Имруз пайи анчоми коре ба Масчо омадам. Аз осмони Худо ба замини Худо беист барфи рузидиханда меборид ва табиати сафедчомамапуш нихоят зебо ва дилрабо ба чашм мерасид. Чун аз рохи масчиди ба номи АЛЛОМА Икболи Лохури мегузаштам, фикре ба сарам омаду дар баробари ин чойгохи мукаддас мошинамро боздошта, берун омадам ва ртхрааон ба сахни масчид расидам. Тане чанд машгули ибодати намози нафл буданду чанди дигар ба тоза кардани гирду атроф.
Пои андеша ба кучабоги хотирот ниходам ва гуе дар хонаи пуртаровати зехн, бо чашми дил хамсинфу хамсолу хамрозам, орифи замон, шоири ирфон, файласуфи хакназар, сархатиби масчиди чомеи ба номи Мухаммад Икбол- Аллома Мирзоюсуфи Фозилро дидам, ки чун хамешаги тозаву озода ва бо забони ширину гуе хондани оети каломи Раббони мекарданд. Магар гуши андешахоям аз ин оханги фораму чаззоб ба хонаи хоб рафта будет, ки " салом" додани шахси рохгузарро нашунидам. Баъд аз узровари ва чавоби салом бо у сухбати дуру дароз доштам. Ба фикрам яке аз шогирдони устод буд, ки чун номи эшон ба забон мегирифтам, хамоно оханги гуфтугуяш самими ва чозибтар садо медод.Хангоми сухбат, фикри ачиб, вале холисонае дар хонаи зехни ман тавлид шуд, ки чанд муддат забони гуфтори маро аз ифшои он боздошт...
" Мирзоюсуфи Фозил аз хурдсоли то хадди булуг, хамрохи бародарбузургаш,орифи равшанзамир,солики рохи Хак, шоири ирфон, файласуфи укдакушо- Абдурашиди Фозил таълимоти дини ва маърифати хештаншиносиро назди падари бузургворашон Махсуми Мулообид, ки дар замони худ яке аз маъруфтарин шахсиятхои ахли Ислом буда, миёни мардум эътибору эхтироми бузург доштанд, аз бар карда, то вопасин нафаси умр мардумро ба рохи рост- рохи саодатманди, хидоят мекарданд.Чаззобияти каломи Аллома Мирзоюсуфи Фозил дар он буд, ки худ хамчун тимсоли покию рости, худогахию Хакшиноси, маърифату маданиятноки, миллатдустию механпарасту, одаму одамгарои..сурату сирати зебои худро дар оинаи зиндаги, нишон дода тавонист ва бо панду андарзи бузургони олами хирад: Мавлоно Чалолиддини Балхи, Шайх Аттори Вали, Хаким Санои, Рудаки, Бедил, ,Хофиз,Камол, Хайем, Икбол...ва садхои дигар суханхои худро таквият бахшида, бо зароби аходисхои Пайгамбари Ислом Мухаммад (с.а.в) сура ва оетхои каломи Раббониро сайкал медод ва бо тафсироти Сахехи Бухори(р), Имом Аъзам(р)...харфи худро мухри хакикат мезад, ки дигар дар тафаккури касе чои шубха ба гуфтахои у намемонд.Хамзамон пайваста аз анбаристони андешаи пок, харфи хакро, бо килки сабзфом, дар баргахои испеди дил хаккоки карда, ба одами армугон меовард, ки имрузу тамоми умр замири моро сафобахшанд."...
У дар бунеди калонтарин масчиди чомеа, хатто аз хадди тавон бештар мекушид ва дар ин чода хеле захмат кашид, то дар як чои нообод масчиде ба ин зебои ва пурхашами комат афррохтааст.Пас месазад, ки мо, дустон, шогирдон, ахлу фазлу карам ба кадри захмати хамдиери худ, бузургмарди Худо- Мирзоюсуфи Фозил бирасем ва рухашро шод гардонем.
Аз ин лихоз пешниходе дорам ба мардуми ахли фахм, хакшинос, некандеш ва рушанфикрони диери фарзоназои Масчо ва умед ба хиради волои эшон дорам, ки ба гуфтахои камина бо диди нек ва тафаккури хакшиноси назар меафкананд ва андешарони мекунанд.Ин пешниход назари шахсии ман аст ва ба касе ичборан бор кардани нестам, чун тафаккури мачбуркуни надорам.
Мухаммад Икболи Лохури хамчун мутафаккири бузург, шоири инкилоби, эхекунандаи забони ноби форси,инсонгаро...маъруфу машхур буда, шухрати чахони дорад ва садхо пайкараву нимпайкарахои у кучаву хиебонхои шахрхои кучаку бузурги мамолики чахонро зеб медиханд, ки дигар ниёз ба муаррифии беш надорад Гарчи шодравон Мирзоюсуфи Фозил, ки донандаи хуби ашъори Аллома Икбол буда, худ ин масчидро ба номи у гузоштаанд, аммо имруз зарурат пеш омад, ки дар навбати аввал бузургони худро муаррифи карда тавонем, то насли имрузу ояндаи миллат берун аз сархади Точикистон аз мо ифтихор дошта бошанд.
Мирзоюсуфи Фозил хам дар рохи хештаншиноси то хадде тавонистааст, ки худро хамчун як солики арзандаи рохи Хак, ориф, инсони худогох, шоири ирфон дар чомеаи имруза нишон бидихад.Сад афсусу дареги, ки МО аз тагназари бузургони диери худро дар холи зинда будан наку намебинем.Имруз яке аз вазифаи чонии хар як фарди ориятпеша дар он аст, ки ба кадри бузургони худ бирасем, эшонро берун аз диёр муаррифи бикунем, химоят кунем то дигарон хам эхтиромашонро ба чо оварда бошанд. Дар ин радифи моро мебояд, бидуни андешаи миллатсузи махалгарои номи онхор абади гардонем...Аз сахлангории гузаштагон ва беиродатии имрузиен то ба хол хатто нимпайкарае ба хотири пос доштани номи неки мутафаккири боломакоми охирхои садаи 19 ва аввали садаи 20, шоири сохибдевон , адабпарвар, фарди сохибкалом, Муфтии Масчо ва кисме аз каламрави Фалгар- Эшон Муллоахмад Мираминзода на ин ки чое гузошта, хатто сохта нашудааст, дар холе,ки ба шогирдони у хамдиеронашон макбарахои бузург ва пайкарахои баландкомат гузошта, зиератгохи мардумон кардаанд.Хатоии гузаштаро ислох бояд кард!
Аз ин лихоз пешниход мекунам, ки масчиди чомеи тозабунеди шурои дехоти Оббурдан, ки шодравон Мирзоюсуфи Фозил то нафаси охир умри бобаракоти хешро пайи таълиму тарбияи хурду бузург дар шинохти дини Исломи вокеи, маърифати худшиноси, инонгарои, дусти, мехру мухаббат, ягонагии Милли, озодии комили давлати,миханпарвари, ободгарию созандаги дар партави сиесати хирадмандонаи Пешвои миллат- Эмомали Рахмон сарф кардааст,ба номи у ва хиебони маркази ба номи Эшони Мулообид ва кучаи тарафои рости масчид ба номи Мухаммад Икбол- номггузори карда шавад. Дар ин кори хайру савоб ба мо химмати баланд, часорат, саховат ва назари нек хатмист! Боки Худои Бузург ёру мададгорамон бод! ( Мирзохайдари Умарзод ) ( аз шабакаи ичтимоии Фесбук )
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3