Паёмбари Худо (с) мефармояд:
“ Аз Худо битарс ҳар куҷое бошӣ ва ба дунболи бадӣ некӣ кун, то онро маҳв созад ва бо мардум бо ахлоқи писандида муомила кун” Ин дастурест басо бузург ва инсозу ҷомеасоз, зеро дар он ҳам ҳуқуқи Худо ва ҳуқуқи бандагони Худо якҷо зикр шудааст. Худованд ба аввалину охир дастур додааст,ки аз ӯ битарсанд: “ Мо ба шумо ва касоне,ки пеш аз шумо дорои китоб буданд, васият кардем,ки “аз Худо битарсед”
(Нисо 131).
Асли тақво ин аст,ки банда миёни худ ва хашму ғазаб ва азоби Парвардигор,ки аз он метарсад, аз тоату ибода ва канорагирӣ аз аз нофармонӣ ба авомири Худованд қалъае устувор бунёд намояд, то он қалъа ӯро нигаҳбон бошад: “ Эй мӯъминон аз Худо битарсед, ҳар кас бояд бингарад,ки барои фардояш чӣ пеш фиристодааст ва аз Худо битарсед,ки Худованд аз кирдоратон огоҳ аст”.
(Ҳашр 18)
Тарси Худованд дар дили мӯъминин ҳангоми анҷоми ҳар амал бояд яксон бошад, хоҳ он амал дар ҷое воқеъ мешавад,ки мардум онро мебинанд, хоҳ дар ҷое,ки касе ӯро намебинад. Абзари Ғифорӣ аз Паёмбари Худо (с) ба ҳамин маънӣ чунин ривоят кардааст: “ Туро дастур медихам,ки дар корҳои пинҳонӣ ва ошкорат аз Худо битарс”. Паёмбари гиромии ислом (с) чунин дуъо мехонданд: “ Аз ту тарси туро мехоҳам дар пинҳону ошкор!” Пинҳону ошкор аз Худо эҳсоси тарс намудан наҷотбахши инсон аст.
Ҳар кӣ яқин донад,ки ҳар куҷое,ки бошад, Худованд ӯро мебинад ва аз зоҳиру ботин, аз ниҳону ошкори ӯ огох аст ва ҳам дар хилватҳо Худовандро ҳозиру нозир донад, маъсиятеро муртакиб нахоҳад шуд. Ин фармудаи Худо ишораест ба ҳамин мафҳум: “... Аз Худое битарсед,ки ба номи ӯ аз якдигар тақозо мекунед ва ҳурмати пайванди хешонро низ риоя кунед, зеро Худованд муроқиби шумост.”
(Нисо, 1)
Худованд ба паёмбаре ба чунин мазмун ваҳй карда: “ Ба қавми хеш бигӯ, манзури шумо чист,ки гуноҳро аз офаридаҳои мепӯшонед ва пеши ман ошкор мекунед? Агар чунин пиндоред,ки ман мебинам, чаро маро пасттарин назоракунандаи аъмоли хеш мебине? Агар пиндоратон ин аст,ки ман намебинам, дар он сурат мушрикед.
Бузурге мефармояд: “ Аз Худо ба андозаи қудраташ битарс ва ба ҳар андозае,ки ба ту наздик аст, аз ӯ шарм дор.
Марде ба ҷои хилвате,ки дарахтони зиёде он ҷоро пӯшонида буд, ворид шуд ва ба худ гуфт: “ Дар ин макони хилват даст ба гуноҳе бизанам, маро кӣ метавонад бубинад?”. Ба ногоҳ садое баланд шуд,ки тамоми он минтақаи хилватро фаро гирифт: “ Магар мешавад,ки Офаридгор аз офаридаҳояш огоҳ набошад? Ӯдақиқу огоҳ аст”.
(Мулк,19)
Мисоли дигар: Марде аз зани покдомане хостори анҷоми кори зиште шуда гуфт: “ моро ҷуз ситорагон касе намебинад”. Зан гуфт: “ Офаридгори ситорагон чӣ?”
Асли муроқаба қариб будани Худовандро яқин донистани қалб аст.
Ҷунайдро пурсиданд: Дар чашмпӯшӣ аз нодиданихо аз чӣ касе бояд кумак гирифт? Гуфт: Аз он кӣ бидонӣ,ки назари Худо ба ту пеш аз назари ту ба сӯи чизе,ки назар кардан мехоҳӣ, мерасад. Ва аммо агар ба як ҷумла ифода кунем дар танҳоӣ аз Худо тарсидан нишонгари камоли имон аст. Ҳар кӣ соҳиби камоли имон бошад, Худованд барои соҳиби ин гуна имон дар дилҳои мӯъминон санои ӯро илқо менамояд.
Чун калимаи тақво ба Худо нисбат дода шавад, мафҳумаш аз “аз хашму ғазаби Худо тарсидан” аст,ки хашму ғазаби Худо бузургтарин чизест,ки аз ҳама аввал ва аз ҳама бештар бояд тарсид. Маншаи тамоми азобҳои дунявӣ ва ухравӣ хашму ғазаби Худост. Худованд мефармояд: “ Худо шуморо аз худаш бим медиҳад”
(Оли имрон,28).
...” Ӯ аҳли тақво ва омӯрзиш аст” (Муддасир,56). Пас Ӯ таъоло сазовор аст,ки тарсида шавад, ва дар дилҳои бандагон мақоми бузург дошта бошад, то ӯро бипарастанд ва фармудаҳои ба ҷо оваранд, зеро Ӯ шоистаи иззату икром, сифати кибриё ва азамату тавоноӣ ва қудрат аст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев