Ман ғарибам, эй Худо, ҷабр бар ҷонам макун,
Аз фироқи наздиконам дидагирёнам макун.
Дасту пои солимам деҳ, то ки ёбам рисқи худ,
Пеши мардум мунтазири бурдаи нонам макун.
Обрую эътиборам деҳ миёни одамон,
Сархаму бе қадру қиммат пеши ёронам макун.
Нокасон аз беимони қалби одам бишкананд,
Пеши нокас мазлуму мӯҳтоҷу ночорам макун.
Ту ба фарзанди ман одобу инсофаш бидех,
Дар дами пирии ман дар куча сарсонам макун.
Эй Худо асло ҷудо аз дину имонам макун,
Дорам умеди калон аз раҳматат Парвардигор