Ёдрас мешавем, ки ин пули азими соли 1989 бунёдгардида дар натиҷаи омадани сели шадид баҳори соли 2013-ум куллан аз байн рафта буд.
Корҳои сохтмонӣ имрӯз дар ҳаҷми 60 дарсад бо сифати баланд иҷро гардидаанд.
Тибқи нақшабандии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ин пули азим дар арафаи ҷашни Наврӯз-2020 мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Хароҷоти иншоот аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони бонангу номуси ёвонӣ пардохт гардида истодааст. Ёвон ба соҳибкорони боори худ итминон дорад ва умед доранд, ки ин пули азим бо дастгирии онҳо дар муҳлати муқарраргардида бунёд ёфта, боиси ободӣ ва зебоии як гӯшаи диёрамон мегардад. yovon.tj
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4