Ташкилоти террористӣ – экстремистии наҳзати исломї аз ибтидо бо ниятҳи нопоки худ барои халалдор намудани оромию субот ва амну осоиши Тоҷикистон фаъолият менамояд. Пешравӣ ва тараққиётро нахоста, ба ҳар роҳу восита оромии мамлакатро халалдор месозад. Аз рӯзҳои аввали фаъолият ин ташкилоти террористӣ аз демократия сўйистифода намуда, амалҳои он аз арзишҳои демократӣ дур мебошанд.
Дар солҳои 90-уми асри гузашта созмони наҳзатӣ яке аз тарафҳои моҷаро буд, фаъолияташ комилан ба меъёрҳои демократӣ мувофиқат намекард. Муборизаи мусаллаҳонаи ин ташкилот барои ишғоли мансаб, соҳиб шудан ба қудрат буд. Инчунин, ба гурӯҳҳо ҷудо намудани аҳолӣ, таҳаммулнопазирӣ ба нерӯҳои дигари сиёсӣ, хусусан коммунистон ва ҳамзамон, ба амалҳои гаравгонгирӣ даст мезаданд.
Сарварони ин созмон бояд эътироф намоянд, ки бадбахтиҳои ба сари мардуми кишвар омада, маҳз аз маърифати пасти сиёсии саркардаҳои наҳзатиҳо дар солҳои 90-уми асри гузашта буд.
Кабирӣ ва дигар ҳаммаслакони ӯ, ки мунтазам даъвои сулҳу оромӣ мекунанд, дар қалбашон заррае меҳри Ватан надоранд. Ҳизби наҳзатро дар хориҷ ва дар дохили мамлакат ҳамчун ташкилоти террористию экстремистӣ шинохта, аъзоёну ҳаммаслакони онро ҳамчун душманони давлату миллат эътироф менамоянд. Аз ин рӯ, амали шудани нақшаҳои ғаразноки наҳзатиён амри маҳол аст. Онҳо бояд хуб бианешанд ва аз давлату миллати тоҷик узр бипурсанд, то дар таърих ҳамчун ашхоси хоин номи эшон сабт нагардад.
Наҳзатиҳо ҳамарӯза фаъолияти худро дар тӯҳмату таҳқир дидаанд. Аҷабо ба ин тӯҳматбофиҳо кӣ бовар мекарда бошад?! Мардум дар фазои ободу озод, дар сарзамини муқаддас, ҳаёти орому ободро ба сар мебаранд.
Дар замони муосир фаъолияти созмонҳои экстремистӣ мисли наҳзат барои дунё хатари аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Дар воқеъ пайдо гардидани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва террористӣ барои амнияту суботи аҳолии дунё хатари воқеиро ба миён овардааст.
Кишварҳои дунёро зарур аст, ки ҷиҳати пешгирии амалҳои террористӣ муттаҳид бошанд ва барои пешгирӣ намудани ин амалҳои номатлуб аз тамоми имконият истифода намоянд. Зеро терроризм ва экстремизм новобаста ба ҳудуд ва минтақа барои инсоният таъсири манфӣ расонад.
Дар баробари гуфтаҳои боло, яке аз масъалаҳои ташвишовар ва доғи рӯз ин амалҳои террористӣ ва экстремистии созмони наҳзатӣ ба ҳисоб меравад.
Ташкилоти наҳзати ислом ба хубӣ дарк мекунад, ки дигар ҳеҷ қишре аз мардуми кишвар ба ин ҳизби ифротгаро ва шиорҳои фиребои он бовар надорад. Зеро миллати тоҷик дарк намуд, ки ҳизби наҳзат амалаш фақат қатлу куштор ва вайронкорӣ аст. Наҳзатиён аз содир кадани ҷиноятҳои сангини террористӣ даст накашиданд.
Роҳбарияти ин гуруҳи ҷиноятпеша ва ҳаммаслакони онҳо бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ороми ҷомеаро тира месозанд. Аммо, ҳеҷ гоҳ мардуми тоҷик хиёнату ҷиноятҳои содирнамудаи наҳзатиёнро фаромӯш намесозад ва ба ин ташкилоти террористӣ ҳеҷ гоҳ бовар намекунад.
Бо мақсади пешгирӣ ва андешидани чораҳои муқовимат бар зидди падидаҳои номатлуби терроризм ва экстремизм мақомоти дахлдори Тоҷикистон маҷмӯи чорабиниҳоро ҳамарӯза амалӣ намуда истодааст.
Султон Сулаймонӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев