Эмомалӣ Раҳмон , раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни сафари серӯзааш ба Арабистони Саудӣ ҳамроҳи ҳамсар ва чанде аз фарзандонаш ба зиёрати Хонаи Худо низ рафтааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки оқои Раҳмон рӯзи 4 январ маносики Ҳаҷҷи умраро ба ҷо оварда, ба қавли манбаъ, ба ӯ муяссар шудааст, ки барои бори дувум вориди Каъбатуллоҳ бишавад.
Дар аксу видеое, ки торнамои расмии президенти Тоҷикистон рӯзи 5 январ нашр кард, Фирӯза ва Озодаи Раҳмон – духтарон ва Ҷамолиддин Нуралиев, яке аз домодҳои раиси ҷумҳурро ҳангоми адои маносики Ҳаҷҷи умра дидан мумкин аст. Манбаъ мегӯяд, ки дар иҷрои маносики Ҳаҷҷи умра Эмомалӣ Раҳмон ва хонаводаашро, инчунин, Сироҷиддин Аслов - вазири корҳои хориҷӣ, Нуриддин Саидзода - вазири маориф ва илм, Сайидмукаррам Абдулқодирзода – раиси Шӯрои уламо, Муродалӣ Алимардон – раиси "Агроинвестбонк", Сулаймон Давлатзода – раиси Кумитаи дин ва дигарон ҳамроҳӣ кардаанд.
http://www.ozodi.org/content/emomali-rahmons-umrah/27467990.html