Шикаста бод дасти он, ки зад миёни шонаат,
Бурида бод панҷааш, хато гирифт нишонаат.
Агар ки мезад ӯ ба теғ, дили сиёҳи пур зи кин,
Халос мешуд ин замин, зи қалби хоинонаат.
Шикаста бод он саре, ки тарҳи нодуруст рехт,
Накард ҳастии ту нест, вуҷуди наҳси ту набехт.
Таассуф аст, ки ин Ватан, нашуд пок зи кунтие,
Ва ин касифи бекафан, зи миллат обрӯ гусехт.
Ҳаром бод лаҳзае, ки шири дода хурдаӣ,
Ҳазор ранҷи модарат, ту ай ҳабис надидаӣ.
Ту қадри модару Ватан фурӯхтӣ, фурӯхтӣ,
Кунун ту эй ватангадо, бузичаи рамидаӣ.
Ҳаром бод он ҳаёт, ки дарбадар тамом шуд,
Накардӣ некии касе, бадӣ зи ту мудом шуд.
Шикаста бод он қалам, ки дасти ту ба он расид,
Ҳаром бод вожае, ки аз Додо калом шуд.
Мирзои Салим
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев