Вазири маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ки норасоии омӯзгорон бештар дар макатбҳои шаҳру навоҳии тобеи марказ ба қайд гирифта шудааст.
Ба гузориши манбаъ:
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни нишасти матбуоти гуфт, ки дар мактабҳои кишвар ҳоло 281 омӯзгор намерасад ва соҳаи маорифи кишвар ба 4 ҳазору 301 нафар муаллим эҳтиёҷ дорад.
Вазир таъкид кард, ки норасоии омӯзгорон бештар дар макатбҳои шаҳру навоҳии тобеи марказ сабт шудааст.
Оқои Саидзода дар нишаст қайд кард, ки дар шаҳри Душанбе ва ВМКБ норасоии кадрӣ умуман ба назар намерасад. Вале дар вилояти Хатлон 65, дар вилояти Суғд 2 ва дар шаҳру навоҳии тобеи марказ 184 омӯзгор намерасад.
Вазир илова кард, ки барои бартараф кардани мушкили норасоии омӯзгорон аз ҳисоби донишҷӯёни курсҳои 4 ва 5-ум 1957 нафар ба мактабҳо ҷалб шудаанд.
Ба иттилои вазорат, дар соли 2024 донишгоҳҳои олии касбии кишварро 13 ҳазор ва донишгоҳҳои миёнаи касбиро 3 ҳазор нафар бо ихтисоси омӯзгорӣ хатм кардаанд. Аммо танҳо 10 ҳазору 240 нафар ё 64% ба мактабҳо ҳозир ва бо кор таъмин шудаанд. 5 ҳазору 760 нафари дигар ё 36% ба мактабҳо барои кор ҳозир нашудаанд.
Вазир гуфт, нисбати нафароне, ки аз ҳисоби буҷа таҳсил карданд, вале барои кор ба мактабҳо нарафтанд, донишгоҳҳо ба додгоҳ муроҷиат мекунанд, то онҳо маблағи таҳсилро пардохт намоянд. https://tajikpress.com/2025/01/31/%d0%ba%d0%b0%d0%bc%d0%b1%d1%83%d0%b4%d0%b8-%d0%b1%d0%b5%d1%88-%d0%b0%d0%b7-4-%d2%b3%d0%b0%d0%b7%d0%be%d1%80-%d0%be%d0%bc%d3%af%d0%b7%d0%b3%d0%be%d1%80-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d0%bc%d0%b0%d0%ba%d1%82%d0%b0/ '
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев