Раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷ.Ҳ. рӯзи 1 октябри соли 2020 бо рафти барқарорсозии пули калонҳаҷми назди бозори марказии шаҳраки Ёвон, ки кӯчаҳои Р.Раҷабов ва Ҷомиро ба ҳам мепайвандад, шинос шуд. Ёдрас мешавем, ки ин пули азим, ки соли 1989 бунёд гардида буд, дар натиҷаи омадани сели шадид баҳори соли 2013-ум куллан аз байн рафта буд. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур имрӯз дар ҳаҷми беш аз 90 дарсад бо сифати баланд иҷро гардида, бетонпӯш намудани қабати болоии он идома ёфта истодаанд. Тибқи нақшабандии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар назар аст, ки ин пули аҳамияти стратегидошта бо дарозии 64 ва паҳноии 19 метр ва бо иқтидори борбардории 80 тонна рӯзҳои наздик бо мумфарш гардидани болои он ба истифода дода шавад. Хароҷоти иншоот (бо назардошти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ) зиёда аз 23 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки он аз ҷониби фармоишгар- мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони бонангу номуси диёр пардохт гардида истодааст. Бо барқарор шудани ин пули азим як гӯшаи маркази ноҳия Ёвон ободу зебо хоҳад гашт. Паймонкори иншоот ҶДММ “Наврӯз” (роҳбараш меъмори шинохта Азиз Усмонов) бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон корҳои сохтмониро бо сифати баланд ба сомон расонида истодааст
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1