Як расонаи ибризабон бо интишори натоиҷи як назарсанҷии нав, фош кард, ки Исроил дар ҳоли таҷрибаи бадтарин дуқутбии иҷтимоӣ дар таърихи худ аст. Бар асоси ин назарсанҷӣ, ки аз ҷониби рӯзномаи "Исроил Ҳаём" ва муассисаи таҳқиқотии "Тошлит" анҷом ёфтааст, ҳадди ақал як сеюми исроилиҳо ҳеҷ як аз ниҳодҳои ҳукмрониро қабул намекунанд. Ин натоиҷ нишондиҳандаи бӯҳрони беэътимодӣ ба ниҳодҳои расмии Исроил мебошанд.
Натиҷаи ин назарсанҷӣ, ки аввали феврал ҷамъоварӣ шудааст, тасвири нигаронкунанда аз ҷомеаи Исроилро ба тасвир мекашад. Бар асоси ин гузориш, танҳо 10% саҳюнистҳо ба Кнессет (парлумони Исроил) эътимод доранд, дар ҳоле ки ин рақам барои суди олӣ (қувваи қазоӣ) танҳо 41% ва барои кабинети вазирон (қувваи иҷроия) танҳо 15% аст. Шаковартарин қисми ин назарсанҷӣ ин аст, ки 34% аз ҷомеаи Исроил, яъне як сеюми аҳолӣ, ҳеҷ эътимоде ба ҳеҷ як аз ниҳодҳои расмии сегона (қувваи қонунгузор, иҷроия ва қазоӣ) надоранд.
Ин беэътимодӣ дар байни гурӯҳҳои гуногуни ҷомеаи Исроил низ ба равшанӣ дида мешавад. Масалан, танҳо 4% аз яҳудиёни тундраву мазҳабӣ (ҳаредиҳо) ба суд эътимод доранд, дар ҳоле ки ин рақам дар байни яҳудиёни секулор ба 54% мерасад. Ин тақсимот нишондиҳандаи ҷудоии ҷомеаи Исроил аст, ки асосҳои мазҳабӣ ва сиёсӣ дорад.
Ин назарсанҷӣ ҳамчунин нишон медиҳад, ки ҷомеаи Исроил дар дарки таҳдидҳои пеширӯи кишвар низ гирифтори тақсимоти амиқ аст. Дар ҳоле ки 65% аз ҳомиёни иттиҳоди ҳукмрон, таҳдидҳои амниятӣ ва низомиро асоситарин хатар барои Исроил медонанд, ҳомиёни мухолифин, дуқутбии иҷтимоиро бузургтарин таҳдид тавсиф кардаанд. Ин ихтилофи назар нишондиҳандаи умқи тақсимоти иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар Исроил аст.
Янию Коҳен, раиси Маркази таҳқиқотии Тошлит, дар ин мавриди гуфт: “Кнессет ҳамчун ниҳоди қонунгузор ва интихобшудаи мардум, камтарин эътимодро нисбат ба қувваҳои сегона дорад. Аксарияти ҷомеа бар ин боваранд, ки ҳукумат рафтори Кнессетро дар қабзаи худ гирифтааст.” https://tajikpress.com/2025/02/15/%d0%b8%d1%81%d1%80%d0%be%d0%b8%d0%bb-%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-3/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев