★
қисса мекунад бародари мо!
Дар синфи ёздаҳум мехондам, ки ба синфи
мо духтараки зебочеҳраеро оварда гуфтанд, ки
ин ҳамсинфи нави шумост. Мани шӯху беқарор
ва аз назари устодон беодоб бо як нигоҳ ошиқи
ҳамсинфи навам Шӯъла гаштам. Шӯъла дар
ҳақиқат ҳам, мисли шӯълаи оташ зебо ва
равшан буду ба дилҳо гармию тароват
меовард. Ба хотири писанд омадан ба ин
духтараки нозанин, ки падараш ба ноҳияи
мо ба ҳайси муовини раиси ноҳия ба кор
омада буд, ман ба бачаи аълохону боодоб табдил
ёфтам. Шӯълаи соҳибҷамол ба як нигоҳ
ними
бачаҳои хунгарми мактабро сӯзонида бошад
ҳам, ишқи касеро қабул накард. Аммо ман
байни китобҳояш мактубҳои пур аз шеърҳои
ошиқона монда, дилашро ёфтам. Як шоми
моҳтобӣ ману Шӯъла дар зери маҷнунбеди
назди чойхонаи ноҳия ба ҳамдигар рози
дил гуфтем ва ҳамин тавр тез-тез вомехӯрдем.
Мулоқотҳои мо аз 15- 20 дақиқа зиёдтар
давом намекард ва ман, ҳатто ҷуръате надоштам,
ки дастони сафеду нармакаки маҳбубаамро
бибӯсам. Ҳамин тавр мактабро хатм
кардему ҳар ду ба шӯъбаи ғоибонаи факултаи
иқтисодии донишгоҳи бонуфузе ҳуҷҷат
супорида, донишҷӯ шудем ва ман
хостгорҳоямро ба хонаи дӯстдоштаам
равон кардам. Волидонам хурсанд буданд, ки дили
духтари раиси ноҳияро ба даст овардаам,
зеро пас аз чанд моҳ падари Шӯъларо раиси ноҳия
интихоб намуданд. Хусусан модарам назди
ҳама таъриф мекард, ки бо андак-мандак шахс
не, бо раиси ноҳия қудо мешавад! Аҳли
хонаводаи Шӯъла хостгоронро ба хубӣ пешвоз
гирифтанд ва чун аз духтарашон
фаҳмиданд, ки хостгорон аз ҷониби ҷавони дӯстдоштааш ҳастанд, моро фотеҳа карданд. Модари Шӯъла
рус буд ва дар дармонгоҳи ноҳияамон
сардухтур шуда кор мекард, аммо сару
либоси миллӣ ба бар намуда, забони тоҷикиро аз
баъзе тоҷикон дида хубтар медонист. Бинанда
ҳеҷ гумон намекард, ки Кароматхон Назирова,
замоне Клавдия Михайловна будааст.
Хусурам ҳангоми хизмати аскарӣ ба зан ошиқ шуда,
ӯро ба Тоҷикистон оварда ному насабашро низ
тоҷикӣ мекунад. Онҳо ҳамагӣ ду фарзанд
доштанд Шамс ва Шӯъла. Писарашон Шамс
донишгоҳро дар Маскав ба охир расонида,
ҳамон ҷо ба духтараки хуҷандие хонадор
шуда, ба кор медарояд. Ягона нури чашми
волидон Шӯъла буд ва бо тӯйи бошукӯҳи осмонкаф
ӯро ба хонаи бахташ гусел карданд.
- Мехоҳам, ки Шӯъла ва Азиз ба ман набераҳои
зиёде тақдим кунанд, ки аз наберабонӣ
монда шавам, - гуфт шаби тӯй хушдоманам.
Зиндагии ману арӯсам хеле зебо оғоз ёфт,
азбаски ман ҳам писари ягонаи оила будам,
волидону апаҳоям бо сад умед ба мо
менигаристанд. Бо тавсияи хусурам мо ба
кор баромадем, ман дар ҳукумат, Шӯъла бошад,
дар шӯъбаи фарҳанги ноҳия ба ҳайси
ҳисобдор ба кор шурӯъ намудем. Шӯълаи ман ҳеҷ гоҳ аз
духтари шахси аввали ноҳия буданаш
ифтихор намекарду тамоми корҳои хонаро ба сомон
мерасонд. Ӯ субҳи барвақт аз хоб хеста,
наҳҳориҳои бомазае тайёр мекард, ки
волидонам аз таърифаш сер намешуданд.
Рӯфтану шӯстан, дӯхтану пухтанро ба дараҷаи
олӣ аз худ карда буд. Ҳар рӯзи якшанбе
апаҳоям бо навбат ширинихурӣ меомаданд,
зеро занам дар пухтани шириниҳо ҳамто
надошт. Бо хости Худованд пас аз як соли
тӯямон мо соҳиби ду писари дустрӯ гаштем. Бо
маслиҳати калонсолон ба онҳо Дилшоду Иршод ном гузоштем, аммо ин шодиҳоро ғаме дар камин будаасту пас аз шаш моҳа гаштани тифлаконамон хусурам дар садамаи автомобилӣ ҳалок гашт. Ғаму сӯзи ҳамсару хушдоманамро тасвир карда намешавад,
пас аз додани чили хусурам бародари занам ҳавлии бошукӯҳашонро ба фурӯш гузошт, тез харидор ёфт шуд ва ӯ модарашро ҳамроҳаш ба пойтахт бурд, то ду хонаи дар пойтахт доштаашонро низ фурӯхта, ба Русия раванд. Ҳамин вақт модарам аз бом тароша афтодагӣ барин ба
занам гуфт, келин, ту ба мероси падарат ҳақ надорӣ? Бигузор бародарат як хонаи дар Душанбе бударо ба ту диҳад! Шӯъла бо
ранги парида ва ҳоли табоҳ ҷавоб дод, ки акаам
низ ҳамин хел гуфт, аммо ман нахостам. Бигузор
барои модарам дар Маскав хона харанд,
охир, он ҷо хона хеле қиммат аст. Модарат
ҳамроҳи писараш зиндагӣ кунад, - маслиҳат дод
модари чизпарасти ман. - Очаҷон, охир, кори шумо
ба чизу чораи мардум чӣ? Ман намурдаам, худам
барои зану фарзандонам хона мехарам,-
гуфтам бо ғазаб ва падарам маро
тарафдорӣ
кард…
Аз ҳамон рӯз сар шуд ҷангу ҷанҷоли
модарам, гӯё ӯро иваз карда бошанд, нисбати
Шӯълаи ғамдор хеле номеҳрубон шуда буд.
Хушдоманам хонаҳояшро фурӯхта, ҳамроҳи
писараш ба Маскав рафтанду пас аз чанде
занг зада гуфтанд, ки дар канори ин шаҳри азим
ҳавлии зебое харидаанд ва бо гузашти вақт
ғаму андӯҳашро низ каме фаромӯш кардааст.
Модарам бошад, занамро бо суханҳои
заҳромезу нешдораш азоб медод, Шӯъла хомӯш
буду ҳатто ба ман сирри дил намекард. Як
рӯз занамро бе ҳушу беёд ба беморхона
бурданду табибон баъд аз ташхис ба бемории қалб
гирифтор буданашро гуфтанд.
-Занат сактаи дуюми қалбро аз сар
гузаронид, акнун ӯро эҳтиёт кун писарам, - маро
наздаш хонда гуфт духтур. Ба хона омада, сабаби ба ин ҳол афтидани ҳамсарамро аз модарам
пурсидам, аммо посухе нагирифтам. Вале
субҳ келини ҳамсояамон вориди утоқи кориям
шуда, ба ман воқеаро нақл кард, ки ҳуш аз сарам
парид. - Акаҷон, шумо маро хабаркашу ҷангандоз
напиндоред, модари Шӯъла тифлаки маро
аз марг наҷот дода буду аҳли оилаашон бароям
хеле азизанд, - ба сухан оғоз намуд ҳамсоя
ва илова кард: Ҳамон рӯзи беҳуш шудани
Шӯъла модаратон ӯро ҳақорат доданд. Гуфтанд, ки
очаи уруси ҳаромат ба ту аз мероси падарат
як тини пучак надод, лаънат ба арвоҳи падари
ҳароммурдаат!!! Хушдомани ман барои хап
дорондани модаратон рафту баргашта
омада шавҳари маро барои духтур равон кард.
Шӯъла духтари хуб аст, илтимос, ӯро аз хонаатон
ҷойи дигар баред, ки ягон рӯз аз дасти
модаратон дилкаф мешавад, - маро зорӣ
кард ҳангоми хайру хуш келини ҳамсоя.
Дар дил ният кардам, ки занамро аз духтур
рост ба Маскав мебарам, аммо духтурон
иҷозат надоданд. Пас аз ду рӯзи гуфтугӯям бо
келини ҳамсоя, дили пурорзуи Шӯълаи ман аз
тапиш боз монд. Бародару модараш ба ҷанозаи ӯ
омаданд ва хушдоманам аз ман хоҳиш
кард, ки Дилшоду Иршодро ба ӯ диҳам, бе ҳеҷ дудилагӣ
онҳоро ба хушдоманам додам. Ҳоло бо
модарам гап намезанаму дар хонаи иҷорае
танҳо зиндагӣ дорам, мехоҳам пас аз
додани сари соли Шӯъла тарки ватан карда, назди
кӯдаконам равам, ягона орзуям ҳамин аст.
Бовар кунед, айни ҳол худро на ҷавонмарди
бисту шашсола, балки пири ҳафтодсолае
мепиндорам аз дасти ғаму кулфати қисмат.
Агар кисса маькул шуда бошад бо класс ишора намоед то ки дигарон хам хонанд
Бахтовар Назаров
Агар чунин киссахоро хондан хохед ба ин гурух пайваст шавед. http://m.ok.ru/dk?st.cmd=altGroupMain&st.groupId=53346658812023&_prevCmd=altGroupSearch&tkn=4795#dlgid=http%3A%2F%2Fm.ok.ru%2Fdk%3Fst.cmd%3DaltGroupJoin%26st.groupId%3D53346658812023%26st.frwd%3Don%26st.page%3D1%26_prevCmd%3DaltGroupMain%26tkn%3D3340%23js-dlg&fullscreen=false
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев