Яке аз кормандони шифохона Аҳмад Зоҳир будани ҷасадро шинохту бонг зад: Аҳмад Зоҳир аст! Мо ҳамагӣ болои ў ҷамъ омадем ва баъди чанде мушаххас кардем, ки ду соат қабл фавтидааст...
Тибқи одат аз истгоҳи кобулравони Қундуз таксиеро пайдо карда ба роҳ баромадам. Як марди куҳансол низ ҳамроҳи мо буд. Ҳангоми аз шаҳри Пулхумрӣ рад шудан, аз назди шифохонае мегузаштем. Мард бо дидани шифохона гуфт: «Дар даврони урус, дар ҳамин шифохона кор мекардам. Ҷасади Аҳмад Зоҳирро ҳаминҷо оварданд. Оварандагон чанд тани ношинос буданд. Ҷасадеро, ки мо намешинохтем, овардаву дар роҳрави шифохона беҳурматона андохта саросема баромада рафтанд. Яке аз кормандони шифохона Аҳмад Зоҳир будани ҷасадро шинохту бонг зад: Аҳмад Зоҳир аст! Мо ҳамагӣ болои ў ҷамъ омадем ва баъди чанде мушаххас кардем, ки ду соат қабл фавтидааст. Захм дар чаккаи сари ў буд ва он ққадар чуқур набуд. Бо чизи кунде ўро зада буданду бар асари хунравии зиёд фавтида буд.
Мо ҷасадро омода кардаву бо мошин ба Кобул фиристодем. Тақрибан як соат гузашту мошини дигаре бо суръати баланд омада дар назди шифохона истод. Доктор Зоҳир буд, ки саросемаву арақшор аз сари чамбараки фармон фаромад. Ҳар замон бо кафи даст оби чашму арақи пешонаашро пок мекард.
Ба саҳни шифохона даромаду осемасар гуфт: - Гуфтанд писарамро инҷо овардаанд! Аҳмад Зоҳирро- зиндааст? Куҷост ў?
Гўё маслиҳат карда бошем, ҳеч кас нагуфт, ки: писарат фавтида. Ҳама гуфтем: Вазъаш хуб буду каме захмдор- соате пеш ба Кобул фиристодем, рафт...
Падари Аҳмад Зоҳир сипосгўёну саросема боз ба мошинаш нишасту ба Кобул баргашт. Мо ҳама ғарқи гиря шудем...»
Дар яке аз сафарҳои дигарам ба Вазорати умури дохилаи Афғонистон рафтам, то аз куҳансолтарин корманди он роҷеъ ба ҳодисаи марги Аҳмад Зоҳир пурсам. Ба ман полковник Баҳодуриро шинос карданд. Ў нақл кард:
«Ҳамон рўз, ки хабари қатли Аҳмад Зоҳир дар Кобул мисли бод овоза шуд, шаҳр ба лонаи занбур мубаддал шуд. Мегуфтанд, тўдаиҳо ўро куштаанд. Мардум ба хонаву маҳаллаи тўдаиҳо ҳуҷум мекарданду хонаҳоро сангборон. Мегуфтанд, исломиҳо ўро куштаанд, мардум ба исломиҳо дармеафтод...
Шаҳр аз контроли пулис баромад. Ин гуна мотамро ҳеч кас ёд надошт. Аз гўшаю канори Афғонистон селаи мардум, ба хусус ҷавонону ҷавондухтарҳо худро ба Кобул мерасониданд. Ҳама сиёҳ пўшида буданду мегиристанд. Дар китфи ҳама тайпҳо (магнитофон) овезону Аҳмад Зоҳир мехонд.
Супориш шуд, ки ҷасад фавран ба хок супорида шавад, то аз вайрониву хунрезӣ пешгирӣ карда шавад. Дар ойини ману шумо нест, ки занон дар ташйеъи ҷаноза то қабристон раванд. Дар ҷанозаи Аҳмад Зоҳир зану мард якҷоя буду касе ҷуръати чуну чаро надошт. Намедонам, парвандаи ҷиноии бозшуда муҳри махфӣ дошту аз бойгонии вазорат нобуд карда шуд...»
Дўстам Гадомуҳаммад Амирӣ нақл кард:
«Тоза аз хидмати артиш ҷавоб шуда будаму ҳар ҳафта Аҳмад Зоҳир ҳатман консерт дошт. Бештари консертҳояш дар солуни «Интерконтинентол» баргузор мегардид. Бисёр вақт сурудҳои инқилобии ўро мамнуъ мекарданду фармони мусодираи фитаҳои алоҳидааш аз дуконҳо мебаромад. Дар хотирам ҳаст, ки таронаи «Осиям дигар»-ро хонду валвалаи азиме хест. Мардуми муғриз овозаҳои зиёде мепароканданд. Мегуфтанд: Бубинед, қасдан зану духтари мардумро бо ин тарона иҳонат кардааст, куфр мехонад. Магар мумкин аст, ки ин тарона хонда шавад:
Ман намехоҳам ба ишқе солиён побанд будан,
Ман набитвонам лаберо, борҳо бо шавқ бўсидан.
Ман лаби тоза, тани тоза, ишқи тоза мехоҳам.
Ин чӣ қонуне, чи ойине, чи тадбирест?
Осиям дигар, осиям дигар...
Ҳукумат дертар ба мазмуни ин тарона пай бурду фармон шуд, ки фаврӣ ин фиттаро аз дуконҳо чинанд. аммо дер шуда буд, мардум фиттаҳои Аҳмад Зоҳирро фаврӣ мехариданд. Пахши таронаро аз родиюи кишвар манъ карданд. Боз таронаҳои дигари инқилобияш низ пахшашон аз родию манъ шуда буд...»
Шоҳҷон, ки акнун раиси саноеи дастии Афғонистон аст, аз рафиқони наздики Аҳмад Зоҳир будааст. Боре ў нақл кард:
«Ба Аҳмад Зоҳир маслиҳат додем, ки Афғонистонро тарк кунад. Овоза ҳаст, ки бояд кушта шавад. Аммо ў бо ҳамон покдилии ба худаш хос мегуфт: Охир чиро бояд маро кушанд? Ман ба кӣ бад кардаам? Чиро бояд ватанамро тарк кунам? Ман ҳеч куҷо намеравам.
Намедонам, чи хел шуд, ки Холидаро маҷбур шуд ба занӣ бигирад. Як рўз ўро хонаи мо оварду гуфт: Шоҳҷон! Дўсти беҳтаре аз ту надорам. Холида як муддат дар хонаи ту истад, нагзор, ки касе фаҳмад ё бидонад.
Ман розӣ шудам. Чанд рўз гузашту як рўз омадам, ки ин Холида либосҳои нав пўшидавуқасди рафтани куҷое дорад. Гуфтам: Азми куҷо дорӣ, медонӣ, ки Аҳмад Зоҳир душмандор аст, аз ҷоят такон нахўр! Аммо ў пофишорӣ карду зора кард, ки: ҳамагӣ барои як соат ба арўсии фалон мераваму омад. ноилоҷ розӣ шудам.
Соате нагузашта буд, ки ду нафар пулис ба хона даромаданду бо лату кўб маро даст баста ба умури дохилӣбурданд. Маро ҳар ним соат қину азоб дода мегуфтанд, ки: Холидаро ту куштӣ, иқрор кун. Дар маҳбас шунидам, ки Аҳмад Зоҳирро низ бо гумони куштани Холида ба ҳабс гирифтаанд.
Касе албатта онҷо ўро азият намекард, аммо ҳабс бо гумони қатл барои як ҳунарманди бузург худаш аз зарбаҳои тозиёна бадтар аст.
То озод шудану исботи бегуноҳиям маро хеле лату кўб кардаву азоб доданд...»
Аз телевизиони «Ориёно»-и афғонҳои бурунмарзӣ нақли фардеро гўш кардам. Ба қавли ҳамсари Аҳмад Зоҳир-хонум Фахрия:
«Ҳар рўзи ҷумъа сари қабри Аҳмад Зоҳир мерафтаму медидам, ки пирзане сиёҳпўш нишаставу қуръонхонӣ дорад. Ду ҳафта ўро дидам, ҳафтаи севум пурсидам: Модар, ту кистӣ, ки ман туро намешиносам, ин, ки зери хок хуфтааст, шавҳари ман аст. Чаро ту ҳар ҷумъа қуръонхонӣ меоӣ?
Пиразан гуфт: Писарам дар беморхонаи Алиобод дар дами марг буд. Доктарҳо гуфтанд, ки оҷил се халта хун биёрам. Коғази доруву хунро ба дастам доданду ба дорухонае омадам, гуфтам: Зане фақираму писарам дар ҳолати марг аст, се халта хун лозим дорам. Оё дорухонаеҳаст, ки ба ман хунро ройгон диҳад. Доруфурўш гуфт: Дар куҷо дидӣ, ки доруву хунро бепул диҳанд? Чунин ҷойе нест, пайса ёбу хунро бигир! Бо гиря аз доруфурўшӣ берун шудаму дар берун ҷавоне роҳамро дошту пурсид: Модарҷон, чиро гиря мекунӣ?
Гуфтам: ин чӣ мамлакату ин чи мусулмонист, ки писари ман дар шифохонаи Алиобод мемираду касе ҳозир нест ба мани фақир се халта хуну дору бирахарад, ки ҷони писарам наравад?
Он ҷавон аз дастам гирифту пас ба дорухона даровард ва коғазро ба дасти доруфурўш дода гуфт: Ҳарчи инҷо навишта шуд ба ин модарам бидеҳ. Доруфурўш се халта хунуҳамаи доруҳоро баста кардуба ман дод ва пули онро аз дасти он ҷавон гирифт. Ҷавон маро сари роҳ бароварду таксиеро дошту пурсид то Алиобод чанд афғонӣ мегирад. Пули таксиро дод ва 500 афғонии дигар ҳам ба дасти ман доду гуфт: бирав, паноҳ ба Худо, иншолло бачет хуб мешавад.
Гуфтам: кистӣ ту? Магар фариштаи наҷотӣ?
Гуфт: Чи мекунӣ модар, аҷала кун, ки бачет мариз аст.
На, гуфтам, - номатро бигўй, ки бидонам.
Дари мошинро пўшиду гуфт: Бирав, зуд бош, Аҳмад Зоҳир ҳастам.
Писарам аз марг наҷот ёфт. Акнун чунин фариштаро золимон куштанд, ман ҳам то зиндаам ҳар рўзи ҷумъа меояму барояш Қуръони маҷид мехонам...»
Ровӣ ва ҳофизи бисёр ҳам хуби афғонии муқими Амрико, Халили Роғиб дар яке аз барномаҳои худ, ки ба Аҳмад Зоҳир ихтисос дода буд, нақл кард:
Ҳар дафъа, ки Аҳмад Зоҳир консарте медод, пешакӣ мегуфт: Агар ҳатто як чавкиро (курсӣ) дар толор холӣ бубинам, консартро намегузаронам. Вале куҷо як чавкии холӣ, ки ҳамеша дусад-сесад нафар то охир рост меистоданду ҳеч вақт нашудааст, ки тикету ҷой барои консертҳои ў бирасад.»
Зане аз Эрон ба ин барнома тамос гирифту гуфт: «Халил-соҳиб, инҷо дўстзанҳои эрониям мегўянд, ки ҳамон ду суруди телевизионии Худо бувад ёрет ва Лайлиҷон-ро дар Эрон сабт кардаанд ва ҳам аз ў хоста буданд, ки шаҳрвандии Эронро бипазирад. Магар ин дуруст аст?»
Халили Роғиб ҷавоб дод: «Ман ҳашт сол ҳамроҳи Аҳмад Зоҳир консертҳои якҷоя додаему якҷоя будем. Қатъан ҳарду сурудро дар телевизиони Афғонистон ба навор гирифтанд. вақте Аҳмад Зоҳир ба Эрон омад, ман онҷо муҳассил будам. Аҳмад Зоҳир дар телевизиони Ҷоми Ҷам-и Эрон се суруд сабт кард, ки худ шоҳидаму борҳо он се суруд пахш шудааст. Яке суруди «Эй сорбон»-и Саъдӣ буд, ки Аҳмад Зоҳир ва ду ҳунарманди маъруфи Эрон онро якҷоя хондаву сабт карданд. Замони омадани Хумайнӣ ба дўстонам ки дар Ҷоми Ҷам хидмат мекунанд, тамос гирифтаму хоҳиш кардам наворҳоро бароям пайдо кунанд. Вале Ҷоми Ҷамро оташ зада буданду наворҳо пайдо нашуданд...
Аҳмад зоҳирро ҳеч кас ба Эрон барои муқимӣ мондану пазируфтани шаҳрвандӣ даъват накардааст ё ман хабар надорам. аммо ҳамин, ки ў то охири умр дар Афғонистон зист, худ аломати ватандўстии ўву дурўғ будани ин овозаҳост.»
Аз инсонпарвариву башардўстиву саховатмандии Аҳмад Зоҳир низ ҳазорҳо нақл аст. Аз ҷумла Халил Роғиб дар барномаи худ нақл кард: « Ҳар шаб, ки аз консерт мебаромадем, Аҳмад Зоҳир мегуфт: Биравему харбуза хўрем. Харбўзафурўшҳо назди тўдаи харбўзаҳои худ мехобиданд. Аҳмад Зоҳир якеро бедор мекарду ду харбуза мегирифт вахуди ҳамонҷо харбуза мехўрдем. Барои ду харбуза ҳазор афғонӣ медод. Вақте дафъаи дуввум меомадему мехостем ҳамон харбузафурўшро бедор кунем, мегуфт:На, дигарашро, ў чораи кораш шуд, ба дигаре чора шавем.»
АХМАД ЗОХИР - САРОЯНДАИ ИШКУ ИНКИЛОБ
Исфандиёри Назар
ИмрўзNews
Ахмад Зохир – яркая и неугасающая звезда персидского небосвода – ПДФ https://drive.google.com/file/d/1SNftH0vS4DsgkwdPuDrT_acWnB7iIhRP/view
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1