оғози шикастҳои пайдарпайи Исроил
200 асири фаластинӣ, ки ба ҳабси абад ва ҳукмҳои вазнин маҳкум шуда буданд, пас аз озодшавӣ бо суханон ва рафторашон саҳнаҳои ҷадиде офариданд. Ин саҳнаҳо боиси он шуд, ки режими саҳюнистӣ пас аз шикаст дар Тӯфонул-Ақсо, зарбаи сахттари дигареро дар Тӯфонул-Аҳрор эҳсос кунад.
Чанд моҳ пеш (16 октябри 2024), режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ бо террори “Яҳё Синвор”, раиси дафтари сиёсӣ дар ҷунбиши Ҳамос дар Навори Ғазза, талош кард бо намоиши пирӯзмандона достони муваффақияти худро таҳия кунад.
Ҳарчанд пас аз нашри видео аз тарзи шаҳодати “Абу Иброҳим” ва ошкор шудани ҷанги сахти ӯ бо ишғолгарон то нафаси охир, ин иддао зери шубҳа рафт. Аз сӯи дигар, дурӯғҳои режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ дар як соли қатли омми мардуми мазлум дар Навори Ғазза, ки мегуфтанд фармондеҳони Ҳамос аз тарс дар зери нақбҳо пинҳон шудаанд ва мардумро қурбонӣ мекунанд, барои ҷаҳониён ошкор шуд.
Дирӯз ин режим маҷбур шуд даҳҳо асиреро озод кунад, ки ҳар кадоме имкони табдил шудан ба афсонаҳои ҷадиди муқовиматро доранд.
470 рӯз, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими кӯдаккуш ва ҷинояткори саҳюнистӣ, аз қабул кардани созиши оташбас ва мубодилаи асирон худдорӣ мекард. Ӯ умедвор буд, ки бо бомбборони мардуми мазлуми Ғазза асирони исроилӣ низ кушта шаванд, то маҷбур нашавад мардон, занон ва кӯдакони далери фаластиниро дар чорчӯби мубодилаи асирон озод кунад. https://tajikpress.com/2025/01/26/%d1%82%d3%af%d1%84%d0%be%d0%bd%d1%83%d0%bb-%d0%b0%d2%9b%d1%81%d0%be-%d0%bd%d0%b0%d0%b2%d0%be%d1%80%d0%b8-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d0%b8%d1%81%d1%80%d0%be%d0%b8%d0%bb/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев