Мулоқоти навбатии Ятимов ва Ташиев, ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия дар Суғд баргузор шуд.
Мулоқоти навбатии Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев, ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд баргузор гардид.
Бар асоси гузориши Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, мулоқоти мазкур 6-уми июли соли 2024 баргузор шуда, дар ҷараёни он ҷонибҳо баррасии масъалаҳои делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар минтақаҳои боқимонда давом дода, ба гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии ҳарду кишвар оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ҷиҳати идома додани кор дар ин самт супориш додаанд. https://tajikpress.com/2024/07/08/%d0%bc%d1%83%d0%bb%d0%be%d2%9b%d0%be%d1%82%d0%b8-%d2%b3%d0%b0%d0%b9%d0%b0%d1%82%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd%d1%83-%d2%9b%d0%b8%d1%80%d2%93%d0%b8/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев