Бояд Ҳар. Мусулмон донад
Муқаддимаи мутарҷим
إنَّ الحمد لله نحمده ونستعينه ونستغفره ونعوذ بالله من شرور أنفسنا ومن سيئات أعمالنا من يهده الله فلا مضل له ومن يضلل فلا هادي له وأشهد أن لا إله إلاَّ الله وحده لا شريك له وأشهد أنَّ محمداً عبده ورسوله صلى الله عليه وعلى آله وأصحابه ومن تبهعم بإحسان إلى يوم الدين.
أمابعد:
Худованд мефармояд:
«وَٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَلَا تُشۡرِكُواْ بِهِۦ شَيۡٔٗاۖ 36» [النساء: 36]
«Ва Худовандро парастиш кунед ва чизеро ба Ӯ шарик наоваред» (Сураи Нисо: ояти 36).
Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи ва саллам) ба Муъоз ибн Ҷабал (разиаллоҳу анҳу) мефармояд:
«أتدري ما حق الله على العباد قال: الله ورسوله أعلم، قال: أن يعبدوه ولا يشركوا به شيئاً، ثم أتدري ما حـق العباد على الله إذا فعلوا ذلك أن لا يعذبهم». [متفق عليه].
«Оё медони ҳаққи Худо бар бандагонаш чист? Гуфт: Худо ва Расули Худо беҳтар медонанд, фармуд: ин ки Худоро ибодат кунанд ва ҳеҷ чизеро шарики Ӯ қарор надиҳанд, сипас фармуд: оё медони ҳаққи бандагон бар Худо чист агар ин амалро (ҳаққи Худоро) анҷом доданд? Ин ки онҳоро азоб надиҳад». (Муттафақ алайҳи)
Чизе, ки дар он ҳеҷ шак ва тардиде нест ин ки: илм ва дониши худошиносӣ ва ақидаи исломӣ, асос ва бунёди тамоми донишҳои башар меравад, шоистаи он аст, ки мо тамоми мусалмонон ба он инояти беҳтар ва бештаре дошта бошем то ин ки ба мавҷиби он аъмол ва кирдори мо саҳеҳ ва назди Борӣ Таъоло мавриди қабул бошад, бахусус дар ин замоне, ки ҷараёноти инҳирофӣ ва гумроҳкунандаи куфр ва илҳод ва тасаввуф ва руҳбоният ва ҷараёни қабрпарастӣ ва ширк ва бидъатҳо ва мухолифатҳои пайравӣ аз Паёмбар (салаллоҳу алайҳи ва саллам) ва суннати ӯ ҳама ҷо фаро гирифта ва тамоми ин ҷараёнот хатарнок аст, агар мусалмони муслеҳ ба салоҳи ақидаи саҳеҳ, ки аз Қуръон ва суннат ва фаҳми салаф ва гузаштагони уммати Муҳаммадӣ набошад бими он меравад, ки ин ҷараёноти мунҳариф ва гумроҳкунанда ӯро ба тарафи худ мекашад.
Ба ҳамин далоил барои мусалмон ёдгирии ақидаи саҳеҳи Ислом ва иноят ва таваҷҷӯҳи хос ба он зарурӣ ва лозим аст, то дар чанголи ин ҷараёноти инҳирофи ва гумроҳкунанда наяфтем. Ба ин сабаб мо ин китобро, ки „Воҷиботе, ки бар ҳар мусалмони мард ва зан, донистани он зарурӣ аст“ (الواجبات المتحتمات المعرفة على كل مسلم ومسلمة) ном дорад, ва аз суханони Шайх Муҳаммад бин Сулаймони Тамимӣ ва наводаҳои ӯ, ва ҷамъ ва тартиби Шайх Абдуллоҳ бин Иброҳими Қаръовӣ аст, тарҷума карда ва ба мусалмонони ҷаҳон, бузург ва кӯчак, ва пир ва ҷавон тақдим медорем, Умед аст мавриди қабул қарор гирад ва онро мутолиъа карда нуқоти муҳими онро дарк кунанд, то дар зиндагии рӯзмарраи худ, дунё ва охират комёб шаванд.
Ва дар поён аз Борӣ Таъоло хоҳонем, ки моро бар ин амали мутавозеъ аҷр ва подоши нек ато фармуда, онро хосан мавриди ризо ва хушнудии худ қарор диҳад.
وآخر دعوانا أن الحمد لله رب العالمين، وصلي الله وسلم علي نبينا محمد وعلي آله وصحبه أجمعين.
Усули сегонае, ки ёдгирии он бар ҳар мусалмони зан ва мард воҷиб аст
Ва онҳо ҳам иборатанд аз ин ки бандаи Худо дини Паёмбараш Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро бишносад.
Пас агар ба ту гуфта шуд: Парвардигори ту кист?
Бигӯ: Парвардигори ман касе аст, ки тамоми ҷаҳониёнро бо неъматҳои худ офарида ва парвариш дода, ва Ӯст Маъбуд ва Парвардигори ман, ва ғайр аз Ӯ ман маъбуди дигаре надорам.
Ва агар ба ту гуфта шуд: Дини ту чист?
Бигӯ: дини ман Ислом аст, ва он ҳам таслим шудан ба Худои Якто ва итоат аз Ӯ, ва бароат аз ширк ва мушрикон.
Ва агар ба ту гуфта шуд: Паёмбари ту чӣ касе аст?
Бигӯ: Муҳаммад ибн Абдуллоҳ ибн Абдулмутталиб ибн Ҳошим, ва Ҳошим аз қабила ва тоифаи Қурайш аст, аз арабиҳост, ва араб аз насли фарзандони Исмоил ибн Иброҳими Халил ҳастанд, беҳтарин саломҳо ва дурудҳо нисори онон бод.
Усули дини мубини Ислом ва асоси он ду чиз аст:
1. Амр ба ибодат ва парастиши Худои Якто ва Беҳамто, водор кардан ба он, ва дӯстӣ ва хайрхоҳӣ дар он, ва кофир донистани касе, ки ин динро тарк ва мухолифати он кунад.
2. Барҳазар доштан аз ширк дар ибодати Худо, ва шиддати накир ва мухолиифат дар он, ва душман донистани касе, ки ин амалро анҷом медиҳад, ва кофир донистани касоне, ки ширк меварзанд.
Шурути «Ло илоҳа иллаллоҳ»
1. Донистани маънои он ба таври нафӣ ва исбот. Яъне (ло илоҳа) нафии тамоми анвоъи ибодат аз ғайри Худо, ва (иллаллоҳ) исботи тамоми анвоъи ибодат барои Худои Ягона.
2. Яқин: Ва он ҳам иборатаст аз ин ки илм ва яқини комил ба он дошта бошем. Илме, ки дар он шакк ва тардиде вуҷуд надошта бошад.
3. Ихлос: Ҳамон ихлосе, ки мухолифи ширк аст.
4. Ростӣ: Ҳамон ростие, ки бо дурӯғ мунофот дорад ва монеъ аз нифоқ мешавад.
5. Дӯст доштани ин калима ва он чӣ бар он далолат дорад, ва хушҳол будан ба Ислом ва тавҳид.
6. Таслим шудан ба ҳуқуқи он, ва он ҳам анҷоми амалҳои воҷиб ба таври холис барои Худо ва талаби ризои Ӯ.
7. Қабуле, ки мунофӣ ва мухолиф ба рад кардани он мебошад.
Далели ин шартҳо аз Қуръон ва суннати пайғамбар (салаллоҳу алайҳи ва саллам).
Далели аввал: он ҳам илм ва маърифат ба маънои он:
«فَٱعۡلَمۡ أَنَّهُۥ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا ٱللَّهُ١٩» [محمد: 19]
«Пас яқин бидон, ки маъбуде ба ҳақ ҷуз Худои Якто нест» (Сураи Муҳаммад: ояти 19)
«إِلَّا مَن شَهِدَ بِٱلۡحَقِّ وَهُمۡ يَعۡلَمُونَ 86» [الزخرف: 86]
«Балки касоне (чунин ҳаққе доранд), ки онон дониста ба ҳақ гувоҳӣ дода бошанд» (Сураи Зухруф: ояти 86)
«وَهُمۡ يَعۡلَمُونَ»
яъне медонанд бо дилҳояшон, он чӣ забонҳои онҳо бо он нутқ карда аст.
Усмон бин Аффон (разиаллоҳу анҳу) ривояте мекунад, ки Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«من مات وهو يعلم أنَّه لا إله إلاَّ الله دخل الجنّة» [مسلم].
«Ҳар касе, ки бимирад ва бидонад, ки маъбуде бар ҳақ ғайр аз Худои Якто нест, ба биҳишт дохил мешавад» (Ривояти Муслим).
Далели яқин ва имон доштан ба он:
Худованд мефармояд:
«إِنَّمَا ٱلۡمُؤۡمِنُونَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ ثُمَّ لَمۡ يَرۡتَابُواْ وَجَٰهَدُواْ بِأَمۡوَٰلِهِمۡ وَأَنفُسِهِمۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِۚ أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلصَّٰدِقُونَ ١٥» [الحجرات: 15].
«Мӯъминон танҳо ононанд, ки ба Худо ва расулаш имон овардаанд, онгоҳ шак ба дил роҳ надодаанд ва бо амвол ва ҷонҳояшон дар роҳи Худо ҷиҳод кардаанд, инонанд, ки ростгӯянд» (Сураи Ҳуҷарот: ояти 15).
Худованд барои сидқ ва ростӣ имонашон ба Худо ва Расул шарт карда, ки шак ба дили худ роҳ надиҳанд, яъне шак накунанд, зеро касе, ки шак кунад, аз мунофиқин шумор меравад.
Ва аз Абу Ҳурайра (разиаллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расулаллоҳ (салаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд:
«أشهد أن لا إله إلاَّ الله و أنّي رسول الله، لا يلقى الله بهما عبد غير شاك فيهما إلاَّ دخل الجنّة» وفي رواية: «لا يلقى الله بهما عبد غير شاك فيهما فيحجب عن الجنّة» [مسلم].
«Гувоҳи медиҳам, ки маъбуде бар ҳақ ҷуз Худои Якто нест, ва ман Расули Худо ҳастам. Ҳар касе бо ин ду гувоҳӣ Худоро мулоқот кунад, ва дар он шакке дар дил наёварад, ба биҳишт дохил хоҳад шуд, ва дар ривояте омадааст: ҳар касе бо ин ду гувоҳӣ Худоро мулоқот кунад дар ҳоле, ки шакке дар дили ӯ набошад, аз дохил шудан ба биҳишт ҷилавгирӣ нахоҳад шуд» (Ривояти Муслим).
Ва дар ҷузъе аз ҳадисе, ки Абу Ҳурайра (разиаллоҳу анҳу) аз Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят мекунад, омада аст, ки фармуданд:
«... من لقيت وراء هذا الحائط يشهد أن لا إله إلاَّ الله مستيقناً بها قلبه فبشّره بالجنّةمن لقيت وراء هذا الحائط يشهد أن لا إله إلاَّ الله مستيقناً بها قلبه فبشّره بالجنّة» [مسلم].
«Ҳар киро пушти ин девор мулоқот карди, ки гувоҳӣ медиҳад, ки ҳеҷ маъбуде бар ҳақ ғайр аз Худои Якто нест, дар ҳоле, ки дилаш мустайқин ба он бошад, ба биҳишт мужда бидеҳ» (Ривояти Муслим).
Ва далели ихлос дар он:
«أَلَا لِلَّهِ ٱلدِّينُ ٱلۡخَالِصُ٣» [الزُّمَرِ: 3]
«Огоҳ бошед, ки дин холис (пок аз риё ва нифоқ) барои Худои Якто аст» (Сураи Зумар: ояти 3).
Худованди Мутаъол мефармояд:
«وَمَآ أُمِرُوٓاْ إِلَّا لِيَعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مُخۡلِصِينَ لَهُ ٱلدِّينَ حُنَفَآءَ ٥» [البَيِّنَةِ: 5]
«Ва фармон наёфтанд ҷуз онки Худоро, дар ҳоле, ки парастишро барои Ӯ холис сохтаанд бо покдилӣ (динварзӣ ба оини Иброҳим) бипарастанд ва намоз бар по доранд ва закот бипардозанд ва ин аст оини ростин» (Сураи Баййина: ояти 5).
Ва далел аз суннати Паёмбар (салаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳадиси саҳеҳ ва собит, ки Абу Ҳурайра аз Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят мекунад, ки фармуданд:
(أسعد الناس بشفاعتي من قال لا إله إلاَّ الله خالصاً من قلبه أو نفسه) [بخاري].
«Хушбахттарин ва саъодатмандтарин мардум ба шафоъати ман Рӯзи Қиёмат касоне ҳастанд, ки бигӯянд: маъбуде бар ҳақ ғайр аз Худои Якто нест, ва ин гувоҳӣ холис аз қалб ва ҷонаш бошад» (Ривояти Бухорӣ).
Ва дар „Саҳеҳ“ Утбон бин Молик (разиаллоҳу анҳу) ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
(إنَّ الله حرّم على النار من قال لا إله إلاَّ الله يبتغي بذلك وجه الله عز وجل) [مسلم].
„Ҳар оина Худованд ҳаром карда бар оташ касеро, ки бигӯяд: маъбуде бар ҳақ баҷуз Худои Якто нест, ва бо ин сухани худ ризои Худовандро металабад“ (Ривояти Муслим).
Имом Насоӣ дар китоби „Амал аляума валлайлата“ (عمل اليوم و الليلة) аз ду нафар саҳоба, разияллоҳу анҳумо, ривоят мекутад, ки Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«من قال لا إله إلاَّ الله وحده لا شريك له، له الملك وله الحمد وهو على كل شيء قدير مخلصاً بها قلبه، يصدق بها لسانه، إلاَّ فتق الله لها السماء فتقاً حتى ينظر إلى قائلها مـن أهل الأرض، وحق لعبد نظر الله إليه أن يعطيه سؤله» [ابن رجب].
«Ҳар касе, ки гуфт: ҳеҷ маъбуде бар ҳақ ғайр аз Худои Якто нест, ва Ӯ ҳеҷ шарике надорад, ва барои Ӯст мулки ҷаҳониён ва ҳамд ва ситоиш, ва Ӯ бар ҳама чиз қодир аст, дар ҳоле, ки гуфтааш ба он холисона аз қалби ӯ бошад, ва забони ӯ бар он тасдиқ кунад, Худованд осмонро шикофта то ба гӯяндаи ин калимот, ки аз мардуми замин аст, бингарад, ва хушо ба касе, ки Худо ба ӯ нигоҳ кунад, ки агар аз Ӯ суол ва дуъое кунад, Худованд ба ӯ ато мефармояд» (Ибни Раҷаб).
Ва далели сидқ ва ростгӯӣ:
Худованд мефармояд:
«وَلَقَدۡ فَتَنَّا ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۖ فَلَيَعۡلَمَنَّ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ صَدَقُواْ وَلَيَعۡلَمَنَّ ٱلۡكَٰذِبِينَ ٣» [العَنكَبُوتِ: 3]
„Алиф лом мим“ – ин ҳуруф ишора ба асмо ва ё асрори байни Худо ва Расули Худост ва тақсири зиёде дар ин калима омадааст. “Оё мардум мепиндоранд, ки раҳо мешаванд ба (танҳо) он ки мегӯянд: „Имон овардаем“, ва онон озмуда намешаванд. Ва ба ростӣ касонеро, ки пеш аз онон буданд, озмудем, пас албатта Худованд ононро, ки рост гуфтанд маълум медорад ва дурӯғгӯёнро (низ) маълум хоҳад дошт“ (Сураи Анкабут: оёти 2 ва 3).
Ва дар ҳадиси саҳеҳ Муъоз ибн Ҷабал (разиаллоҳу анҳу) аз Расулаллоҳ (салаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят мекунад, ки фармуданд:
«ما من أحد يشهد أن لا إله إلاَّ الله وأنَّ محمداً عبده ورسوله صدقاً من قلبه إلاَّ حرّمه الله على النار» [متفق عليه].
„Ҳар кас гувоҳӣ диҳад, ки маъбуде ба ҳақ ҷуз Худои Якто нест ва Муҳаммад банда ва фиристодаи Худост, ва ин гувоҳӣ содиқона ва аз қалби ӯ бошад, Худованд оташи ҷаҳаннамро бар ӯ ҳаром мегардонад“ (Муттафақ ъалайҳи).
Ва далели дӯстӣ ва муҳаббат:
Худованд мефармояд:
«وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يَتَّخِذُ مِن دُونِ ٱللَّهِ أَندَادٗا يُحِبُّونَهُمۡ كَحُبِّ ٱللَّهِۖ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَشَدُّ حُبّٗا لِّلَّهِۗ ١٦٥» [البَقَرَةِ: 165]
«Ва аз мардум касоне ҳастанд, ки ба ҷои Худо ҳамтоёнеро (барои Ӯ) бармегиранд, ки онҳоро монанди дӯст доштани Худо дӯст медоранд. Ва мӯъминон дар дӯстии Худо қавитаранд» (Сураи Бақара: ояти 165).
Ва ҳамчунон Худованд мефармояд:
«يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مَن يَرۡتَدَّ مِنكُمۡ عَن دِينِهِۦ فَسَوۡفَ يَأۡتِي ٱللَّهُ بِقَوۡمٖ يُحِبُّهُمۡ وَيُحِبُّونَهُۥٓ أَذِلَّةٍ عَلَى ٱلۡمُؤۡمِنِينَ أَعِزَّةٍ عَلَى ٱلۡكَٰفِرِينَ يُجَٰهِدُونَ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ وَلَا يَخَافُونَ لَوۡمَةَ لَآئِمٖۚ ٥٤» [المَائِدَةِ: 54]
«Ай мӯъминон, ҳар касе аз шумо, ки аз динаш баргардад (бидон, ки) Худованд гурӯҳеро дар миён хоҳад овард, ки ононро дӯст медорад ва (онон низ) Ӯро дӯст медоранд. (Қавме, ки) бар мӯъминон фурӯтан ва бар кофирон дуруштхӯянд, дар роҳи Худо ҷиҳод мекунанд ва аз сарзаниши ҳеҷ сарзанишкунандае намеҳаросанд» (Сураи Моида: ояти 54).
Анас бин Молик (разияллоҳу анҳу) аз Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят мекунад, ки фармуданд:
(ثلاثٌ من كنَّ فيه وَجَدَ حلاوةَ الإيمان: أن يكون الله ورسوله أحب إليه مما سواهما وأن يحب المرء لا يحبه إلاَّ لله، وأن يكره أن يعود في الكفر بعد أن أنقذه الله منه كما يكره أن يقْذَف في النار) [متفق عليه].
„Се чиз аст, ки агар дар инсон бошад, ширинии имонро дарк мекунад: инки Худо ва Расули Ӯ маҳбубтар аз ҳама чиз бошад, ва инки мардумро фақат барои Худо ва ризо ва хушнудии Ӯ дӯст бидорад, ва инки аз баргаштан ба куфр баъд аз онки Худованд Ӯро аз он наҷот дода, нафрат дошта бошад, ҳамчуноне, ки аз партоб шудан ва андохтани худаш дар оташ нафрат дорад“ (Муттафақ ъалайҳи).
Далели наҷот ёфтан ва таслим шудан:
Худованд муфармояд:
«وَأَنِيبُوٓاْ إِلَىٰ رَبِّكُمۡ وَأَسۡلِمُواْ ٥٤» [الزُّمَرِ: 54]
«Ва пеш аз он ки азоб ба шумо расад, он гоҳ ёрӣ наёбед, ба сӯи Парвардигоратон бозоед ва дар баробари Ӯ таслим шавед» (Сураи Зумар: ояти 54).
Ва Худованд мефармояд:
«وَمَنۡ أَحۡسَنُ دِينٗا مِّمَّنۡ أَسۡلَمَ وَجۡهَهُۥ لِلَّهِ وَهُوَ مُحۡسِنٞ ١٢٥» [النِّسَاءِ: 125]
«Ва чӣ касе некоинтар аст аз касе, ки некӯкорона рӯи хештан ба сӯи Худо ниҳод (яъне, роҳи фармонбарии Худо ва ихлос барои Ӯ дар пеш гирифт)» (Сураи Нисо: ояти 125).
Ва Худованд мефармояд:
«وَمَن يُسۡلِمۡ وَجۡهَهُۥٓ إِلَى ٱللَّهِ وَهُوَ مُحۡسِنٞ فَقَدِ ٱسۡتَمۡسَكَ بِٱلۡعُرۡوَةِ ٱلۡوُثۡقَىٰۗ ٢٢» [لقمان: 22]
«Ва ҳар кас некӯкорона рӯи (дили) хеш ба сӯи Худованд оварад, бидон, ки ба дастовези устувор чанг зада аст» (Сураи Луқмон: ояти 22).
Ва ҳамчунин мефармояд:
«فَلَا وَرَبِّكَ لَا يُؤۡمِنُونَ حَتَّىٰ يُحَكِّمُوكَ فِيمَا شَجَرَ بَيۡنَهُمۡ ثُمَّ لَا يَجِدُواْ فِيٓ أَنفُسِهِمۡ حَرَجٗا مِّمَّا قَضَيۡتَ وَيُسَلِّمُواْ تَسۡلِيمٗا ٦٥» [النساء: 65]
«Савганд ба Парвардигорат, (дар ҳақиқат) имон наёваранд магар он ки дар ихтилофе, ки байни онон даргирифт, туро довар кунанд, онгоҳ аз он чӣ ҳукм карди дар худ ҳеҷ дилтангӣ наёбанд ва комилан гардан ниҳанд» (Сураи Нисо: ояти 65).
Ва дар ҳадиси Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
(لا يؤمن أحدكم حتى يكون هواه تبعاً لما جئت به) [شرح السنة].
„Ҳеҷ кас аз шумо мӯъмин намешавад, то он ки ҳаво ва ҳавас ва дӯстии ӯ тобеъ ва мувофиқи он чӣ ман овардаам набошад“ (Шарҳи суннат).
Ва ин мунтиҳои инқиёд ва таслим шудан мебошад.
Далели қабул кардан ва таслим шудан ба ҳуқуқи он:
Худованд мефармояд:
«قَٰلَ أَوَلَوۡ جِئۡتُكُم بِأَهۡدَىٰ مِمَّا وَجَدتُّمۡ عَلَيۡهِ ءَابَآءَكُمۡۖ قَالُوٓاْ إِنَّا بِمَآ أُرۡسِلۡتُم بِهِۦ كَٰفِرُونَ ٢٤ فَٱنتَقَمۡنَا مِنۡهُمۡۖ فَٱنظُرۡ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُكَذِّبِينَ ٢٥» [الزخرف: 24 25]
«Ва ҳамчунин пеш аз ту дар ҳеҷ шаҳре ҳушдордиҳандае нафиристодаем, магар он ки неъматёфтагонаш гуфтанд: Мо падаронамонро (пойбанд) ба оине ёфтаем ва бе гумон бар рад ва нишони онон иқтидо мекунем. Бигӯ: Оё (ба пайравӣ аз падаронатон пойбанд мемонед) ҳар чанд бароятон ҳидояткунандатар аз он чӣ падаронатонро бар онон ёфтаед, оварда бошем? Гуфтанд: Мо ба он чӣ ба он рисолат ёфтаед, нобоварем. Онгоҳ аз онон интиқом гирифтем. Пас бингар саранҷоми дурӯғангорон чӣ гуна буд?» (Сураи Зухруф: оёти 23, 24, 25).
Худованд мефармояд:
«إِنَّهُمۡ كَانُوٓاْ إِذَا قِيلَ لَهُمۡ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا ٱللَّهُ يَسۡتَكۡبِرُونَ ٣٥ وَيَقُولُونَ أَئِنَّا لَتَارِكُوٓاْ ءَالِهَتِنَا لِشَاعِرٖ مَّجۡنُونِۢ ٣٦» [الصافات: 35 36].
«Онон (чунон) буданд, ки чун ба онон гуфта мешуд: маъбуди ҳаққе ҷуз Худованди (Якто) нест, саркашӣ мекарданд. Ва мегуфтанд: оё мо маъбудони хешро ба хотир (сухани) шоири девона тарк гӯем?» (Сураи Саффот: ояти 35 ва 36)
Абумӯсои Ашъарӣ (раҳияллоҳу анҳу) ривоят мекунад, ки Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«مَثَلُ ما بعثني اللهُ به من الهُدى والعلم كمَثَلِ الغَيثِ الكثير أصاب أرضاً فكان منها نَقيةٌ قَبِلَت الماء فأنبتت الكلأ والعُشْبَ الكثير وكانت منها أجادبُ أمسكت الماء فنفع الله بها الناس فشربوا وسقوا وزرعوا، وأصاب منها طائفة أخرى إنَّما هي قيعانٌ لا تمسك ماءً ولا تنبتُ كلأً ؛ فذلك مَثَلُ من فقه في دين الله ونفعه ما بعثني الله به فَعَلِمَ وعَلَّمَ، ومَثَلُ من لم يرفع بذلك رأساً، ولم يقْبَلْ هدى الله الذي أرسلتُ به» [متفق عليه].
„Мисоли он чӣ Худованд маро бар он мабъус фармуда аз ҳидоят ва илм ва дониш ҳаммонанди борони зиёде аст, ки бар замин борида, баъзеи аз он замин пок ва қобили кишт буда, пас ах ин борон истифода карда ва алаф ва гиёҳони зиёде мерӯянд, ва баъзеи дигар хушк ва бе ҳосил вале обро нигаҳ медорад, ки мардум нафъ бурда аз он барои ошомидани инсонӣ ва ҳайвонӣ ва зироъат истифода мешавад, ва баъзеи аз он замин шӯразор буда, ки на обро нигаҳ медорад ва на алаф ва гиёҳ мерӯёнад, ва он мисоли касе аст, ки илми шариъат омӯхта ва аз он илм нафъ ва суд ёфта ва ба дигарон низ омӯхта, ва мисоли касе, ки ба он илм беэътиноӣ карда ва дониш ва роҳи мустақиме, ки Худованд маро бо он мабъус фармуда, қабул накарда аст“ (Муттафақ ъалайҳи).
Навоқизи Ислом
Бидон, ки навоқизи Ислом даҳ чиз аст:
Аввал: Ширк овардан дар ибодати Худои Якто ва барои Ӯ шарик қоил шудан.
Худованд мефармояд:
«إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَغۡفِرُ أَن يُشۡرَكَ بِهِۦ وَيَغۡفِرُ مَا دُونَ ذَٰلِكَ لِمَن يَشَآءُۚ ١١٦» [النساء: 116]
«Худованд намебахшад, ки ба Ӯ ширк оварда шавад, ва ҷуз онро барои ҳар кас, ки бихоҳад меомурзад» (Сураи Нисо: ояти 116).
Ва мефармояд:
« مَن يُشۡرِكۡ بِٱللَّهِ فَقَدۡ حَرَّمَ ٱللَّهُ عَلَيۡهِ ٱلۡجَنَّةَ وَمَأۡوَىٰهُ ٱلنَّارُۖ وَمَا لِلظَّٰلِمِينَ مِنۡ أَنصَارٖ ٧٢» [المائدة: 72]
«Ба гумон касе, ки ба Худованд шарик оварад, Худованд биҳиштро бар ӯ ҳаром мегардонад ва ҷойгоҳаш оташ (дӯзах) аст, ва ситамкорон ёвароне надоранд» (Сураи Моида: ояти 73).
Ва аз ҷумлаи ширк дар ибодати Худованди Мутаъол дуъо кардани мурдагон ва талабу мадад хостан аз онҳост ва ҳамчунин назр кардан ва забҳ ва қурбонӣ барои онҳост.
Дуввум: Касе, ки байни худ ва байни Худо васитае қарор диҳад ва аз он восита чизе бихоҳад (яъне, дуъои худро мутаваҷҷиҳи ӯ созад) ва аз ӯ шафоъат биталабад ва бар ӯ таваккал кунад, чунин ашхосе иҷмоъи уламо ва донишмандони Ислом бар куфри онон аст.
Саввум: Касе, ки мушриконро кофир надонад, ва ё ин ки дар куфри он мушрикон шак ва тардид дошта бошад, ва ё ин ки мазҳаби он мушриконро саҳеҳ бидонад, кофир аст.
Чаҳорум: Касе, ки эътиқод дошта бошад, ки ҳидоят ва дастурҳои ғайри Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам) комилтар ва беҳтар аст аз ҳидоят ва дастурҳои Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам), ва ё ин ки бигӯяд ҳукм ва қазовати ғайри Расулаллоҳ (салаллоҳу алайҳи ва саллам) беҳтар аст аз ҳукм ва қазовати паёмбар (салаллоҳу алайҳи ва саллам), монанди касоне, ки ҳукм ва қазовати тавоғит (қавонини расмии кишварӣ)-ро, ки ғайри шаръи бошад бар қавонийни шаръи ва дини бартарӣ медиҳад ва инҳо ҳама кофир мебошанд.
Панҷум: Касе, ки ба чизе аз он чи Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи ва саллам) барои уммати исломӣ аз ҳидояти башарӣ ва қазоват ва ҳукм ба Қуръон ва суннат оварда буғз варзад, агарчи ба он ҳукм амал кунад, дар ҳоле, ки аз он нафрат дорад, боз ҳам ҷузъи кофирон мебошад. Худованди Мутаъол мефармояд:
«ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ كَرِهُواْ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ فَأَحۡبَطَ أَعۡمَٰلَهُمۡ ٩» [محمد: 9]
«Ин аз он аст, ки онон ончиро, ки Худо нозил карда аст, нохуш доштанд, дар натиҷа Худованд аъмолашонро табоҳ кард» (Сураи Муҳаммад: ояти 9).
Шашум: Ҳар касе, ки ба чизе аз дини мубини Ислом масхара ва ришханд кунад, ҳамон дине, ки Расулуллоҳ (салаллоҳу алайҳи ва саллам) онро аз тарафи Борӣ Таъоло оварда, ва ё аз савоб ва некӣ ва подоши он, ва ё аз ҷазо ва иқоб ва кайфури он, кофир шавад ва далелаш қавли Таборак ва Таъоло аст, ки мефармояд:
«قُلۡ أَبِٱللَّهِ وَءَايَٰتِهِۦ وَرَسُولِهِۦ كُنتُمۡ تَسۡتَهۡزِءُونَ ٦٥ لَا تَعۡتَذِرُواْ قَدۡ كَفَرۡتُم بَعۡدَ إِيمَٰنِكُمۡۚ ٦٦» [التوبة: 65 66]
«Бигӯ: Оё ба Худо ва оёти Ӯ ва расулаш ришханд мекардед? Узр наёваред, ба ростӣ ки пас аз имонатон куфр пеша кардед» (Сураи Тавба: оятҳои 65 ва 66).
Ҳафтум: Сеҳр ва ҷодугарӣ ва он чи шомили он мебошад аз қабили тирӯдастӣ байни дӯстон ва ҷалби он барои дигарон ва касе, ки онро анҷом диҳад ва ё аз он розӣ шавад, кофир гардад ва далел қавли Таборак ва Таъоло аст, ки мефармояд:
«وَلَوۡ أَنَّهُمۡ ءَامَنُواْ وَٱتَّقَوۡاْ لَمَثُوبَةٞ مِّنۡ عِندِ ٱللَّهِ خَيۡرٞۚ لَّوۡ كَانُواْ يَعۡلَمُونَ ١٠٣» [البقرة: 102]
«Ва (он ду фаришта) ба ҳеҷ касе (ҷоду) намеомӯхтанд, магар онки мегуфтанд: „Мо танҳо (мояи) омӯзони ҳастем, пас (бо ба кор гирии ҷоду) кофир машав» (Сураи Бақара: ояти 102).
Ҳаштум: Пуштибонӣ кардан аз мушрикон ва ёрӣ кардани онон бар зидди мусалмонон, ва далели он қавли Борӣ Таъоло аст, ки мефармояд:
«وَمَن يَتَوَلَّهُم مِّنكُمۡ فَإِنَّهُۥ مِنۡهُمۡۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّٰلِمِينَ ٥١» [المائدة: 51]
«Ва ҳар кас аз шумо ононро (яҳуд ва насороро) дӯст гирад, баростӣ, ки худ аз онон аст, ба гумон Худованд гурӯҳи ситамкоронро ҳидоят намекунад» (Сураи Моида: 51).
Нӯҳум: Касе, ки мӯътақид бошад, ки баъзе аз мардум метавонанд аз шариъат ва дини Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи ва саллам) хориҷ шаванд, кофир мебошад.
Худованди Таборак ва Таъоло мефармояд:
«وَمَن يَبۡتَغِ غَيۡرَ ٱلۡإِسۡلَٰمِ دِينٗا فَلَن يُقۡبَلَ مِنۡهُ وَهُوَ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ ٨٥» [آل عمران: 85]
«Ва ҳар кас дине ҷуз Ислом биҷӯяд, ҳар гиз аз ӯ пазируфта намешавад ва ӯ дар Охират аз зиёнкорон аст» (Оли Имрон: ояти 85)
Даҳум: Рӯйгардонӣ ва иъроз намудан аз дини Худо ва наомӯхтани Ислом ва амад накардан ба он, Ва далели он Худованд мефармояд:
«وَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّن ذُكِّرَ بَِٔايَٰتِ رَبِّهِۦ ثُمَّ أَعۡرَضَ عَنۡهَآۚ إِنَّا مِنَ ٱلۡمُجۡرِمِينَ مُنتَقِمُونَ ٢٢» [السجدة: 22]
«Ва кист ситамкортар аз касе, ки ба оёти Парвардигораш панд ёбад онгоҳе аз он рӯй бигардонад, бе гумон Мо аз Гуноҳкорон интиқом хоҳем гирифт» (Сураи Саҷда: ояти 22).
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев