Шаҳракнишинони саҳюнистӣ бори дигар бо баргузории тазоҳурот дар манотиқи мухталифи сарзаминҳои ишғолӣ хостори тавофуқи мубодилаи асирон бо Ҳамос ва барканории Бенямин Нетаняҳу шуданд.
Муътаризон хиёбони аслии «Аёлон» дар минтақаи Телавив дар маркази фаластини ишғолиро бастанд ва иҷозаи рафтуомад надоданд.
Шаби гузашта низ ҳазорон нафар аз сокинони сарзаминҳои ишғолӣ бо баргузории тазоҳуроти густурда бори дигар хостори канорагирии Нетаняҳу аз қудрат шуданд ва бар зарурати дастёбӣ ба тавофуқ барои озодии аусро дар Ғазза таъкид карданд.
Ба гузориши канали 12 телевизиони режими саҳюнистӣ, тазоҳуроткунандагон хоҳони сарнагунии кобинаи «Бенямин Нетаняҳу» нахуст вазир ва кобинаи ӯ ва имзои тавофуқи оташбас бо муқовамати исломии Фаластин барои табодули усаро ҳастанд. https://tajikpress.com/2024/07/07/%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d0%be%d1%81-%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd-%d0%bd%d0%b5%d1%82%d0%b0%d0%bd%d1%8f%d2%b3%d1%83/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев