Як муҳаққиқи саҳюнистӣ бо таъкид бар ин ки Ҳамос решакан нахоҳад шуд, изҳор дошт, ки Ғазза худи Ҳамос аст.
Share
Ба гузориши хабаргузории “Қудс”, Михаил Бен Арӣ, муҳаққиқ ва нависандаи ифротии саҳюнистӣ, бо ишора ба шаҳодати бархе аз фармондеҳони аршади ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос), таъкид кард, ки касоне, ки дар пайи нобуд кардани Ҳамос ҳастанд, чизе аз ин ҷунбиш намедонанд. Зеро Ҳамос танҳо маҷмӯае аз гурдонҳои мубориз нест, балки ҷузъе аз ҷомеаи Ғазза аст. Ғазза худи Ҳамос аст.
Вай афзуд: “Ман мехоҳам дар ин ҷо суханони Шайх Аҳмад Ёсин, асосгузори Ҳамосро ба шумо ёдовар шавам, ки гуфта буд: Ҳамос мисли дарахтест, ки агар шохаҳои болоии онро бибуред, он боз ҳам бештар мева хоҳад дод.”
Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) шаби гузашта шаҳодати фармондеҳи Гурдонҳои Қассом, шохаи низомии Ҳамосро таъйид кард. Абу Убайда, сухангӯи Гурдонҳои Қассом, эълом дошт, ки Муҳаммад аз-Зайф ба шаҳодат расидааст.
Абу Убайда ҳамчунин аз шаҳодати Марвон Исо, ҷонишини Муҳаммад Аз-Зайф ва чанд фармондеҳи дигари Қассом, аз ҷумла Ғозӣ Абу Тамма, Роид Собит ва Рофеъ Салома, дар ҳамалоти режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ хабар дод.
Содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба беш аз 26… https://tajikpress.com/2025/01/31/%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd-%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d0%be%d1%81-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-4/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев