*******************************************
Боз о ҷилвакунон, то зи мақомат гардам,
Рухи ту дида шавам маст, зи ҷомат гардам,
Хабар аз коми дилат гӯй, зи комат гардам,
"Лаб кушоӣ бо такаллум, зи каломат гардам,
Муждаи васл расонӣ, зи пайомат гардам".
Хами абрӯи ту монанди камон аст маро,
Акси чашмони ту бар дида макон аст маро,
Бӯсаи лаъли лабат роҳати ҷон аст маро,
"Ҷилваи қомати ту рӯҳи равон аст маро,
Хезу бихром, ки аз тарзи хиромат гардам".
Лаъли лабҳот ба ширинӣ бувад ҷони шакар,
Бишавам садқаи он тан, ки шакарбони шакар,
Ваҳ чӣ хӯш нӯш зи лаъли шакаристони шакар,
"Даҳан аз бурдани номи ту шуда кони шакар,
Ин чӣ номи шакарин аст, зи номат гардам!"
Бо табассум маҳи ман ҳамчу қамар мегузарӣ,
Назаре соз ба ман чун ба гузар мегузарӣ,
Як нигоҳам бинамо чун ту зи дар мегузарӣ,
"Бо тағофул гаҳе аз пеши назар мегузарӣ,
Медиҳӣ гоҳ саломе, зи саломат гардам".
Ҳусни ту эй гули ман дон ки ҷаҳонгир шудаст,
Дар дилу дидаи ман ҳусни ту тасвир шудаст,
Аз азал қисмати ман бо ту чу занҷир шудаст,
"Чун маҳи чордаҳ аз ҳусни рухат пир шудаст,
Ба ту қурбон шавам, аз моҳи тамомат гардам".
Ою боз ой нигоро, бари ман баҳри савоб,
Ба суоли дили зорам надиҳӣ ҳеҷ ҷавоб,
Тани Мақсудалӣ аз ҳаҷри ту гардида хароб,
"Сайидо аз алами ваъдаи ту гашт кабоб,
Сӯхтӣ ҷони ман, аз ваъдаи хомат гардам".
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев