи беваҳм надорем.
Ин зиндагӣ зебост ба шодию ғами беш,
Ҳарчанд харем гӯшт, ҳама лаҳм надорем.
Бо лафзи араб шаҳм бувад пӯст азизон,
Тан нест шавад гар ба бадан шаҳм надорем.
Ҷайҳунӣ шуур аз дили Қуръон бизанад ҷӯш,
Бе дониши Қуръонӣ ягон фаҳм надорем.
#Ҷайҳунӣ 03.06.2023
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев