кардам, ту
кистӣ?
Гуфт: "Қуръони арабӣ бе ҳеҷ
каҷиву ноқисӣ”.
Сураи "Зумар, 28”
Гуфтам, барои чи нозил шудаӣ?
Гуфт: "Эй, мардум, ба яқин
барои шумо аз
ҷониби Парвардигоратон
андарзу дармоне баро
роҳнамои шумо омада, то
дилҳои шуморо
шифо бахшаду роҳнамои
зиндагии шумо
бошад”. Сураи "Юнус, 57”.
Гуфтам, бар чи касе нозил
шудаӣ?
Гуфт: "Нозил шуд бар Муҳаммад
(с) ва он ҳақ
аст”. Сураи "Муҳаммад, 2”
Гуфтам, вазифаи мо дар
баробари Муҳаммад
(с) чист?
Гуфт: "Он чиро фиристодаи Ӯ ба
шумо дод,
онро бигиред ва аз он чи
шуморо боздошт боз
истед”. Сураи "Ҳашр, 7”.
Гуфтам, беҳтарин улгуи ман
кист?
Гуфт: "Ба таҳқиқ барои шумо
дар пайравӣ аз
Муҳаммад сармашқе некӯст”.
Сураи "Аҳзоб, 21”
Гуфтам, азамати Худоро
бароям бигӯ?
Гуфт: "Ӯ аввалу охир, зоҳиру
ботин аст”. Сураи
"Ҳадид, 3”
Гуфтам, Ӯ куҷост?
Гуфт: "Ва ҳар куҷо бошед, Ӯ бо
шумост”. Сураи
"Ҳадид, 4”.
Гуфтам, пас чигуна ӯро собит
кунам?
Гуфт: "Пас ба осори раҳмати
Худо бингар”.
Сураи "Рум, 50”.
Гуфтам, чигуна бо Ӯ сухан гӯям?
Гуфт: "Ва ба ёди ман намоз
барпо дор”. Сураи
"Тоҳо, 14”
Гуфтам, ҳадаф аз халқи мо
чист?
Гуфт: "Ва ҷинну инсро
наёфаридам танҳо баро
он ки маро ибодат кунанд”.
Сураи "Зориёт,56”.
Гуфтам, ҳадафу мақсад аз
ибодат чист?
Гуфт: "Парвардигоратро
парастиш кун, то ин ки
ҳақиқатро дарёбӣ”. Сураи
"Ҳаҷр, 99”
Гуфтам, душмани кист?
Гуфт: "Шайтон душмани
шумост”. Сураи
"Фотир,6
Гуфтам, паноҳ аз шайтон кадом
роҳ аст?
Гуфт: "Ва агар васвасаи шайтон
туро аз ҷой
дар овард, пас ба Худо паноҳ
бибар”. Сураи
"Фусилат, 36”
Гуфтам, душмани дарунӣ ва
берунии ман кист?
Гуфт: "Нафс дар ҳақиқат ба
бадӣ амр
мекунад”. Сураи "Юсуф, 53”
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев