Расонаҳои режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ пас аз пахши филми мустанади “Ал-Ҷазира” аз шуҷоати шаҳид Яҳё Синвор дар ҷанги Ғазза ба шигифт афтоданд.
Ба гузориши хабаргузории “Ал-Ҷазира”, шабакаи 12-уми телевизиони режими саҳюнистӣ дар вокуниш ба пахши мустанади “Утоқи амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо” дар барномаи “Мо Хафия Аъзам”-и шабакаи “Ал-Ҷазира” эълом кард: “Ин мустанад миқёси шикасти иттилоотии Тел-Авивро дар рӯзи шанбеи сиёҳ нишон дод.”
Ин шабака афзуд: “Таҳқиқоте, ки аз ҷониби “Ал-Ҷазира” анҷом дода шуд, маълумотеро фош кард, ки нишон медиҳад Ҳамос пеш аз ҳамлаи 7 октябр (Тӯфони Ал-Ақсо) ба Исроил, ба иттилоот ва мавод дастрасӣ доштааст.”
Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки ин ифшогарӣ умқи заифе ва нотавонии низомҳои амниятии режими саҳюнистиро дар пешбинӣ ва пешгирии ин ҳамла ошкор мекунад.
Бар асоси гузориши ин расонаи саҳюнистӣ, таҳқиқоти “Ал-Ҷазира” ҳаракатҳои Яҳё Синворро ҳангоми идора кардани ҷанг дар ҳолати махфӣ дар минтақаи Тал-лул-Султони Рафаҳ нишон додааст. https://tajikpress.com/2025/01/25/%d1%8f%d2%b3%d1%91-%d1%81%d0%b8%d0%bd%d0%b2%d0%be%d1%80-%d1%82%d3%af%d1%84%d0%be%d0%bd%d0%b8-%d0%b0%d0%bb-%d0%b0%d2%9b%d1%81%d0%be-%d1%80%d0%b0%d1%84%d0%b0%d2%b3/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев