Ҷанги Ғазза мушкилоти бисёре бар сари ҷомеаи саҳюнистӣ овард, ки фурӯпошии бархе бистарҳои иқтисодӣ, гардишгарӣ ва бархе мушкилоти равонӣ аз ҷумлаи чолишҳои қобили баррасӣ аст.
Ҷанги Ғазза ҳамаи муҳосибот дар Исроилро ба ҳам рехт ва рушди иқтисодии ин режим бо суқути бесобиқа ба 2 дарсад расид, яъне 7 дарсад камтар аз пешбинии мавриди интизори Сандуқи байналмилалии пул.
Барқарории оташбас дар Ғазза на фақат бо истиқболи фаластиниҳо ва дигар ҳомиёни онҳо рӯбарӯ шудааст, балки дар манотиқи ишғолӣ низ бисёре аз саҳюнистҳо аз эълони оташбас дар ҷанги Ғазза ҳимоят кардаанд. Дар воқеъ бисёре аз сокинони манотиқи ишғолӣ аз идомаи ҷанг дар Ғазза хаста шуда ва ба дунболи тавофуқ бо нируҳои Ҳамос будаанд.
Шабакаи 13-и телевизиони режими саҳюнистӣ гузориши омориро аз натоиҷи як назарсанҷӣ дар Исроил дар бораи оташбас нашр кардааст. Натоиҷи ин гузориши оморӣ ҳокӣ аз он аст, ки ҳадди ақал 61.5 дарсади исроилиҳо аз тавофуқи оташбас дар Ғазза ҳимоят ва фақат 23.9 дарсад мухолифи оташбас дар ҷанги Ғазза будаанд. Ҳамчунин 58.8 дарсади исроилиҳо хостори тағйироти сиёсии густарда пас аз оташбас ва баргузории интихоботи ҷадид шудаанд. Ин гузориш беҳтарин шоҳид ва муддао бар он аст, ки ҷанг дар Ғазза ҳазинаҳои зиёде бар ишғолгарон таҳмил карда, то ҷое, ки акнун бисёре аз онҳо ба дунболи таваққуфи ҷанг ҳастанд. https://tajikpress.com/2025/01/25/%d2%b7%d0%b0%d0%bd%d0%b3%d0%b8-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d1%87%d3%a3-%d0%b1%d0%b0%d0%bb%d0%be%d0%b5-%d0%b1%d0%b0%d1%80-%d1%81%d0%b0%d1%80%d0%b8-%d2%b7%d0%be%d0%bc%d0%b5%d0%b0%d0%b8-%d1%81%d0%b0/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев