Предыдущая публикация
(Форси гӯи дари гӯи варо ҳар чи мегӯи бигӯ..
М,КАНОЪАТ ) Дар хаду сархадшиносии чахон,
Сарҳади точик забони тоҷик аст.
То забон дорад ватандор аст ӯ,
То забондор аст бисёр аст ӯ. !Бозор
Заҳр Бодо шири модар бар касе,
К ӯ забони модарӣ гумкардааст!/ Лоиқ
#маданият
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 18
бехтарин суханхо.
БОЗОР СОБИР /Забони точики Комати кутохи мангит
...ЕщёАз манори каллаи ахли Хуросон шуд баланд.
Пастии сахрои Кипчок
Аз баландии Бадахшон шуд баланд.
Халки точик,
Халки ормон
Об дар чашм
Чун ятимон,
Дар лабаш хашм
Чун асирон.
Аз Ватан то бар кафан хар буду нобуде, ки буд
Бар кафанталбу ватанталбандагон бахшиду дод.
Душмани дарвеши худро
Шоху доро карду худ дарвеш шуд.
Лек лафзи модариаш хамчу номи модараш,
Дар дахону дар забонаш монд, монд.
Хар сухан бо шири модар,
Сахт шуд дар устухонаш монд, монд.
Худ ба худ дар гушаи хоки диёр,
Аз чудои, аз гариби
У гиристу гиряхо бар обшорон ёд дод,
Лафзи кухистоние бар боду борон ёд дод.
Рудхоро Рудакидон кард у,
Бодхоро Анварихон кард у.
Рузи ноободиаш точик забон обод кард,
Дар забонаш давлати бедавлати бунёд кард.
Давлате аз харфи вазнин,
Давлате аз шеъри рангин,
Аз чунон шеъре, ки хар як мисрааш,
Чуяе аз хоки сарбозони уст,
Торае нуре аз оташи
БОЗОР СОБИР /Забони точики Комати кутохи мангит
Аз манори каллаи ахли Хуросон шуд баланд.
Пастии сахрои Кипчок
Аз баландии Бадахшон шуд баланд.
Халки точик,
Халки ормон
Об дар чашм
Чун ятимон,
Дар лабаш хашм
Чун асирон.
Аз Ватан то бар кафан хар буду нобуде, ки буд
Бар кафанталбу ватанталбандагон бахшиду дод.
Душмани дарвеши худро
Шоху доро карду худ дарвеш шуд.
Лек лафзи модариаш хамчу номи модараш,
Дар дахону дар забонаш монд, монд.
Хар сухан бо шири модар,
Сахт шуд дар устухонаш монд, монд.
Худ ба худ дар гушаи хоки диёр,
Аз чудои, аз гариби
У гиристу гиряхо бар обшорон ёд дод,
Лафзи кухистоние бар боду борон ёд дод.
Рудхоро Рудакидон кард у,
Бодхоро Анварихон кард у.
Рузи ноободиаш точик забон обод кард,
Дар забонаш давлати бедавлати бунёд кард.
Давлате аз харфи вазнин,
Давлате аз шеъри рангин,
Аз чунон шеъре, ки хар як мисрааш,
Чуяе аз хоки сарбозони уст,
Торае нуре аз оташи зардуштони уст.
Гуё чун сайди мачрух
У чарохатхои худро
Гаштаву баргашта лесид,
Бо забони худ даво кард.
Дар сарояш точик аз бахти нагун,
Гарчи бо гарби мусулмон, хамрасо буд.
Хамрасулу хамхудо буд,
Дар забон аммо чудо буд.
Аз сари сад минбар афтоданд нозирхои у,
То наафтанд аз забони хештан.
Дар сари сад дор чон доданд шоирхои у
То наафтад бар замин кадри сухан!
Дар хаду сархадшиносии чахон,
Сархади точик забони точик аст.
То забон дорад ватандор аст у,
То забондо аст бисёр аст у.
Ҳар кӣ дорад дар ҷаҳон гумкардае,
Дар замину дар замон гумкардае.
Ин нишон гумкардаеву дигаре
Хештанро бенишон гумкардае.
Ин яке бахти ҷавон гум кардааст,
Дигаре ганҷи равон гум кардааст,
Ин яке гар ними нон гум кардааст,
Дигаре ними ҷаҳон гум кардааст.
Ин яке ҷону ҷигар гум кардааст,
Он яке шӯру шарар гум кардааст.
Ин яке гум карда гар моли падар,
Дигаре панди падар гум кардааст.
Гар яке бому даре гум кардааст,
Дигаре ному фаре гум кардааст.
Он забони ҳамдилӣ гум кардааст,
Ин забони модарӣ гум кардааст...
Ҳар кас ба забони худ сухандон оардад,
Донистани сад забон осон гардад.
САРБАЛАНД БИМОН
МИНАТДОРАМ БАРОИ ИН ХЕЛ МИСРАХОИ ДИЛОШУБИАТ !!!
Қанд ҷӯйи, панд ҷӯйи эй ҷаноб,
Ҳарчи меҷӯйи, биҷӯ,
Бекарон баҳрест, гавҳар беҳисоб,
Ҳарчи меҷӯйи, биҷӯ.
Порсӣ гӯйи, дарӣ гӯйи варо,
Ҳарчи мегӯйи, бигӯ.
Лафзи ишқу дилбари гӯйи варо,
Ҳарчи мегӯйи, бигӯ.
Баҳри ман танҳо забони модарист
Ҳамчу меҳри модар аст.
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,
Чунки шири модар.
З-ин сабаб чун шӯхиҳои дилбарам
Дӯст медорам варо,
Чун навозишҳои гарми модарам
Дӯст медорам варо.
Мӯъмин Қаноат
раҳмонзода қаздонӣ
Эй хушо лафзи баёни форси,
Харфи дил гуяд забони форсии,
Хар, ки хохад бар сари худ точи илм,
Сар нихад бар остони форси,
Точику Авгону Эрон хамзабон хаст
Ливои он забони форси,
Иди Курбон иди Фитр Наврузи мо,
Дилхуши орад ба хони форси,
Аз Раю Дехли Бухорову Хучанд
Бишнави хар дам каломи форси,
Аз Халичи форс то кули Арал
Оби кафсар мулиёни форси,
Аз каломи Рудаки ояд хаме,
Буи чуи мулиёни форси,
Бо адаб бо шеър дар назми башар,
Як милиард байт аз они форси...
Дустон, имруз забони модарии мо бисёр холи табохе дорад
((...забоне, ки барои аъсори мутаволӣ (асрҳои тўлонӣ) забони расмии кишвар буду хаст, забоне, ки донистани он муҷиби ифтихор ва мубоҳот шуморида мешуд, забоне, ки азизтар аз забони мазҳабӣ ба шумор мерафт, забоне, ки забони шеър буд, забони завқ буд, забони дил буд, забони рўҳ буд,имруз дар диёри худ ғариб аст, аҷнабӣ ва ношинос гардида истодааст. Ин достонест ғамангез ва риққатафзое, ки қалам бар он мегиряд...биёед забонамонро гиромӣ дорем, то рузе бароямон аҷнабӣ нагардад!!"ТОЧИКАМ"!!!!!бе ТОЧИКИСТОН ЗИНДАЕМ!!?
Бо густариши ислом доираи забони арабӣ берун аз нимҷазираи Араб густариш ёфт. Мардуми Миср, Лубнон, як қисми Сурияву Ироқ, ки арабзабон набуданд, забони арабиро қабул карданд.
Яке аз хизматҳои шоёни Абӯҳанифа он аст, ки ӯ тавонист мақоми расмии забони форсиро нигоҳ дорад. Ӯ забони форсиро баъди арабӣ забони дуюми ислом эълон кард. Ҳамчунин тафсири Қуръон ва хондани намоз ба форсиро иҷозат дод.
Муҳаммад Ҷаводи Машкур дар ин бобат навиштааст: « Имом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ибни Қайс ибни Марзбон нахустин фақеҳест, ки адои намоз, сиғаҳои шаръӣ ва ҳатто тарҷумаи Қуръонро ба забони порсии дарӣ, раво донист. Чунон, ки мебинем, нахустин асари забони форсии дарӣ тарҷумаҳо ва тафсирҳо аз Қуръон бо ин забон аст. Агар порсии дарӣ забони мусулмонони Эрон намешуд ва фуқаҳои бузурге мисли Абӯҳанифа ба ҷонишин сохтани он забон дар адои намоз ва сиғаҳои шаръӣ фатво намедоданд.
Абӯнасри Машкон – муншӣ ва дабири дарбори Ғазнавӣ онро забони китоби девони давлат...ЕщёХизмати Абӯҳанифа ба забони форсӣ.
Бо густариши ислом доираи забони арабӣ берун аз нимҷазираи Араб густариш ёфт. Мардуми Миср, Лубнон, як қисми Сурияву Ироқ, ки арабзабон набуданд, забони арабиро қабул карданд.
Яке аз хизматҳои шоёни Абӯҳанифа он аст, ки ӯ тавонист мақоми расмии забони форсиро нигоҳ дорад. Ӯ забони форсиро баъди арабӣ забони дуюми ислом эълон кард. Ҳамчунин тафсири Қуръон ва хондани намоз ба форсиро иҷозат дод.
Муҳаммад Ҷаводи Машкур дар ин бобат навиштааст: « Имом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ибни Қайс ибни Марзбон нахустин фақеҳест, ки адои намоз, сиғаҳои шаръӣ ва ҳатто тарҷумаи Қуръонро ба забони порсии дарӣ, раво донист. Чунон, ки мебинем, нахустин асари забони форсии дарӣ тарҷумаҳо ва тафсирҳо аз Қуръон бо ин забон аст. Агар порсии дарӣ забони мусулмонони Эрон намешуд ва фуқаҳои бузурге мисли Абӯҳанифа ба ҷонишин сохтани он забон дар адои намоз ва сиғаҳои шаръӣ фатво намедоданд.
Абӯнасри Машкон – муншӣ ва дабири дарбори Ғазнавӣ онро забони китоби девони давлатии Эрон намесохт, ҳаргиз он забон наметавонист дар Эрон пойдор бимонад, балки монанди дигар мамолики фатҳшуда чун Шом (Сурия) ва шимоли Африқо батадриҷ забони миллат аз байн рафтаву забони арабӣ ҷои онро мегирифт». (Б.Рустамзода «Имоми Аъзам (Абӯҳанифа) кист?» Душанбе 1999)
Ба гуфтаи олими тоҷик Н.Неъматов дар Осиёи Миёнаи давраи Сомониён мазҳаби ҳанафӣ ба таври расмӣ оини давлатдорӣ ба шумор мерафт. Дар он давра забони форсӣ дар баробари забони арабӣ, забони илму адаб, нигориш ва давлатдорӣ буд. Минбаъд то солҳои бистуми асри ХХ дар Осиёи Миёна забони аҳли дарбор форсӣ боқӣ монд. Ҳатто дар нимҷазираи Ҳинд тӯли 8 аср форсӣ забони давлатдорӣ ба шумор мерафт.
Фатвои Абӯҳанифа (р) бесабаб набуд:
Назди Худованди Таборак ва Таъоло маҳбубтарини забонҳо арабӣ ва форсӣ мебошанд. Ба қавли Имом Замахшарӣ дар Қуръони азимушшаън 101 калимаи форсиро дучор шудан мумкин аст. Чунончи «Сиҷҷил» ҳамон сангу гили форсист.
Худи ҳазрати Муҳаммад (с) низ чанд калимаи форсиро медонистанд. Рӯзе он ҳазрат (с) Салмони Форсӣ (р)-ро диданд, ки аз сабаби дарди шикам рӯй ба замин ниҳода хобидаанд. Расули Акрам (с) пурсиданд: Ё Салмон,а шикам дард?» (Эй Салмон, оё дарди шикам ҳастед?) Салмони Форсӣ (р) гуфтанд: «Наъам, ё Расулаллоҳ (с)» Паёмбари гиромӣ (с) фармуданд: «Қум, фа селлӣ» (Бархезед ва намоз хонед). Ин ибораро Асадии Тӯсӣ дар китоби «Мунозираи Арабу Аҷам» ба риштаи назм дароварда чунин нигоштааст:
Ҳам з-Ибни Амома хабар омад, ки фариштаст,
Дар соягаҳи Арш ба тасбеҳ дуохон.
Гуфтор ҳама порсии поку латиф аст,
Бар ҳамду санои малаку воҳиди Маннон.
Салмон к-аз ин порсӣ асту ба Муҳаммад (с)
Иқрор наёвард касе пеш зи Салмон
В-ар баҳри «шикам» дар сухан порсиаш гуфт,
Пайғамбари пурсо чу ғамин дидашу пазмон…
Ҳазрати Муҳаммад (с) дар ситоиши форсиён ба зоҳиршавии ҳазрати Имоми Аъзам (р) ва дигар олимону авлиё дар як ҳадисашон ва ишорае кардаанд: «Агар илм дар Сурайё овезон мебуд, ҳароина мардоне аз форс ба он ноил мешуданд».