То зи худ огох гардад чони пок (Икбол)
____________________________________________
Агар нек назар андозем,хохем дид,ки хастаи марказии андешахои Икбол хамин инсон мебошад. Икбол ба унвони як инсони огах ки бар хакикати оламу одам даст ёфтааст ва бар сиххатии он заррае тардид надорад, тавассути осори худ кабл аз хама инсонро муаррифи кардааст.Инсони гули сарсабади офариниш ва дорои истеъдоду имконоти бузурги созандагй ва инсони масчуди малоикро,ки човидонагист. Инсони халифаи Худо дар руи замин,ки бар душаш таклиф ва миссияе гузошта шудааст ва дуст доштани дунёву зиндагии дунё ва зебову обод нигох доштани он (дунё ) буъде аз таклиф ва миссия уст. ..Ва низ дар радифи ин муаррифихо Икбол роххои инсонсозй ва расидагии инсон ба саъодати дунёву охиратро , ба дигарон ироъа доштааст. Икбол инчунин соири мактаб ва чахонбинихову фалсафахои дунё-ба вижа дунёи гарбро ба хубй омухта хакикату бутлон ва суду зиёни онхоро ошкор намудааст. Назди ин нобигаи нотакрор бехтарин мактабу идиулужй ва чахонбиние ки баёнгари хакикати амруннафсии оламу одам аст ,хамин мактаби Куръон мебошад..Куръоне ки идомаи мантикии мактаби дигар паёмбарони ростини Худост ,ки барои рохнамоии башар суи хакикату начот ва саъодати абад омадаанд. Куръоне ки нураш пардаи заломи хама гуна шаку тардиду норохатихои дарунии башарро дар баробари хакикати оламу одам медарад ва ба пурсишхои у посухи конеъкунанда медихад..Куръоне ки ба дарди башар мехурад. ва мисли дигар афсонахои ботилу пук (манзур динхову мактабхои маснуъи вахму хаёлоти башар мебошанд) уро ба чохи хайрониву нагунбахтй сарозер намеандозад. Худ фармудааст :
Чуз ба Куръон зайгамй""" рубохй аст
Факри Куръон асли шоханшохй аст. ( зайгамй -шерй, зайгам -шер))
Икбол бартарияти Ислом-ин дини ростинро бар хамаи чахонбинихову мактабхо ва динхои бофтаву сохтаи хаёлоти башар ва пойдории онро то ба охарин рузи ин дунё чунин баён намудааст;
Хак Таъоло накши хар даъво шикаст
То абад Исломро шероза баст.
. Сухани Икбол сухани дин аст.Хамон дине ки ба инсон намгуяд тарки дунёву неъматхои он намуда дар факру нодориву ниёзмандй ба сар бубар.Он дин ки барои катъ намудани решахои тааллуки байни инсон ва дунё наомаадааст.бал омада,то инсонро бо оламе дигар ошно намояд,ки дар тафовут бо ин олами чандрузй човидона ва мунтахои орзуву омоли инсон аст.Икбол инчунин соири мактабхову чахонбинихо ва фалсафахои дунё-ба вижа дунёи гарбро омухта,суду зиёни онхоро ба хама ошкор нмудааст..
. Чуз ин бардошт аз Икболу андешахои у бо вокеъияти амр ва дунёи ин марди Худо созгор нест ва хама гуна шарху тавзехот ки бар мехвари ин бардошти галат мечарханд, ботилу пук ва дасисаву хиёнат ба Икбол мебошанд..
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2
Ин китобе Нест чизе дигар аст.