🔸 Матни пурсиш:
Оё ҳузури аллома Хуросонӣ дар боргоҳи имомзода Яҳё ибни Зейд ибни Алӣ ибни Ҳусейн (а) бадин маъно аст ки зиёрати имомзодагон аз назари эшон било монеъ аст? (Бар хилофи назари ваҳҳобиҳо ки онро ширк медонанд.)
🔸 Матни посух:
Зиёрати қубури мӯъминон хусусан Паёмбарон ва солеҳон ба манзури ёд кардан аз онон ва дуруд фиристодан бар онон ва дуъои хайр барои онон ва таваҷҷуҳ ба охират, суннат аст, вале зиёрати қубури кофирон ва мунофиқон ва золимон ҷойиз нест; Чунонки Худованд фармудааст: ﴾وَلَا تُصَلِّ عَلَى أَحَدٍ مِنْهُمْ مَاتَ أَبَدًا وَلَا تَقُمْ عَلَى قَبْرِهِ ۖ إِنَّهُمْ كَفَرُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ وَمَاتُوا وَهُمْ فَاسِقُونَ﴿[п/1]; «Ва ҳаргиз бар аҳаде аз онон ҳангоме ки мурд намоз нагузор ва бар қабри ӯ найист; Зеро онон ба Худованд ва Паёмбараш куфр варзиданд ва дар ҳоле мурданд ки фосиқ буданд»! Ҳамчунин, сафар кардан ба манзури зиёрати қубури мӯъминон хусусан Паёмбарон ва солеҳон ва низ сохтани масҷид дар наздики қабри онон барои ибодати Худованд, ишколе надорад; Чунонки Худованд дар достони асҳоби Каҳф фармудааст: ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/1656/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев