Имрӯз, бозиҳои охирини даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюм дар вилояти Хатлон ба анҷом расид.
Дар ин давр дастаи “Бешкент”-и ноҳияи Носири Хусрав дар майдони худ бо тими «Чашма»-и ноҳияи Шаҳритуз вохӯрӣ анҷом дод, ки бозӣ бо ҳисоби 3:2 ба суди меҳмонон ба анҷом расид.
Дар яке аз бозиҳои марказии давр дастаҳои “Арал”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва “Дӯстӣ”-и ноҳияи Ҷайҳун бо ҳам дидор анҷом доданд. Бозии дастаҳо дар варзишгоҳи марказии ноҳияи А. Ҷомӣ сурат гирифта, мизбонон бо ҳисоби 2:1 ғалаба намуданд.
Ҳамчунин, дастаи «Шоҳин»-и ноҳияи Муъминобод дар майдони худ тими «Сомон»-и ноҳияи Данғараро қабуд намуд. Дар натиҷа, меҳмонон бо ҳисоби 1:5 мизбононро ба шикаст рӯ ба рӯ намуданд.
Даври 4-ум, 5 август соли 2020
«Бешкент» - «Чашма» 2:3
«Арал» - «Дӯстӣ» 2:1
«Шоҳин» - «Сомон» 1:5
Хадамоти матбуотии Федератсияи
футболи вилояти Хатлон
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев