Предыдущая публикация
Чун ғараз омад ҳунар пушида шуд
Сад ҳиҷоб аз дил ба сӯи дида шуд
Мавлоно(р)
Як мараз дар мо бувад номаш ғараз
Эй басо кас пухтаву хомаш ғараз.
Ман намедонам дигарҳоро валек
Кори мо оғозу анҷомаш ғараз.
Кудаки мо аз ғараз зоида шуд
Чун ба воя мерасад комаш ғараз.
Ҳар чи омад бар сари мо аз бало
Гар кунӣ таҳқиқ фарҷомаш ғараз.
Мо шуда ҳамсояву ҳамсоя не
Гар тароша афтад аз бомаш ғараз.
Беғараз гардем бо ҳам бингарем
Аҷнабиро дар майю ҷомаш ғараз.
Кори сиёдон аҷоиб ъибрат аст
Мурғ бинад донаву домаш ғараз.( Устод Абдурашиди Фозил)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев