Ҳоло бошад, дар ин мақолаи кутоҳ мехоҳам ба шумоён мужда диҳам, ки ҳанӯз на ҳама фурсатҳо аз даст рафтаанд. Даҳаи охири Рамазон дар дами дарвозаи мост ва ҳанӯз ҳам барои ибодатҳои накардаамон, дуоҳои нагуфтаамон ва розҳои ба Парвардигор иброз накардаамон фурсат дорем.
Пас, биёед бубинем, ки пешвоямон Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам ин даҳаи охирро чи гуна сипарӣ мекарданд, то ки мо низ аз он бузургвор пайравӣ кунем ва фурсатҳои аз даст додаи худро дар ин рӯзҳои вопасин дубора ба даст оварем.
Ҳазрати Оиша модарамон разияллоҳу анҳо мугӯянд:
"Паёмбар салаллоҳу алайхи ва саллам дар даҳаи охири Рамазон чунон бо ҷидду ҷаҳд ибодат мекарданд, ки дар дигар рӯзҳо ин гуна бо ҷидду ҷаҳд ибодат намекарданд.
(Саҳеҳи Муслим)
Албатта, Паёмбар дар ғайри Рамазон низ ҳамеша пойбанди ибодат буданд. Бо фарорасии Рамазон ибодаташон меафзӯд, дар даҳаи охири Рамазон бошад, тарзе ибодат мекарданд, ки бештар аз ибодати тамоми сол буд.
Тамоми шабҳои охири Рамазонро бо ибодат шабзиндадорӣ мекарданд ва ҳатто аҳли хонаводаи худро амр мекарданд, ки бедор шаванд ва шабҳои даҳаи охирро бо ибодат сипарӣ кунанд.
Дар ҳадиси дигар ҳазрати Оиша мегӯянд:
"Ҳар гоҳе, ки даҳаи охири Рамазон фаро мерасид, Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам шабҳоро бо ибодат зинда медоштанд, аҳли хонаводаи худро барои ибодат бедор мекарданд ва ҳатто дар ин даҳ рӯзи охир худро аз ҷимоъ кардан (ҳамхобагӣ бо ҳамсар) дур нигоҳ медоштанд.
(Муттафақун алайҳ)
Паёмбар на танҳо ҳамсарони худ, балки духтару домоди худ Али ва Фотимаро низ дар ин шабҳо бедор мекарданд.
“ Магар шумо намоз намехонед бедор шавед” гӯён духтараки худро бедор мекарданд.
Таваҷҷӯҳи аз ҳад зиёди Паёмбар ба даҳаи охир нишогари он аст, ки ин шабҳо дорои фазилатҳоест, ки ҳаргиз дар шабҳои дигари сол вуҷуд надорад. Амалҳое, ки дар ин шабҳои бошумор карда мешавад, дар назди Аллоҳ аҷру подошеро дорост, ки дар замони дигар ин аҷру подошро наметавон ба даст овард. Барои ҳамин буд, ки Паёмбар ин шабҳоро комилан бо бедорхобӣ ва тоъату ибодат сипарӣ мекарданд.
Намозҳои бо хушӯъ, тиловати Қурон, зикри Парвардигор, тасбеҳу истиғфор ва дуову розу ниёз бо Холиқ инҳо ҳама ибодат ҳастанд. Паёмбар дар шабҳои охири Рамазон то дамидани субҳ ибодат мекарданд ва пайвандони худро низ амр мекарданд, то қадри ин шабҳоро бидонанд шабҳое, ки хеле зуд мегузаранд, вале амалҳои ин шабҳо дар номаи аъмоли бандагон то абад боқӣ мемонад ва баракати дуоҳои дар ин шабҳо гуфташуда кулли зиндагии инсонро метавонад тағйир диҳад.
Яке аз фазилати бузурги ин шабҳо дар он аст, ки шаби Қадр дар дохили ин шабҳои охир аст. Алалхусус дар шабҳои тоқааш. Аз Ибни Аббос ривоят аст, ки Паёмбар алайҳи салом мегӯянд:
"Ҳар касе, ки аз шумо мехоҳад шаби қадрро дарёбад, дар шабҳои тоқаи даҳаи охирон ҷӯстуҷӯ кунад. "
( Муснади Аҳмад)
Шаби қадре, ки амалҳои солеҳи он шаб аз ҳазор моҳ беҳтар аст, дар яке аз шабҳои тоқаи даҳаи охири Рамазон пинҳон аст, бояд барои даёфти ин шаби бузург ҳар як мусалмон кушиш кунад.
Аҷибаш он аст, ки Паёмбари Аллоҳ бо вуҷуди он, ки фиристодаи Аллоҳ буданд ва гуноҳҳояшон бахшида шудаву худашон ба Ҷаннат башорат шуда, ин шабҳоро то субҳ бо ибодат мегузарониданд. Илова бар ин Паёмбар як инсони оддӣ набуданд, сарвари қавм, қозии мусалмонон, сарлашкари ислом ва албатта халифаи замони худ буданд. Бо ин ҳама серкорӣ, ин шабҳоро зинда медоштанду ҳаргиз аз фазилату баракати ин шабҳо бебаҳра намемонданд.
Аҳли байти Паёмбар низ ба шафоъати Паёмбар такя накарда, ин шабҳоро ҳатто пас аз вафоти Паёмбар низ бо тоъату ибодат сипарӣ мекарданд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев