Марде аз мошин фаромаду ба назди
мардикорон омад. Ӯро зуд иҳота карданд.
Изҳор дошт, ки мабразгоҳи хонаи ӯ ба поккорӣ
ниёз дорад, аммо дар ивази анҷоми ин кор ба
мардикор ӯ ҳамагӣ 10 сомонӣ пул ва таоми
шикамсерӣ дода метавонаду халос. Баъди
шунидан ин сухан ӯро ҳама ба зудӣ тарк
карданд.
Мард рӯзи дигар боз ба бозори мардикорон
омад. Боз дар ҷавоби муроҷиаташ ҳамагӣ абрӯй
чин карданду аз бараш дур шуданд.
Вақте ки рӯзи сеюм мард боз ҳам омад, нафаре
аз мардикорон ҳатто ба сӯи ӯ нимнигоҳе ҳам
напартофт, ба ҷуз як ҷавони рангпаридаву
лоғар, ки оҳиста беҷуръатона ба ӯ наздик шуд.
Мард пурсид:
- Шарти маро медонӣ? Розӣ ҳастӣ?
Ҷавон посух дод:
- Мабразгоҳ? Бале, ман розӣ.
Мард мошини худро каме дуртар аз бозори
мардикорон манъ намуду ба ҷавон рӯй овард:
- Аз мошин фаро,- вақте, ки ҷавон поён шуд
мард суол кард, - Барои чӣ ту ба анҷоми ин
кори вазнин ва кароҳатовар дар ивази музди
ночиз розӣ шудӣ?
Ҷавон гуфт:
- Илоҷи дигар надорам. Се рӯз аст, ки на ман ва
на ҳамсару кӯдакам ба серӣ чизе хӯрдаем...
Мард аз ҷайби худ пули зиёдеро бароварду ба
ҷавон дароз кард:
- Дар хонаи ман коре нест. Ман маҳз туро
меҷустам. Ана ин дар моҳи шарифи Рамазон, бо
амри Худо ба ту ва оилаат кумак...
Мошин аз назди ҷавон чунон босуръат дур шуд,
ки ӯ ҳатто ба ташаккур кардан фурсат наёфт.
Мегӯянд, ки он мард ба мардикор гӯё 3500$
дода бошад...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 6
Аллох кабул кунад Омин Омин Омин