У
сохтмончи буд. Аз чи бошад,
имруз хаво сахт хунук кард,
вагарна холо барои зимистон
барвакт аст, худ ба худ
меандешид у. Зудтар ба хона
расам. Кудаконро хам ёд кардам.
У вориди хона шуд. Хамсару
фарзандон хама омадани уро
интизори мекашиданд.
-Ана, ана, дадачонам омад,
шодикунон ба суи у давиданд
кудакон. Холо истед, ман хело
хунук хурдам, камтар гарм
мешавам, ана баъд хурок
мехурем,баъд ман ба шумо
киссахои ачибе накл мекунам
гуфт Махмуд ва назди хамсараш
ба хонаи дигар гузашт.
-Махин, танамро хунукии ачибе
гирифтааст, намедонам сармо
таъсирам карда бошад. Ягон чизе
дех, ки гарм шавам.
-Якто уколи калсий хлор кунем
чи? -чавоб дод хамсараш.
-Майлаш, хар чизе бошад, биёр,
ки ахволам бисёр бад аст.
Махина сузаноруро гирифту ба
назди шавхар омад (у маълумоти
нопурраи тибби дошт). Аввал ба
суи шавхар як шухи намуду баъд
сузанро ба пусташ гузаронд.
Баробари сузан задан Махмуд
фарёди чонхароше бароварду
зуд хомуш шуд. Кудакон аз хонаи
дигар давида омаданд. Модар
сузандору дар даст ларзида
меистод ва падар бошад, бо
чашмони умедвори бехаракат ба
у менигарист. Як лахза ахли
оиларо хомуши фаро гирифт.
Лахзае пас доду фарёди онхо ба
фалак дакка зад. Рухи Махмуд
алакай бо чахони дигар пайваста
буд.
Махина ба худ омада
наметавонист. Худоё, у чон дод,
мисли он ки чонаш дар сари
хамин сузандору бошад. Не,
бовар намекунам. Акнун хама
маро котил мехонанд. Дар
хакикат хам чунин шуд. Баъд аз
дафнии Махмуд мурофиаи
«авлоди»-и Махина сар шуд.
Судяхои суди оли-хусуру
хушдоманаш, ки дар хонаи худ
алохида зинадги мекарданд,
расида омаданд ва хануз чисми
Махмуд сардии хокро кабул
накарда, карори суди «зани
шавхаркуш»-аз чониби
макомоти олии конунгузории
хусуру хушдоман ва хохаршуйхо
кабул карда шуд ва Махинаи
холо дуруст ба худнаомадаро
барои хамеша аз фарзандони ба
чон баробару хонаи бо мехнати
дастии худу шавхари чавонмарг
бинокардааш ронданд.
Чи рузи сахте. Охир, у аз кучо
медонист, ки кор ба ин тарика
анчом меёбад. У шавхарашро аз
чон хам зиёдтар дуст медошт.
Хама уро гунахгор мехисобиданд.
Касе намегуфт, ки ин кори
Худосту сабаби маргаш дар хамин
будааст. Махина ба хонаи падару
модараш рафт. У аз хона берун
намебаромад. Хама тахкираш
менамуданд, котил мегуфтанд,
масхарааш мекарданд. Зани
бечораро ба чон расониданд,
намедонист сарашро ба кучо
занад. Билохира ин тахкиру
масхарахо ба чое расиданд, ки як
пагох падару модари Махина
часади бечони уро, ки дар
дарахти тути паси хавли алвонч
мехурд пайдо намуданд. Аз ин
миён як оила бесаробону
кудакон сарсону хайрон
монданд. Имруз вакте кас ба
ахволи кудакон менигарад,
дилаш аз гам реш-реш мешавад.
Ва хамон бибиву бобои «гамхор»-
е, ки зани бечораро бо тухмати
котили аз хона ронданд ва он
мардуми бефахме, ки бо таънаву
маломати худ уро ба чон
расониданд, худ дар хонахои
гарм бо фарзандон сари
дастурхон нишастаанду кай
парво доранд, ки ин кудакони
бечора чи хол доранд.
Эй мардум! Магар намедонед, ки
Фиръавн чи кадар кушишхо
кард, то пеши рохи ба дунё
омадани Мусоро гирад, хатто
тамоми кудакони навзодро сар
зад, аммо боз хам натавонист ва
Мусо ба дунё омад. Чунки хости
Худо дар хамон буд. Такдироти
мо низ дар дасти Худованд аст.
Инсон наметавонад, ки бо хости
худ хаёташро кутоху дароз
намояд. Хамаи он дар дасти
Худованди бузург аст, ки инсон
кудрати фахмидани хикматхои
Илохиро надорад.
Хазор хилаву тадбирро ба кор
бубаред хам, он чи ки Худованд
мехохад хамон мешавад, дигар
чорае нест. Хеч гох нагуед, ки
«агар ин хел мекардам, он хел
мешуд», ки ин сухан аз як ширке
беш нест. Ва аз марг низ чои
гурезе нест. Бо чи рохе набошад,
у хатман мерасад. Ва инсонро
рузиаш, ки тамом шуд, у дигар
наметавонад, бо рузи каси
дигаре боз зиндаги кунад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 21
Ҳарчи худо хост ҳамон мешавад!