дар Тоҷикистон
Сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон бо заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат пойдор гардид. Аз ҷониби дигар он барои ба иззати нафси роҳбарони ташкилоти террористиву экстремистии ҳизби наҳзати ислом, афроди мухолифи роҳгумзада, фурухташуда ҷиноятсодиркарда нарасидан ва аз амалҳои ғайриқонунии онҳо ёдовар нашудан шароит фароҳам овард. Сулҳу осоиштагӣ дарду алам, захмҳои падарону модарон аз лиҳози руҳию равони азияткашидаро таскин бахшид ва фитнаро дур намуд. Дар раванди сулҳ олимону коршиносони сиёсӣ, рузноманигорону мунақидони кишвар низ иқдомҳои одилонаи Сарвари давлатро танҳо бо хотири расидан ба ин мувофиқа, якдигарфаҳмӣ, талаботи аҳдномаро риоя кардан, аз камбудию хиёнаткориҳои содиркардаи ҳизби наҳзати Исломӣ чашм пушидаанд ва нахостанд, ки бори дигар ба ҳайёти осоиштаи халқи азияткашидаи худ фитнаи нав ё алангаи оташ ангезанд.
Дар байни ақидаҳои гуногун, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсию ҷамъиятӣ таъсис ёфта, ба фаъолият шуруъ намуданд, ки ба ном дар қолаби «демократия» муборизаи ошкорои оштинопазирро оғоз намуданд, ки манбаи низои ҷомеа гардида, вазъи сиёсиро пайваста бесубот гардонида сабабгори тарк намудани теъдоди зиёди мутахассисони варзидаи миллату халқиятҳои дар кишвар истиқоматдошта гардид. Роҳбарони хизби наҳзати ислом маблағҳои аз давлатҳои исломи ҷалб кардаашон истифода карда маккорона сарвари ҳизбу ҳаракатҳои нобурдаро ба дасти худ гирифта дар зери ниқоби ғояҳои демократӣ сиёсвати ҷудоиандозӣ миллатгароӣ ва бунёдгароиро барнома ва оиномаи худ гардонида оромиву осоиштагии кишварро ба ҷанги шаҳвандӣ оварда расониданд.
Саргузашти талхи солҳои 90-уми асри гузашта мардуми осоишта, озодфикру озодандешро то имруз рӯҳанду ҷисман азият медиҳад. Ба тақдири минбаъдаи мардум хусусан, насли ҷавони оянда нишонаи бадноми «мухолиф, ҷонибдори давлати исломӣ ё хурофотпарастӣ доштан-ро аз худ боқӣ гузошт, ки дар вохӯриҳо аз шаҳвандони дигар минтақаҳо садо медиҳанд. Хулоса ҳизби наҳзати ислом фаъолияти худро бо дини поки мубини ислом пайваст намуда, аз содагию бетаҷрибагии мардум суиистифода карда мақсади нопоки худро байни эътиқодмандони мусулмони тоҷик амалӣ намуд. Аммо дар ин давра фаъолияти авомфиребона ва ҳадафу барномаҳои ин гурӯҳҳо ба ҳамагон равшан гардид, ки чи гунна ба давлату мардуми худ хиёнатҳоро раво дидаанд.
Пешноҳод мешавад, ки барои омӯзиши манбаъҳои хатарҳои таъсирасони фаъолияти қувваҳои мухолифи давлатию ҳукумати ТТЭ ЊНИ дар хориҷ ва дохили кишвар тадқиқоти дастаҷамъонаи тамоми ниҳодҳои илмию таҳлилӣ ташкил карда шавад. Доир ба натиҷагирии ин масъала назари ҳар як фардӣ солимфикри ҷомеа зарур аст, ки вазъи ҷойдошта чи гуна шакл гирифта истодааст. Эътиқоди назари мардумро дар амал нисбати мавқеи доштаи онҳо ва хатари ояндаи ин ҳизби ифродгаро баҳо диҳанд ва баҳри рафти он чораҳои зарурӣ андешанд.
Таҳлили паҳлуҳои дигари хатарҳои ин масъалаи муҳими доғи зиндагӣ аз ҷониби олимону коршиносон тасдиқ менамоянд, ки муносибати фитнаангези пешгирифтаи ҳизби наҳзати ислом ва хатарнокии фаъолияти минбаъдаи он барои ҷомеаи Тоҷикистон аз дигар созмонҳои экстремистии терористи ба монанди «Давлати исломӣ» (ДИИШ) «Ҳизб-ут таҳрир» «Ҳаракати Толибон» , « Ҷамоати Ансоруллоҳ» ва «Ал- қоида бештар хоҳад буд.
Исмоилзода Ф,
таҳлилгар
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев