Ба ҳар ҷо, ки сафар кардем ва ба ҳар маконе, ки фурӯд омадем, беҳтар аз хонае, ки дар он хушбахтӣ соя андохтааст, наёфтаем. Хонаи хушбахт хонаест, ки дар он душманӣ ва даргирӣ вуҷуд надорад, на суханони сахту таънаомез шунида мешавад ва на сарзанишҳои талх. Хонаест, ки афроди хонавода ба он паноҳ мебаранд ва дар он оромишу осоишро меёбанд. Масъулияти эҷоди хушбахтии муҳит бар дӯши волидайн қарор мегирад, вале дар ин навишта мехоҳем мушаххас кунем, ки чӣ гуна зан метавонад бо зиракӣ ва донишу хушрафтории худ шавҳар ва хонаводаашро хушбахт созад.Ба ёд дошта бош, ки ту масъули саодати шавҳар ва фарзандонат ҳастӣ ва бидон, ки агар шавҳар аз ту розӣ бошад, вориди биҳишт хоҳӣ шуд. Пайғамбар (с) фармудааст: «Агар зане дар ҳоле вафот кард, ки шавҳараш аз ӯ розӣ аст, пас вориди биҳишт мегардад».Шавҳаратро ба амале болотар аз тавонаш водор макун ва хостаҳоятро якбора ба ӯ таҳмил масоз, то дар машаққат наяфтад ва аз ту фирор накунад. Агар бар хостаҳоят бештар пофишорӣ кунӣ, ҳамаи онҳо ва ҳатто худи туро бе ҳеч таассуфу пушаймонӣ рад мекунад. Ин гуфтаи Умар ибни Абдулазизро ба ёд дошта бош, ки ба фарзандаш гуфт: «Ман аз ин метарсам, ки мардумро якбора ба ҳамаи корҳои ҳақ водор созам ва онҳо ҳамаи ҳақро рад кунанд ва напазиранд». Аз Алӣ (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Худованд занеро, ки бо ҳамсараш муомилаи сода ва зарифона дорад ва худро аз дигарон нигоҳ медорад, дӯст медорад».Ӯро маҷбур масоз, ки тамоми сифатҳои нек ва писандидаро дар худ дошта бошад, зеро бисёр нодир ва камёб аст, ки ҳамаи ин сифот дар як нафар ҷамъ шавад. Ҳангоме ки як мард бо зане издивоҷ мекунад, сурати ширину ҷаззобашро дар зеҳни худ ҷой медиҳад ва мехоҳад ин тасвири ҷаззобро дар тӯли зиндагияш нигоҳ дорад. Пас, ин тасвири зеборо, ки дар зеҳнаш вуҷуд дорад, бад ва зишт масоз. Зебоию шодобӣ, зарофату раъноӣ ва ширинии суханонатро ҳифз намо. Дар назди ӯ бо садои ноҳинҷор сухан магӯ ва суханони беодобона ба забон маёвар. Агар чунин кардӣ, пас бидон, ки тасвиратро дар нигоҳи шавҳарат беарзиш кардаӣ. Пайғамбар (с) дар васфи зани некӯкор чунин мефармояд: «Ва чун шавҳараш ба ӯ нигоҳ кунад, ӯро шодоб мегардонад».Диндориятро ҳифз кун ва дар риояи сатр кӯшо бош. Бидон, ки шавҳарат бар ту ғайрат дорад ва бисёр ҳарис аст, ки касе туро набинад, чуз касоне, ки дидани ту барои онҳо ҳалол аст.Шабонгоҳ қабл аз омадани шавҳарат ба хона худатро ороиш деҳ, то туро дар беҳтарин ҳолат бубинад. Либоси зебо ва шоиста бипӯш ва аз атру хушбӯиҳо ва ҷавоҳироте, ки ба ту ҳадя кардааст, худро биорой, чунки ӯ дӯст медорад, ки асари ҳадяашро дар ту бубинад ва ҳамон гуна бош, ки ба дидори дӯстонат ва қавму хешовандонат меравӣ.Вақте шавҳарат дар хона аст, худро ба корҳои хона машғул масоз, зеро ҳангоме шавҳарат ба хона меояд, тамоми аъмол ва корҳои назофату покӣ ва назму тартиб хастакуннада ва малоловар ба назар меояд, пас туро ё фақат дар ошпазхона мебинад ё дар либосшӯӣ ва корҳои дигар. Дар вақти ғоиб буданаш ба ин корҳо бипардоз.Ба беҳтарин ваҷҳ хонаатро мураттаб кун ва онро бо тоблуҳо ва қитъаҳои тазйинӣ биорой.Бо орзуҳо ва эҳсосоте, ки қабл аз издивоҷ дар сар доштӣ, ҳасрат мабар, зеро ин эҳсосот ва авотиф баъд аз издивоҷ ором ва таскин мешаванд.Агар мард дар равобити заношӯӣ ҳарфи аввалро мезанад, пас ту масъули созиш ва муваффақият дар издивоҷ ҳастӣ ва ҳар вақте ки ба донишу фарҳанг ва мақоме расидӣ, барои шавҳарат фурӯтан бош, дар раъйу назари худ бо ӯ даргир машав, ба табодули афкор бо шавҳарат таваҷҷуҳ кун, зеро радду бадал кардани назароти самарбахш беҳтар аст аз андешаи яктарафае, ки боиси нобудӣ шавад. Ҳамеша ин эҳсосотро дар шавҳарат эҷод кун, ки ту дар эҳсосот ва хушиҳову ғамҳояш бо ӯ мушоракат мекунӣ. Саъй кун, ки ӯ эҳсос кунад дар биҳиште ором ва роҳат зиндагӣ мекунад, то бо фароғи хотир ба амалу шуғли худ бипардозад.Суханони ширину муфид, лабханди дурахшону зебо ва шӯхиҳои зиндакунанда ва дилпазирро барои шавҳарат истифода бар ва аз ғаму андӯҳ ва суханони беҳудаву пуч дурӣ кун.Маҳорату бартарии худро ба шавҳарат нишон деҳ, зеро ин амал таваҷҷӯҳи ӯро нисбати ту зиёд хоҳад кард.Вақти худро дар гуфтугӯҳои телефонӣ бо дӯстонат ва ё бо хондани рӯзномаву маҷаллаҳои беарзиш ва достонҳои ошиқона зоеъ макун. Мутаассифона дар рӯзгори мо ин навъ рӯзнома ва маҷаллаҳо зиёданд ва бисёре аз занону хоҳарон вақти гаронбаҳои худро дар хондани он барбод медиҳанд. Рӯзномаҳоеро мутолиа кун, ки ба зеҳну ақлат суд бахшида донишу фарҳанги туро меафзоянд ва дар ҳалли мушкилоти хонаводагӣ ба ту кӯмак мерасонанд.Аз барномаҳои телевизион ҳамонеро интихоб намо, ки ба ту фоида мерасонанд ва боиси афзоиши фарҳангу маҳорати ту мешаванд, вақти худро дар тамошои сериалҳои беарзиш ва филмҳои паст зоеъ макун.Шавҳаратро барои фаъолиятҳои варзишию баданӣ берун аз хона ташвиқ кун ва агар тавонистӣ ва ё фурсате пайдо шуд, бо ӯ дар рӯзҳои истироҳат дар ҳавои озод роҳ бирав.Вақтҳои муносиберо ҷиҳати баёни мушкилоти хонавода ва гуфтугӯ барои ҳалли онҳо интихоб намо, зеро ҳалли мушкилот ҳангоми субҳ ва қабл аз рафтани шавҳарат ба кор ба сабаби тангии вақт мушкил мешавад, инчунин ҳангоми бозгаштани ӯ аз кор ба сабаби хастагӣ ба гуфтугӯ ҷиҳати ҳалли мушкилоти хонавода иқдом макун. Шояд, ки беҳтарин фурсат барои гуфтугӯ дар мавриди мушкилот вақти шаб бошад. Дар ҳузури бачаҳо мушкилоти хонаро ҳал накунед, то дар онҳо асари бад нагузорад.Ба муҷарради дохил шудани шавҳарат ба хона аз корҳои беарзише аз қабили доду фарёди бачаҳо шикоят макун ва аз ӯ талаб махоҳ, то онҳоро бизанад.Дар муқобили бачаҳо аз роҳу равиши шавҳарат интиқод макун ва алфози номуносиберо, ки мумкин аст бачаҳо онро баъдан такрор намоянд, ба забон маёвар, аз қабили «дев омад», «духтурро фарёд мекунам» ва ғайра. Баъзе занон ҳангоме ки фарзандашон дар ёдгирӣ танбалӣ мекунад, ба ӯ мегӯянд: «Ту аслан дар зиндагият муваффақ намешавӣ, ту ҳам монанди падарат танбалу шикастхӯрдаӣ». Ҳар гоҳ шавҳараш бо ҷиддият достоне ривоят кунад, мегӯяд: «Онро қаблан шунидаам». Ин умур агарчи дар зоҳир беарзишу хурд ҳастанд, аммо дар воқеъ барои шавҳар дардҳои бисёреро ба бор меоранд.Аз зиёдаравӣ дар таассуб ва итоби бисёр барҳазар бош ва аз аъмоле, ки боиси шӯълавар шудани ғайрату таассуби шавҳарат ва парешонии афкори ӯ мешавад, дурӣ кун. Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар ибни Абӯтолиб духтарашро васият карду гуфт:«Аз таассуб барҳазар бош, чунки калиди ҷудоӣ аст ва аз итоби бисёр низ дурӣ кун, зеро боиси пайдо шудани кина мешавад». Аз ҳасад бурдан ба муҳаббати шавҳарат нисбати падару модараш барҳазар бош. Чӣ гуна қабул кунем, ки зани мусалмон зиндагияшро бо ҳасаду таассуб нисбати муҳаббати шавҳараш ба волидайн оғоз кунад, дар сурате, ки ин муҳаббат фитрӣ аст ва Худованд онро бар мусалмонон воҷиб кардааст. Чӣ гуна метавонем аз зани мусалмон қабул кунем, ки ба шавҳараш тавре рафтор кунад, ки зиндагии худро бо маъсияти Худову Пайғамбар (с) ва сарпечӣ аз аҳкоми шариат шуруъ кунад ва аз ӯ бихоҳад, ки волидайнашро нофармонӣ кунад, дар натиҷа шавҳар иртиботи самимии худро бо хонавода ва волидайн ба хотири ризои занаш қатъ намояд. Ин ҳамон чизест, ки Расули Худо (с) аз омадани он дар оянда ва тағйири ҳоли мусалмонон ва ахлоқи онҳо хабар дода, фармудааст: «Мард аз занаш итоат мекунад ва аз модараш нофармонӣ мекунад, ба дӯст некӣ ва ба падар ситам мекунад».Мушкилоти хонагиро ба аҳли хонавода вогузор макун, ки боиси хашмгин шудани онҳо бар зидди ҳамсарат мегардӣ, балки саъй кун, то мушкилоти хонаро бо ҳамкории шавҳарат ҳал кунӣ. Агар аз ӯ ғанитар будӣ ва ё аз ҷиҳати аслу насаб ё илму фарҳанг аз ӯ болотар будӣ, ӯро хору залил ва ҳақир машумор, зеро ночизу ҳақир шумурдани мақому манзилати шавҳар ва бартарӣ додани зан бар ӯ аз нигоҳи шариат ноҷоиз аст. Расули Худо (с) мефармояд: «Худованди Мутаъол ба зане, ки аз шавҳараш сипосгузор нест, дар ҳоле ки ба ӯ ниёзманд аст, назар намекунад».Шавҳаратро аз муоширатҳои заношӯӣ манъ макун. Расули Худо (с) мефармоянд: «Ҳар гоҳ мард занашро ба ҳамбистар шудан даъват кард, аммо ӯ наёмад ва шавҳар бо нороҳатӣ шабро гузаронд, малоика он занро то субҳ лаънат мекунанд». Бидон, ки аввалин ҳаққи завҷ бар завҷааш итоати зан аз ӯст. Расули Худо (с ) мефармоянд: «Агар қарор буд, ки дастур диҳам, то шахсе шахси дигареро саҷда кунад, ба зан дастур медодам, то шавҳарашро саҷда кунад». Ҳатто рӯзаи нафлӣ ҳам бидуни иҷозати шавҳарат нагир. Расули Худо (с) мефармоянд: «Барои зан ҳалол нест, ки бидуни иҷозати шавҳараш рӯзаи нафлӣ бигирад».Фазлу бузургии шавҳаратро нисбат ба худат фаромӯш макун, зеро тибқи ҳадиси Расули Худо (с) фаромӯш кардани фазли шавҳар яке аз сабабҳои ворид шудани зан ба оташи дӯзах мебошад. Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Оташи дӯзах ба ман нишон дода шуд, дар он ҳангом бештари аҳли он занони ношукр ва носипос буданд. Гуфтанд: Оё ба Худо куфр варзиданд? Фармуд: Ба завҷи худ носипосӣ карданд ва куфрони некӣ карданд, агар ба яке аз онҳо ба андозаи дунё некӣ мекардӣ, сипас мегуфтӣ, ки аз ту чӣ дидааст, дар ҷавоб мегӯяд: Заррае хайр аз ту надидаам».Аз амволи шавҳарат чизеро инфоқ макун, магар бо иҷозати худи ӯ ва баъди итминон аз ризояти ӯ. Расули Худо (с) мефармоянд: «Ҳеҷ зане чизе аз хонаи шавҳараш инфоқ накунад, магар бо иҷозати ӯ».Гуфтанд: Эй Расули Худо (с), ҳатто ғизо? Фармуд:«Он ки аз бартарин амвол аст».Ҳар гоҳ ҳамсарат дар тангно ва мушкилоти моддӣ қарор гирифт, аз молат ба ӯ садақа бидеҳ ва агар моле надоштӣ, пас бар душворӣ ва сахтии зиндагӣ сабр кун, то Худованд барои шумо чорае ва кушоише фиристад.Агар аз ҷумлаи модарони коргар ва машғули кор ҳастӣ, пас фикр накун, ки тамоми он чи шавҳару фарзандонат ба он ниёз доранд, танҳо молу сарват аст, пас модар дар ивази кӯтоҳияш дар анҷоми вазоифи инсонӣ ба онҳо моли фаровон сарозер кунад. Бисёр дур бод аз ту ин фикр, ки шири маснуъиро бо шири худододӣ ва табиъии модар яксон кунӣ ва ё меҳру шафқати хидматгорзанро бо меҳрубонии модар яке бидонӣ, ё ғизои хидматгорзани тарбиятнодидаро бо ғизои поки зан ва ё тарбияти мураббии нодонро бо тарбияти модари огоҳ ва доно яксон бидонӣ.Аз кори шавҳарат эъломи безорӣ макун, зеро бадтарин чизе, ки баъзе занон онро анҷом медиҳанд, эъломи безорӣ аз кори шавҳарашон аст ва ин амал боиси ба вуҷуд омадани бадбахтӣ, одат кардан ба шикоят ва муттаҳам кардани шавҳар ба сустию бетаваҷҷуҳӣ нисбат ба ҳамсар мегардад, дар натиҷа бо асабоният ба хонаи модараш паноҳ мебарад.Ба ёд дошта бош! Шавҳаре, ки мехоҳад, то рафтанашро касе бубинад, дар андешаи занест, ки аввалин шуда аз хобаш бедор мешавад, сипас тамоми касонеро, ки дар он хона ҳастанд, бедор мекунад ва барояшон ғизо омода месозад ва бо кӯдакон дар пӯшидани либосҳояшон ҳамкорӣ мекунад. Чунин шавҳар аз зане, ки одаташ то баланд шудани офтоб хобидан аст, хушнуд намегардад.Бидон, ки хонаи пур аз муҳаббату самимият ва эҳтирому қадрдонии якдигар ҳамроҳ бо таоме, ки аз миқдори каме нону об иборат аст, беҳтар аст аз хонае, ки аз анвоъи гӯштҳои гуногун ва ғизоҳои иштиҳоовар пур, вале аз бадбахтӣ ва адовату душманӣ моломол аст.
#Ислом
https://youtube.com/c/UZAYRPRODUCTION Пожалуйста подписатсия мне канал
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев