Исроил бо маҷбур кардани асирони фаластинӣ ба пӯшидани либосҳои таҳқиромез бо нишони ситораи Довуд ва навиштаҷоти таҳдидомез вокунишҳои зиёдеро дар дохил ва хориҷ ба вуҷуд овард.
Ба гузориши хабаргузории “Русия Ал-Явм”, маҷбур кардани асирони фаластинӣ ҳангоми озодӣ ба пӯшидани либосҳое бо нишони ситораи Довуд ва навиштаҷоти арабии «Фаромӯш нахоҳем кард ва нахоҳем бахшид» мавҷи интиқодотро ба вуҷуд овардааст.
Айнав Шио, таҳлилгари саҳюнистӣ, ин амалро як иқдоми кӯдакона ва таҳқиромез дониста, таъкид кардааст, ки он ба обрӯи Исроил зарба зад. Вай дар мақолае дар расонаи «Ядиъут Ахронот» навишт, ки чунин иқдомҳо Исроилро аз ҷомеаи ҷаҳонӣ бештар дур мекунанд ва талоши беҳудае барои бартараф кардани таҳқири 7 октябр мебошанд.
Шели Яҳимович, нависандаи дигари исроилӣ, низ ин иқдомро нанговар хонда, гуфтааст, ки чунин ҳаракатҳо боиси масхара шудани Исроил аз ҷониби асирони озодшуда хоҳанд шуд.
Тасвирҳое, ки аз тарафи расонаҳои исроилӣ нашр шуданд, нишон доданд, ки асирони фаластинии озодшуда пас аз расидан ба беморхонаи аврупоии Ғазза дар Хонюнис ин либосҳоро оташ зада, эътирози худро ба ин таҳқир иброз доштанд.
Коршиносон бар ин назаранд, ки ин иқдоми режими саҳюнистӣ нишонаи ноумедӣ ва ба бунбаст расидани сиёсати зиндониҳои фаластинӣ мебошад ва метавонад вокунишҳои бештареро дар сатҳи байналмилалӣ ба бор орад.
Ҳамзамон, созмонҳои ҳуқуқи башар ва фаъолони сиёсӣ ин иқдоми режими саҳюнистиро шадидан маҳкум намуда, онро як навъ таҳқири асирон ва нақзи ошкори ҳуқуқи инсон донистаанд. Бархе коршиносон бар ин назаранд, ки чунин амалҳо метавонанд боиси таҳкими бештар ваҳдати миллии фаластиниён ва афзоиши мухолифатҳо зидди Исроил дар сатҳи байналмилалӣ шаванд. https://tajikpress.com/2025/02/17/%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d0%b8%d1%81%d1%80%d0%be%d0%b8%d0%bb-%d1%81%d0%b0%d2%b3%d1%8e%d0%bd%d0%b8%d1%81%d1%82%d3%a3/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев