🔸 Матни пурсиш:
Ин бузургвор мӯътақид аст ки мардум дар зоҳир набудани Маҳдӣ муқассиранд ва ман ҳам инро қабул дорам, вале суъолам ин аст ки ҳоло дар шароъити феълӣ ки Маҳдӣ зоҳир нест, ба ҳар ҳол мардум чигуна метавонанд яқин ба аҳкоми Ислом пайдо кунанд?!
🔸 Матни посух:
Дар шароъити феълӣ ки Маҳдӣ зоҳир нест, мардум наметавонанд яқин ба аҳкоми Ислом пайдо кунанд ҷуз дар ҳадди заруриёт ва ин асари вазъӣ ва зоҳир набудани ӯст ки аз тақсири онон нашъат гирифта ва уқубате барои онон аз ҷониби Худованд ба сабаби ин тақсир аст; Чунонки фармудааст: ﴾ذَلِكَ بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيكُمْ وَأَنَّ اللَّهَ لَيْسَ بِظَلَّامٍ لِلْعَبِيدِ﴿ (Оли Имрон/ 182); «Он ба сабаби чизе аст ки дастҳотон пеш фиристода ва Худованд ба бандагон ситамкор нест». Ин дар ҳоле аст ки занн ба аҳкоми Ислом барои онон кифоят намекунад; Чунонки Худованд фармудааст: ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/1093/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев