Бо қарори ҳукумати кишвар Нуриддин Саид аз вазифаи раиси Кумитаи телевизион ва радио озод гардидааст.
Бо қарори ҳукумати кишвар Нуриддин Саид аз вазифаи раиси Кумитаи телевизион ва радио озод ва ба ҷои ӯ Носир Саид, ки то ин дам роҳбари телевизиони “Сафина” буд, ба ин мансаб таъйин гардидааст. Раисҷумҳури Тоҷикистон ғайр аз раиси Кумитаи телевизион ва радио, раисони чанд телевизион ва раиси Кумитаи забон ва ислоҳотро низ иваз кард.
Тавре Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар додааст, Нуриддин Саид, ки то ин дам дар ҳукумат дар вазифаҳои баланд кор кардааст, ба нафақа рафт.
Ёдовар мешавем, ки Нуриддин Саид аз ҷумла соли 2008 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва солҳои 2008-2012 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Баъдан беш аз 8 сол дар курсии вазири маориф ва илм (2012-2020) кор кард.
Ба иттилои манобеи мо, ба ҷои Носир Саид, Садриддин Шамсиддинзода раиси нави телевизиони “Сафина” таъин шудааст. Садриддин Шамсиддинзода то ин дам раиси телевизиони “Ҷаҳоннамо” буд.
Олимҷон Муҳаммадҷонзода низ аз вазифаи раиси кумитаи забон ва истилоҳт низ аз вазифа барканор ва ба ҷои ӯ Сахидод Раҳматуллозода раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти таъин шуд. Раҳматуллозорда то ин дам муовини раиси ин кумаита кор мекард.
Ҳамчунин, бо қарори дигар, Лутфия Шарифзода сардори Саридораи бойгонии Тоҷикистон таъин шудааст. Ӯ дар ин мансаб Ҷамила Лангарӣ, ки аз соли 2017 дар ин вазифа буд, иваз кард. https://tajikpress.com/2025/01/21/%d0%bd%d1%83%d1%80%d0%b8%d0%b4%d0%b4%d0%b8%d0%bd-%d1%81%d0%b0%d0%b8%d0%b4-%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%ba%d0%b0%d0%bd%d0%be%d1%80-%d1%88%d1%83%d0%b4-%d0%b2%d0%b0-%d0%b1%d0%b0-%d0%bd%d0%b0%d1%84%d0%b0%d2%9b/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев