Дар ин муноқиша 2 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз 20 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ҳамагӣ се шаҳрванди Қирғизистон дар ин ҳодиса захмӣ гаштаанд.
Таҳқиқи муштараки ҳодисаро додситонҳои кулли ду кишвар бар асоси 7 модда, аз ҷумла “куштор” ба роҳ мондаанд.
Баъди муноқиша то имрӯз ҳарчанд дар расонаҳои тоҷикӣ ин қазия тобиш намеёбад, вале ҳукумат, парлумон ва расонаҳои Қирғизистон ҳамарӯза ин қазияро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд ва ҳатто кор то ҷое расида, ки мехоҳанд ба се нафари маҷрӯҳшудаи қирғиз унвони қаҳрамонӣ бидиҳанд.
Санаи якуми апрели соли ҷорӣ Муҳаммедқалий Абилғозиев, Нахуствазири Қирғизистон бо сокинони деҳаи наздимарзии Оқсой вохурӣ анҷом дода, ба сокинони ин рустои наздисарҳадӣ гуфт, мушкилоти аломатгузории сарҳади байни ду кишварро намешавад бо роҳи низомӣ ҳал кард. Ӯ гуфт, ин масъала бояд бо роҳи гуфтушунид ва ҳамкории байни ду кишвар Тоҷикистону Қирғизистон ҳалли худро ёбад.
Ӯ гуфт: “Ҳамагон медонем, ки мушкили асосӣ адами аломатгузорӣ дар марзи давлатии байни ду кишвар мебошад. Албатта барои ҳалли ин масъала кӯшиши бардавом ва ҳамкории намояндагони ҳарду кишвар лозим аст. Мушкилоти марз бояд аз роҳи гуфтушунид ҳал шавад, на бо роҳи зӯрӣ
Сарвазири Қирғизистон зимни сӯҳбаташ бо мардуми рустои Оқсой аз созиши ба имзорасидаи гуфтушуниди намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон ёдовар шуда гуфт, ки дар натиҷаи муноқишаи марзии рӯзҳои 13 ва 14-уми март миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон музокирот баргузор шуд ва як протокол ба имзо расид.
“Тибқи санади ба имзорасида, бояд сохтмони роҳ дар марз идома ёбад ва посгоҳҳои низомии ҳарду кишвар бардошта шаванд” — зикр кард ӯ.
Яъне се рӯз пеш сарвазири Қирғизистон ба як санади имзошуда дар рӯзҳои гуфтушунид аз пайи муноқишаи сокинони наздимарзии ду кишвар ишора кард. Дар ин гуфтушунид ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар поёни даври севуми музокироти мақомоти баландмартабаи ду кишвар санадеро барои ҳарчи зудтар ба амалӣ шудани кори тақсим ва аломатгузории марзи миёни ду кишвар бар асоси тавофуқномаи байнидавлатии соли 2014 ба имзо расонданд.
Ҷузъиёти ин тавофуқнома то ба ҳол ифшо нашудааст, аммо, бинобар тавофуқномаи соли 2014 мелодӣ, сохтмони роҳи Оқсой – Тамдиқ идома меёбад, вале ин роҳ ба таври истисноӣ барои гузари ҳайвонот истифода хоҳад шуд.
Баъди хомӯш шудани муноқишаи сокинони наздимарзӣ расонаҳои тоҷикӣ гуфтанд, ки тибқи тавофуқномае, ки намояндагони ду кишвар ба имзо расонидаанд, миёни Ҷамоати Ворух ва Хоҷа Аълои Тоҷикистон як роҳи нав тавассути рустои Оқсойи Қирғизистон бунёд мешавад.
Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон дар ин замина гуфт, дар ин тавофуқнома тамоми ҷузиёт дарҷ шудааст ва мо танҳо бояд кор рӯйи онро оғоз кунем.
Ҷенеш Раззоқов, муовини нахуствазири Қирғизистон зимни сӯҳбаташ бо хабарнигорон ризоияти ҷониби Тоҷикистон барои бунёди роҳи Оқсой- Тамдиқ ба хотири убури чорворо бо изҳори хушҳолӣ истиқбол намуд:
“Қарор шуд, ки ҷониби Қирғизистон ба бунёди қитъаи роҳи Оқсой «ба хотири убури чорво» идома медиҳад ва баробар бо ин, ба сокинони Тоҷикистон иҷоза мешавад, ки дар қитъаи роҳи Ворух-Сомониён-Исфара роҳи худро бисозад”.
Ӯ гуфт “Роҳи Оқсой — Тамдиқ роҳи навъи панҷум аст ва ин роҳ барои убури чорво мебошад”
Аммо муовини нахуствазири Қирғизистон гуфтаи Азим Иброҳим дар бораи иҷозаи сохтмони роҳи Ворух- Сомониён -Исфара тавасути қаламрави Қирғизистонро рад кард. Ҷенеш Раззоқов гуфт: “Ман бо тамоми масъулият эълом мекунам, ки дар гуфтушуниди намояндагони Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷиҳати додани роҳи гузар ба Тоҷикистон дар қаламрави Қирғизистон тавофуқе вуҷуд надошт”.
Ҳамин тавр то ба имрӯз ҳарчанд ҷонибҳо гуфтанд, дар гуфтушунид ба тавофуқи ягона расида, ба муноқишаи сокинони наздимарзии ду кишвар хотима бахшиданд, вале баъди гуфтушуниди ҷонибҳо изҳороти матбуотии муовинони сарвазири ду кишвар Ҷениш Разоқов ва Азим Иброҳим аз ҳам фарқ мекард.
Азим Иброҳим гуфт, ки ба чорвои қирғизҳо роҳ дода, барои сокинон аз Исфара то Ворух роҳ месозем, аммо Жениш Разоқов мегӯяд мо барои сохтмони роҳи гузаре, ки ба ихтиёри худи Тоҷикистон вогузор шавад, ба ҳеҷ тавофуқе нарасидаем. Вале роҳи Оқсой -Тамдиқро ҳатман месозем.
Мақомоти Қирғизистон масъаларо ошкоро бо мардуми худ ба миён мегузоранд ва ҳеҷ ҷузӯъе аз тавофуқотро ҳам пинҳон намекунанд. Аммо мақомоти тоҷик ба ҷузъ ҳамон як баромади нобоваронаи Азим Иброҳим ҳеҷ шарҳе дар ин масъала ба мардум ироа накардаанд. Ҷенеш Раззоқов бо қотеъият мегӯяд ҳеҷ роҳе ба Тоҷикистон дода нашудааст, аммо мақомоти Тоҷикистон ҳатто ин даъваои ӯро шарҳ намедиҳанд.
Ин аз он дарак медиҳад, ки ҷониби Қирғизистон бо ҳунари хосе гуфтушунидро ба фоидаи худ тамом кардааст ва Азим Иброҳим дурӯғ гуфтааст. Агар на, пас мунтазирем масъаларо шахсан шарҳ диҳад. Мисли ҳамтои қирғизаш ошкор ва бо қотеъият.
Коршиносон аз он нигаронанд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи баррасӣ ва гуфтушунидҳои мушкилоти марзӣ бо сокинони кишвари худ шаффоф муносибат намекунад. Асли қазия шаффоф гузориш дода намешавад. Гуфтушунидҳои марзӣ дар сатҳи роҳбарияти ду кишвар танҳо протоколӣ анҷом шуда, бенатиҷа мемонад.
Шокирҷон Ҳакимов, сиёсатмадори тоҷик ва доктори улуми ҳуқуқшиносӣ бар ин назар аст, ки барои ҳал шудани масъалаи марз байни Тоҷикистон ва Қирғизистон бояд ҳайъати комиссия нави сатҳаш баландтар ташкил шавад ва дар ҳайат онҳое бояд бошанд, ки бо диди нав ва бо дарки масъулият ба мавзӯъ ворид шаванд.
Шокирҷон Ҳакимов, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ дар гуфтугӯ бо Паём зикр кард:
Тоҷикистон, аз ҷумла Қирғизистон низ авлавият ва муҳиму аҳамияти стратегӣ бояд дошта бошад. Ҳайъати комиссия нав, сатҳаш баландтар ва онҳое бояд бошанд, ки бо диди нав ва бо дарки масъулият ба мавзӯъ ворид шаванд. Вале замони фаъолияти онҳоро фавқулода маҳдуд бояд кард. То ки номгӯи санадҳои мушаххас, ки аз ҷониби мақомотҳои ҳарду давлат ва дар мувофиқа бо парлумон ва дигар мақомотҳои дахлдори давлат тавсия мешавад , тавсия кунанд дар шакли лоиҳа ин санадҳои марбутаро ва ҷиҳати баррасӣ ва таҳқиқу таҳияи ин лоиҳа пешниҳод кунанд. Вале ҳар ҳафта, ё ки дар як моҳ ақалан ду маротиба раёсати ҷумҳури ҳарду кишвар аз раҳбарияти комиссия раванди иҷрои дастуру супоришҳоро тақозо кунанд, то ки онҳо масъулиятро эҳсос намоянд ва ақалан як -ду маротиба дар замони муқаррарнамудаи фаъолияти комиссияи дуҷониба дар парлумон, ё дар дигар шакл ба ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ ҳисобот диҳанд. Ин ҳама дидору мулоқотҳо аввал робитаи мутақобиларо бо ҷомеа барқарор мекунад ва ҳамзамон шояд тавсияҳо ва хулосаҳое, ки аз ҷониби иштирокчиёни маҳфил, ё маҷлисҳои расмӣ гуфта мешаванд, ҷиҳати таҳриру ислоҳу дуруст кардани раванди гуфтушунид ва дидору мулоқот мусбат таъсир расонанд
Касоне, ки назари мухолиф ба сиёсати ҳукумати Тоҷикистон доранд, аз он хавотиранд, ки ҷониби Тоҷикистон дар гуфтушунидҳо ҳамеша манфиати оиларо аз манфиати миллӣ пеш мегузорад. Бинобар, дар гуфтушунид бо намояндагони Қирғизистон низ дигаргуние ба вуҷуд нахоҳад омад. Баракс ҷониби Тоҷикистон ҳар талаботе, ки аз ҷониби Қирғизистон ба миён меояд, бидуну чуну чаро иҷро хоҳад кард.
Муҳаммадиқболи Садриддин, коршиноси масоили иҷтимоъӣ, ки дар Қирғизистон чанд сол фаолияти соҳибкорӣ доштааст ва намояндагии ширкати худро дар ин кишвар дошт, мегӯяд, гуфтушуниде, ки имрӯзу фардо, байни ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон шуда мегузарад, албатта ба фоидаи Қирғизистон тамом мешавад. Чун молу колои шахсони наздик ба оилаи президенти Тоҷикистон аз Русияву Қазоқистон тавассути Қирғизистон ба шимоли кишвар мегузарад.
“Ман фикр намекунам, ки ин қазия ба манфиати мардум ҳал шавад, зеро дар ин ҷо манфиат фақат ҷониби тиҷорати оила аст ва тиҷорати оила агар хатар, ё зараре дошта бошад аз натиҷаи кори комиссион, ҳеҷ гоҳ ба ин самт ҳал намешавад. Агар мардуми Исфара зарар бинанд ҳам, кор ба самти бехатарии тиҷорати оила ҳал мешавад” — гуфт ӯ.
Инҷо бояд қайд кард, ки тибқи маълумоти дарёфтӣ, ширкати “Фароз”, ки аз Шамсулло Соҳибов, домоди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст як ширкати ҷаълии тобеи худро дар Қирғизистон дорад. Ин ширкат бо истифода аз имконияти узви Иттиҳоди иқтисодии Евроосиё будани Қирғизистон, молу колоҳои худро аз кишварҳои Белорус, Русия ва Қазоқистон бидуни хароҷоти гумрукӣ вориди Қирғизистон мекунад ва аз Қирғизистон ба таври қочоқ ба шимоли Тоҷикистон мегузаронад. Гуфта мешавад, аз ин усули тиҷории оилаи президенти Тоҷикистон ҳукумати Қирғизистон хабар дорад ва ҳамеша бо ёдрас кардани ин ҷинояти байналмилалии Шамсуло Соҳибов, домоди президенти Тоҷикистон гуфтушунидҳо ба фоидаи Қирғизистон анҷом мешавад.
Муҳаммадиқболи Садриддин ба ин қазия ишора карда гуфт:
“Мошинҳое, ки тобеи ширкати “Фароз” аз Шамсулло Соҳибов ҳаст, ки бо тиҷорати маводи сӯзишворӣ машғул аст, ки аз Қазоқистону аз Русия мебарад инҳоро, ва албатта (ташаннуҷи вазъ) барояшон нохушоянд аст ва ҳатман дар ин масъала бояд дастбакор шавад. Ба ҳеҷ ваҷҳ режим намехоҳад, ки ин масъала тавре ҳал шавад, ки оила зарар бинад. Ба ҳамин хотир кӯшиш мекунад, маъала бидуни сарусадо ҳал шавад, агарчи бар зарари сокинони минтақаи марзии Тоҷикистон, ё сокинони марзии минтақаи Исфара ҳаст. Ҳар коре, ки ба манфиати оила аст, ин режим бо намояндагонаш ба ҳар роҳе, ки набошад анҷом медиҳад.
Ба ин масоил раҳбари паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ низ дар гуфтугӯяш бо мардуми кишвар ишора карда буд. Ӯ гуфт бизнеси оиларо мақомоти Қирғизистон чун як қартаи сиёсӣ истифода мебаранд ва ҳаргоҳ мушкиле бо ҷониби Тоҷикистон пеш омад, онро рӯи миз мепартоянд.
Раиси ҲНИТ гуфт мардум дар масоили марзӣ набояд ба умеди ҳукумати феълӣ шавад, чун он ҳаргиз ба нафъи миллат, дар ҳоле ки бар зарари бизнеси оила бошад, кор нахоҳад кард.
Аммо ба назари профессор Шокирҷон Ҳакимов қазияи марзро бояд президентҳои ду кишвар ба таври конкретӣ баррасӣ намуда, ниҳоӣ кунанд. Барои гирифтани пеши роҳи муноқишаҳои баъдӣ ва хатари эҳтимоли азхудкунии заминҳои наздимарзӣ аз ҷониби ин ё он кишвар низоми сарҳадиро миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба танзим бояд даровард. Ӯ гуфт:
Пеш аз ҳама бояд гуфтушунид ва дидору мулоқот дар шаклҳои мухталиф ва бо истифода аз имкониятҳои технологияҳои муосир дар шахси президентҳои ду кишвар ба анҷом бояд расонанд. Ва дувум бидуни шарт зарурати таъсиси комиссияҳои дуҷониба ва дар ҳайъати нав ба миён омада. … санадҳои марбутаро ҷиҳати баррасӣ ва ба тасвиб расонида ба парлумон, ё дигар ниҳодҳои қудратӣ пешниҳод бояд кард. Ҳар чӣ зудтар импреминтасия, ё худ тадбиқи онро дар низоми қонунгузорӣ ва санадҳои зерқонунӣ ба анҷом бояд расонид. Баъд аз ин режим, ё худ низоми сарҳадро умуман, бахусус ин фосилаи сарҳадро миёни Тоҷикистону Қирғизистон танзим бояд кард. Авлавиятро ҳам бо истифода аз корҳои фарҳангӣ ва усулҳои дипломатӣ , инчунин бо дидору мулоқот миёни тоҷирони ин ду минтақаи ҳамҷавор ва барқарор кардани бозорҳо иҷозат дод, то ки эътимод воқеан вуҷуд дошта бошад.
Таҳлилгари умури сиёсӣ Илҳомҷон Ёқубов бар ин назар аст, ки то ҳукумати Тоҷикистон ба шаҳрвандони худ эҳтиром қоил набошад, дигарон низ ҳукумати Тоҷикистонро эътироф намекунанд ва ҳар тавре, ки дилашон мехоҳад, болои ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон фишор меоранд. Ёқубов мегӯяд, барои таҳқир ва бераҳмона сангсор нашудани миллат, бояд кишварҳои ҳамсоя то ба ин ҳадди боварӣ расанд, ки мардумро ҳукуматаш пуштибонӣ мекунад.
“Пеш аз ҳама ҳукумати Тоҷикистон бояд як ҳукумати мардумӣ бошад ва аз ҷониби мардум интихоб шуда бошад. Гузоришгар ба мардуми худ дошта бошад, эҳтиром ба мардуи худ кунад, то дигарон низ эҳтиром кунанд. Кадрҳои ҷавони донишманд ва ҳирфаӣ сари кор ояд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ пурқувват бошад. Ин амалҳо пеш аз ҳама пеши чунин низоҳои хунинро мегирад. Ҳоло … мо имрӯз на ҳукумати мардумӣ дорем, на кадрҳои ҳирфаӣ дорем, ки музокираи воқеӣ ва ҷойӣ карда тавонад. Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиром ба мардуми худ надорад. Ва ин боис шудаст, ки дигар миллату кишварҳо низ эҳтиром намегузоранд ва беэътиборӣ менамоянд. Чунки на ҷомеаи шаҳрвандӣ дорему на институтҳои демократӣ” — қайд кард Ёқубов.
Ин гуфтаҳои Илҳомҷон Ёқубов дар ҳоле аст, ки дар муноқишаи рӯзҳои 13-14 март байни сокинони наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва зиёда аз 20 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Танҳо се нафар шаҳрванди Қирғизистон дар ин муноқиша ҷароҳат бардоштанду халос. Бо вуҷуди ин то ба ҳол аз ғамхории ҳукумати Тоҷикистон ба маҷрӯҳшудагон ва пайвандони фавтидагон хабаре нест.
Аммо дар парлумони Қирғизистон санаи 3 апрели соли равон вакилон пешниҳод карданд, ки се нафар қирғизи маҷрӯҳшуда дар муноқишаи марзиро бо медали “Данк” сарфароз гардонида шаванд. Илова бар ин вакили Жогорку Кенеш Карамат Орозова пешниҳод кард, ки Мирбек Ҷураев, Улуғбек Фаникулов ва Акилбек Тойчиев, маҷрӯҳшудагони қирғиз дар муноқишаи сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон бояд аз ҷиҳати молӣ аз тарафи давлат дастгирӣ карда шаванд.
Дар шабакаҳои иҷтимоъӣ низ сару садои зиёд ба миён омад, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ ғамхорие ба мардуми кишвар раво намебинад. Илова бар ин то рафт, замин ва дороиҳои кишварро қудрати муҳофизат кардан надорад. Корбарони шабакаи иҷтимоъӣ аз он нигаронӣ карданд, ки мисли як қисми замини кишвар, ки ба Чин дода шуд, ҳамин заминҳо кишвар ба хотири ноуҳдабароии режими вақт порча — порча дорад аз даст меравад.
Бинобар, фаолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, ҳарчи зудтар бояд ба баҳсҳои марзӣ нуқта гузошта шавад.
Сиёсатмадори шинохтаи тоҷик Шокирҷон Ҳакимов таъкид кард, ки ташаннуҷи авзоъ , ё дар ҳолати номуайян қарор доштани вазъ дар марз, боиси нигаронӣ ва эҳтимолияти хароб гардидани вазъият на танҳо дар миёни ин ду давлат, балки дар минтақа низ мешавад.
Ӯ гуфт:
Бо дарназардошти он, ки солҳои охир созмонҳои молиявии байналмиллалӣ ва давлатҳои алоҳида ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаҳои мушаххас сармоягузорӣ мекунанд ва иродаи сиёсӣ низ дар ин хусус вуҷуд дорад, онҳо низ манфиатдор ҳастанд, ки миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳусни тафоҳум ва умумиятҳо вуҷуд дошта бошад.
Новобаста аз он ки баъзе бархӯрдҳо миёни қудратҳо вуҷуд дорад, аммо мо ба дигар омилҳои берунӣ набояд мусоидат кунем, то ки онҳо бо ҳисси беэътидол гардидани авзоъ бо истифода аз имкониятҳои доираҳои муайяни маҳдуди шаҳрвандӣ, ё дигар ниҳодҳо, ки дар ҳарду давлат ҳастанду манфиатҳои худро доранд, надошта бошад.
Албатта ҳарчи зудтар бояд ин корҳоро анҷом дод. Зеро, ки маҳз эътимод, якдигарфаҳмӣ ва гузашткуниҳо метавонанд боиси барқароркунии робита ва густариши муносибат миёни ин ду давлат бошад.
Дар ҳамин ҳол, Илҳомҷон Ёқубов низ таъкид мекунад:
Масъала ҳамон вақт пурра ҳал хоҳад шуд, ки ба аломатгузории марз нуқтагузорӣ карда шавад. То он вақте, ки марзҳо аломатгузорӣ нашавад, ихтилофи марзӣ боқӣ хоҳад монд. Вале … барои аломатгузории марз кадрҳои донишманд ва ҳирфаӣ бояд кор кунанд, аммо афсӯс,…
ҶенешРазоқов муовини сарвазири Қирғизистон гута буд, ки санаҳои 4 ва 5 уми апрел дар шаҳри Душанбе гуфтушуниди байнидавлатӣ барои ҳаллу фасли баҳсҳои марзӣ доир хоҳад шуд:
“Мо бо гуфтушуниди дипломатӣ ба мувофақа расидем, ки санаҳои 4ум ва 5уми апрел дар Шаҳри Душанбе вохурии навбатии намояндагони ҳукумати Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор мешавад ва мо дар ин вохурӣ бори дигар масъалаҳои муайнкунӣ ва аломатгузории марзиро баррасӣ хоҳем кард”.
Ҳарчанд дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон дар бораи гуфтушуниди рӯзҳои чорум ва панҷуми апрел гузорише ба назар намерасад, ба ҳар ҳол агар гуфтушуниде ба миён омад, умед мебарем, ки манфиатҳои миллиро намояндагони ҳукумати Тоҷикистон аз манфиатҳои шахсиву авлодӣ боло дониста, масъаларо ба фоидаи миллат ҳал хоҳанд кард.
Баҳсҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз он ҷо сар мезанад, ки ин ду кишвар беш аз 900 километр марзи муштарак доранд, аммо зиёда аз 470 километри он то ба ҳол аломатгузорӣ нашудааст. http://payom.net/archives/19275
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев