Гурӯҳе аз муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳо, ки аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ихроҷ шудаанд, ба Коста-Рика интиқол дода шуданд.
Ба гузориши ТоҷикПресс, ин нахустин гурӯҳи муҳоҷиронест, ки аз Амрико ихроҷ шуда, ба Коста-Рика ворид мешаванд. Ин воқеаро баъзе расонаҳои амрикоӣ инъикос кардаанд.
Дар байни ин муҳоҷирон, шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз қабили Қазоқистон ва Узбекистон, ҳамчунин шаҳрвандони Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Чин ва дигар кишварҳо мавҷуданд. Бар асоси гузориши NBC News, аз 135 муҳоҷири ғайриқонунӣ, нисфи онҳо кӯдакон буда, ду зани ҳомила низ дар ин гурӯҳ ҳастанд.
Ин нахустин ҳавопаймоест, ки муҳоҷиронро ба Коста-Рика интиқол медиҳад. ИМА кӯшиш мекунад онҳоро ба кишварҳои аслиашон баргардонад. Ҳамаи ин муҳоҷирон дар боздоштгоҳҳо нигоҳ дошта мешаванд ва ба онҳо иҷозат дода шудааст, ки то як моҳ дар Коста-Рико бимонанд.
Пеш аз ин хабар дода шуда буд, ки қариб 200 муҳоҷири ғайриқонунӣ аз Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон тавассути Коста-Рика ба кишварҳои аслии худ баргардонида шудаанд. Коста-Рика ҳамчун як “пули” иҷтимоӣ барои расидани муҳоҷирон ба кишварҳои аслии онҳо фаъолият мекунад. Ҳамаи ин раванд аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маблағгузорӣ мешавад. https://tajikpress.com/2025/02/23/%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be-%d0%bc%d1%83%d2%b3%d0%be%d2%b7%d0%b8%d1%80%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d0%be%d0%bc-%d1%80%d0%be-%d0%b1%d0%b0-%d0%ba%d0%be%d1%81%d1%82%d0%b0-%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%b0-%d0%b8/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев