Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо эълон кард, ки нозиронаш ҷараёни интихоботи порлумонии моҳи мартро дар Тоҷикистон назорат намекунанд.
Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон 4-уми феврал дар изҳороте гуфт, “набудани кафолат аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар бораи сабти ном ё аккредитатсияи нозирон”, боис шуд, ки ин созмон аз назорати интихоботи моҳи март худдорӣ кунад.
Мария Телалян, роҳбари Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон гуфтааст, “набудани кафолати расмӣ дар бораи онки нозирони мо метавонанд як моҳ қабл аз интихобот кори худро анҷом диҳанд”, як сабаби худдории ин созмон аз назорати ҷараёни интихобот дар Тоҷикистон шуд.
Дар Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон аз суҳбат дар ин бора худдорӣ карда гуфтанд, танҳо дар асоси мактуби расмӣ посух медиҳанд.
Намояндагони ин созмон моҳи январ зимни нишасте дар Душанбе гуфта буданд, барои назорати интихоботи порлумонии Тоҷикистон 11 коршиноси байнулмилалӣ ва 150 нозири кутоҳмуддат мефиристанд.
Аммо дар изҳороти ахири САҲА омадааст, ҳарчанд ҳайати нозирон рӯзи 22-юми январ ифтитоҳ шуд, аммо гурӯҳи коршиносон муқими Душанбе натавонистаанд ба кори худ шурӯъ кунанд. https://tajikpress.com/2025/02/08/%d0%bd%d0%b0%d0%b7%d0%be%d1%80%d0%b0%d1%82%d0%b8-%d0%bd%d0%be%d0%b7%d0%b8%d1%80%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d1%81%d0%b0%d2%b3%d0%b0-%d0%b1%d0%b0%d1%80-%d0%b8%d0%bd%d1%82%d0%b8%d1%85%d0%be%d0%b1%d0%be%d1%82/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев