Ба гузориши хабаргузории «Белта», «Александр Лукашенко» раисҷумҳури Беларус имрӯз, душанбе, бо нашри паёме пирӯзии инқилоби исломии Эронро табрик гуфт.
«Белта» ба нақл аз хадамоти матбуотии дафтари раёсати ҷумҳурии Беларус эълом кард, ки Лукашенко чиҳилу шашумин солгарди инқилоби исломиро ба Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури Исломии Эрон ва мардуми ин кишвар табрик гуфтааст.
Дар ин паёми табрикӣ омадааст: «Боиси хушнудист, ки кишварҳои мо солҳо боз дӯст ва шарик ҳастанд ва равобити дуҷонибаи мо низ дар ҳамаи заминаҳо раванду мусбат дорад». Раисҷумҳур нахустин дидораш бо Масъуди Пизишкиёнро ёдовар шуд.
«Александр Лукашенко» бо ёдоварии нахустин дидораш бо Масъуди Пизишкиён афзуд, ки ин дидор дар «Қазон» дар фазои саршор аз дарки комил ва мутақобил анҷом шуд.
Вай дар идома таъкид кард: «Ман ба идомаи тамосҳоямон дар Минск ҳангоми сафари расмии шумо умедворам».
Александр Лукашенко сипас барои Масъуди Пизишкиён саломатӣ ва комёбиҳои рӯзафзун дар иҷрои барномаҳо ва ӯҳдадориҳояш ва барои тамоми мардуми Эрон шукуфоӣ ва муваффақият орзу кард. https://tajikpress.com/2025/02/10/%d1%8d%d1%80%d0%be%d0%bd-%d0%bb%d1%83%d0%ba%d0%b0%d1%88%d0%b5%d0%bd%d0%ba%d0%be-%d0%bf%d0%b8%d0%b7%d0%b8%d1%88%d0%ba%d0%b8%d1%91%d0%bd/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев