Пас аз Қуръони Карим суханони Паёмбари Акрам(с), ки бо номи “ҳадис” ё “ривоят” маъруфанд, ҳидоятгар ва роҳнамои мусулмонон мебошанд. Ҳадисҳои Паёмбар(с) дар китобҳои фаровоне гирдоварӣ шудааст. Касоне, ки ин ҳадисҳоро ҷамъоварӣ кардаанд, заҳмату ранҷҳои зиёде кашидаанд, то ин суханони роҳнамо аз байн нараванд ва ба наслҳои оянда бирасанд. Ҳамаи қонунҳо ва аҳкоми Ислом дар Қуръони Карим зикр нашудааст ва хеле аз аҳком дар ҳадису ривоятҳо баён шудааст. Бинобар ин, суханони Паёмбар(с) тафсиркунанда ва комилкунандаи Қуръон ба шумор меоянд ва агар мо аз он ғофил шавем, дар ҳақиқат хеле аз аҳкоми дини худро аз даст хоҳем дод.Аз ин рӯ маҷаллаи Оина қасд дорад бо муаррифии китобҳои муътабар ва муҳимми ҳадисӣ, саҳме дар ошно намудани мардум бо ин манобеъ ва тадвинкунандагони он дошта бошад. Бо умеди онки ҳамроҳ бо ошноӣ ба суннати Паёмбари аъзам(с) дар амалӣ кардани он ҳам бикӯшем ва пайрави воқеии он ҳазрат бошем. Бухорӣ кист ?Бухорӣ, Абуабдуллоҳ Муҳаммад бин Исмоил бин Иброҳим бин Муғайра бин Бардзия, Абу Абдуллоҳ Ҷуъфӣ маъруфтарин муҳаддис ва нависандаи асари муҳимми ҳадисии Алҷомеъуссаҳеҳ маъруф ба «Саҳеҳи Бухорӣ» мебошад.Таърих ва маҳалли таваллудБухорӣ дар рӯзи 31 –Шавволи соли 194 ҳ.қ. дар Хартанг, яке аз деҳаҳои Бухоро ба дунё омадааст. Дар хурдсолӣ падарашро, ки ровии муътабари ҳадис буд, аз даст дод ва модараш тарбияти ӯро ба ӯҳда гирифт. Ӯ дар ҳамон даврон биноияшро аз даст дод, вале бо дуои модараш онро боз ёфт[1].Таҳсилот:Таҳсил ва фаро гирифтани илмро аз синни даҳсолагӣ оғоз кард ва дар бистсолагӣ барои фаро гирифтани улум аз ватани худ ба сафарҳои илмии худ оғоз кард.Сафарҳои илмӣ:Бухорӣ дар ҷустуҷӯи ҳадис ба расми бештари олимон ва муҳаддисони рӯзгор, сафарҳои дуру дароз кард ва дар шаҳрҳои Хуросон, Ҷибол, Ироқ, Миср, Шом ва Ҳиҷоз назди устодон ба фарогирии ҳадис пардохт. Ӯ ҳангоми иқомат дар Басра дар мудати 16 рӯз беш аз понздаҳ ҳазор ҳадис ҳифз кард. Дубора ба Шом ва Миср ва Ҷазира ва чаҳор бор ба Басра рафт. Шаш сол дар Ҳиҷоз зиндагӣ кард ва ба Кӯфа ва Бағдод бисёр сафар кард. Ӯ сад ҳазор ҳадис бо санади саҳеҳ ва дусад ҳазор ҳадиси дигарро ҳифз карда буд[2]. Ӯ муддаӣ буд, ки назди беш аз ҳазор шайх, ҳадис шунидааст[3].Мазҳаб:Бо тавваҷӯҳ ба назариёт ва фатвоҳои фиқҳии ӯ, шайх Ҷамолиддин Қосимии Димишқӣ бо баҳрагирӣ аз унвонҳои бобҳои китоби Саҳеҳ Бухорӣ, ӯро дорои маслаки мустақил донистааст.Ба ақидаи муҳаққиқон наметавон Имом Бухориро пайрави яке аз мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат ё мазҳаби машҳури дигар донист. Дар ҳақиқат ӯ маслаки фиқҳии хос дошт, ба фикри худ иҷтиҳод мекард, ҳар чанд бархе аз пайравони мазоҳиб кушидаанд ӯро пайрави мазҳаби худ муаррифӣ кунанд. Сабкӣ номи ӯро дар китоби худ дар шумори уламои Шофеӣ[4] ва Қозӣ ибни Абияъло дар радифи уламои Ҳанбалӣ овардаанд[5].Таълифот:Осори зиёде дар мавзӯъҳои гуногун аз имом Бухорӣ ба ёдгор мондааст, ки баёнгари талоши ӯ дар ҳифзи маорифи исломӣ аст, кииборатанд аз китобҳои:1) Алҷомеъулсаҳеҳ,2) Алҳиба,3) Ал-илал,4) Алваҳдон.5)Алфавоид6) Алмабсут,7) Алканӣ,8) Ал ашриба,9) Тафсири кабир,10) Таърихи кабир,11) Таърихи васат,12) Таърихи сағир,13) Асомиуссаҳоба,14)Ал ҷомеъул кабир,15) Биррул волидайн,16)Хулқул афъолил абд,17) Ал-муснадул-кабир18)Ал адабул муфрад,19) Ал қироат халфал имом20) Рафъул ядайн фиссалот,Аҳамияти нигоштаҳои ҳадисӣ:Шинохти китобҳои ҳадисӣ фоидаҳои зиёдеро барои донишҷӯён ва муҳаққиқон хусусан барои доншҷӯёне, ки бо риштаи улуми ҳадис сару кор доранд, дар бар дорад.Аз он ҷо ки ҳадис ба унвони дуввумин манбаи дин баъд аз Қуръон мебошад, дорои аҳамияти фаровоне аст.Китобҳои ҳадисӣ инъикос- кунандаи ривоётанд, монанди маъданҳое ҳастанд , ки ганҷҳои қиматбаҳо доранд.Китобҳои ҳадисӣ зимни ошно кардани мо бо ин ганҷҳо, моро дар ҷиҳати дастёбӣ ба мизони эътибори онҳо барои муроҷеа ва мустанадсозӣ ва парҳез аз муроҷеа ба манобеи заиф ва кам аҳамият, ёрӣ мерасонанд.Китобҳои ҳадисӣ оинаи ҳақиқии мероси ҳадис аст ва моро бо ончи дар таърихи ҳадис ва давраҳои он руй дода аст, ошно месозад.Муаррифии китоби Саҳеҳ БухорӣБухорӣ барои таълифи ин китоб 16 сол вақт сарф кард ва аҳодиси онро аз миёни 60000 ҳадис ҷамъоварӣ намуд, ки ба ақидаи худаш ин аҳодис сиҳат ва тавсиқ доранд[6]. Тибқи таҳқиқи анҷом шуда Саҳеҳ Бухорӣ дорои 77 китоб ва 3792 боб буда ва иборат аз 7008 ҳадис аст. Аммо тибқи навиштаи Донишномаи ҷаҳони Ислом, Саҳеҳ Бухорӣ дар 98 китоб ва 3450 боб тадвин шуда ва теъдоди аҳодиси он бо ҳазфи такрориҳо ба гуфтаи ӯ ва Нававӣ ҳудуди 4000 ҳадис аст, аммо ба ақидаи Ибни Ҳаҷар 2761 ҳадис мебошад[7].Шарҳҳои саҳеҳ БухорӣТо кунун 59 шарҳ (тамом ё нотамом) бар Саҳеҳ Бухорӣ навишта шудааст, ки ёздаҳ шарҳ аз онҳо чоп шудааст. Ба илова 29 тан барои он поварақӣ ва шонздаҳ тан муқаддима навиштаанд ва понздаҳ тан онро хулоса кардаанд. Аз ҷумла шарҳҳои Саҳеҳ Бухорӣ иборатанд:«Аълому сунан» шарҳи имом Абу Сулаймон Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Иброҳим ибни Хаттоби Албатӣ, Алхаттобӣ мутавффои 338 ҳ- қ.«Фатҳулборӣ шарҳи Саҳеҳ Бухорӣ» навиштаи Ҳофиз Шаҳобуддин ибни Ҳаҷари Асқалонӣ мутаваффои 852 ҳ-қ. Уламои ҳадис онро беҳтарин шарҳи китоб донистаанд.«Умдатулқорӣ» фи шарҳил- Бухорӣ таълифи Муҳаммад ибни Аҳмади Айнӣ мутаввафои 855 ҳқ.«Иршодуссорӣ фи шарҳил – Бухорӣ» аз Аҳмад ибни Абибакри Қасталонӣ мутаввафои 223 ҳ – қ.Шарҳи Абу Зайд Абдулқодир ибни Алии Фосӣ. Саҳеҳ Бухорӣ аз дидгоҳи донишмандон:Аз дидгоҳи аҳли суннат Саҳеҳ Бухорӣ арзиши бисёре дорад. Имомони ҳадис дар фазоили ӯ бисёр сухан гуфтаанд, баъзеҳо иддао кардаанд, ки дар илми ҳадис касе донотар аз Бухорӣ нест. Муслим гуфтааст: Ман шаҳодат медиҳам, ки монанди ӯ дар дунё вуҷуд надорад.Уламо иттифоқ кардаанд, ки саҳеҳтарин китобе, ки навишта шудааст Саҳеҳ Бухорӣ ва Саҳеҳ Муслим аст ва низ ҷумҳури уламо иттифоқ бар ин кардаанд, ки Саҳеҳ Бухорӣ саҳеҳтар аст ва низ фоидааш бештар. Ҳофиз Алии Нишопурӣ мегӯяд: Саҳеҳ Муслим саҳеҳтар аст[8]. Соҳаиби китоби Умдатулқорӣ шарҳи Саҳеҳ Бухорӣ мегӯяд: Уламои шарқ ва ғарб иттифоқ доранд, ки баъд аз китоби Худо саҳеҳтар аз Саҳеҳ Бухорӣ ва Муслим вуҷуд надорад ва баъзеҳо Саҳеҳ Муслимро бар Саҳеҳ Бухорӣ тарҷеҳ додаанд, вале ҷумҳури уламо Саҳеҳ Бухориро бар Саҳеҳ Муслим тарҷеҳ доданд ба хотири ин ки фоидаи Саҳеҳ Бухорӣ нисбат ба Саҳеҳ Муслим бештар аст[9].Абу Зайди Марвазӣ мегӯяд: Ман дар байни рукн ва мақом хоб будам, Набии Мукаррами Исломро дар хоб дидам, Паёмбар(с) ба ман гуфт: То ба кай китоби Шофеиро тадрис мекунӣ ва китоби маро тадрис намекунӣ? Гуфтам эй Расули Худо(с) китоби ту кадом аст? Гуфт: Ҷомеи Муҳаммад ибни Исмоил[10].Заҳабӣ дар китоби Таърихул -Ислом менависад, ки Саҳеҳ Бухорӣ бузургтарин ва бо фазилаттарин китоб аст баъд аз китоби Аллоҳи Таоло[11].Заҳабӣ ҳангоми зикри баъзе аҳодиси он мегӯяд: Агар ҳайбати Саҳеҳ Бухорӣ набуд мегуфтам ин аҳодис ҷаълӣ аст[12].Ба гуфтаи Имомулҳарамайн агар касе қасам бихӯрад тамоми аҳодиси Саҳеҳайн (Саҳеҳ Бухорӣ ва Саҳеҳ Муслим) мутобиқ бо воқеъ ва каломи расули Худо(с) аст, қасами ӯ дуруст аст ва каффорае бар ӯ нест, зеро ҳамаи уммати исломӣ дар сиҳати онҳо иттифоқ доранд[13].Муҳаммад Абурайя мегӯяд: Аз ин рӯ бисёри ҳофизони аҳодис онро бидуни таҳқиқ пазируфтаанд ва ҳатто гуфта шудааст, ки таслими комил дар баробари аҳодиси Саҳеҳ Бухорӣ аз усули имон ва аркони Ислом аст[14].Бухорӣ ҳеҷ ҳадисеро дар китоби худ наёвардааст магар ин ки пеш аз навиштани ҳадис ғусл карда ва ду ракъат намоз хондааст[15].Ибни Таймия мегӯяд: Аҳли илм иттифоқи назар бар ин доранд, ки баъд аз Қуръон саҳеҳтарин китоб Саҳеҳ Бухорӣ ва Саҳеҳ Муслм аст[16].Алоӣ мегӯяд: Имомони ҳадис иттифоқи назар бар ин доранд, ки ҳар он чизеро Бухорӣ ва Муслим дар китобашон иснод додаанд, пас он чиз саҳеҳ аст ва набояд дар мавриди он изҳори назар шавад[17].Бо вуҷуди инки аксари уламои аҳли суннат Саҳеҳ Бухориро баъд аз Қуръони Карим беҳтарин китоб муаррифӣ кардаанд, баъзе аз бузургони ҳадис аз аҳли суннат хусусан Ҳофизи Доруқутнӣ ба нақди он пардохтааст ва ин ақидаро, ки аҳодиси он саҳеҳтарин аҳодис ба шумор меравад, мавриди муноқиша қарор додааст.[18] Бахши муҳимми ин эрод аз ҷумла бештари эродҳои Ҳофизи Доруқутнӣ ба риҷоли асноди Бухорӣ аст.[19] Абурайя мегӯяд: Бухорӣ бо вуҷуди инки баъзе аз бузургони хонадони Пайғамбар(с) монанди имом Боқир ва имом Содиқ(рҳ) -ро дарк кардааст, вале ҳеҷ ҳадисе аз онҳо нақл накардааст.[20] Аз дигар нишонаҳои заъфи ин китоб тақтеъ ё такрори теъдоди бисёри аҳодиси он аст. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ мегӯяд : Сабаби ин ки баъзе аз уламои мағриб ва Абуаълои Нишопурӣ Саҳеҳ Муслимро бар Саҳеҳ Бухорӣ тарҷеҳ додаанд, ҳамин амр -яъне тақтеъ ё такрори бисёре аз аҳодис -ва низ диққати Муслим дар навиштани лафзҳои ҳадис буда аст, зеро Муслим аҳодисро тақтеъ намекардааст. Эроди дигаре низ бар Саҳеҳ Бухорӣ кардаанд, ки вай ба нақли алфози аҳодис муқайяд набуда ва гоҳе баъзе аҳодисро нақли ба маъно кардааст.Таърих ва маҳалли вафоти Имом БухорӣИмом Бухорӣ дар соли 256 ҳ.қ. дар синни 62 солагӣ дар зодгоҳи худ деҳкадаи Хартанг, ки яке аз деҳоти Бухоро аст вафот намуда ва дар ҳамон ҷо ба хок супурда шуд.
#Ислом
https://youtube.com/c/UZAYRPRODUCTION Пожалуйста подписатсия мне канал
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев