Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо, модари пирам,
Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад ният,
Ки рӯзи тӯй дида дар қади ман, бишканӣ армон,
Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният.
Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман!
Наёбад чашми камбинат ба ҷустан чашми сӯзанро,
Биларзад дасти пурэъҷози ту дар қабзаи пирӣ,
Валекин боз медӯзӣ ту дастархони гулдӯзӣ,
Ки рӯзи маърака дар байни мардум обрӯ гирӣ.
Чӣ дунёест дунёи умеди ту, аё модар, аё модар!
Ниҳону пардагӣ бигзашт даврони ҷавоният,
Ҳаётат дар гуселу пешвози зиндагӣ тай шуд.
Бикун бо гӯшаи қарси сапедат пок ашкатро,
Ба дунё одамӣ як бор меояд ба пои худ,
Ба оҳи тобнокат аз куҷо акси садо ҷӯӣ, аё модар, аё модар!
Нарафтӣ берун аз як деҳ, надидӣ рӯи оламро,
Ба гирди хеш гӯё чарх гаштӣ, зиндагӣ кардӣ.
Ба гирди деҳа гӯё домани гардун бичаспида,
Туро барбаст роҳи нийяту азми ҷаҳонгардӣ,
Чӣ дорад олами дар худ ниҳони ту, аё модар, аё модар!
Худо гуфтию оят хондию таъбирҳо ҷустӣ,
Ту доим «Ҳафтяк» мондӣ ба зери болини кӯдак,
Ки шояд тифл бебоку далеру қаҳрамон гардад,
Дили пайғамбарон ғунҷад даруни синаи кӯчак.
Даруни кулбаи пасти назарногири пур аз дуд
Ба ҳукми қарзи инсонӣ ҷаҳонеро биғунҷондӣ.
Шабонгаҳ мижжа таҳ нокарда пухтӣ кулчаи ширмол,
Саҳар фарзандҳоятро ба майдонҳо гуселондӣ,
Шараф андӯхтӣ аз ҷонфишониҳои фарзандон, аё модар, аё модар!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев