Бар асоси гузоришот, ҳамалот шадиди саҳюнистҳо ба Навори Ғазза на танҳо сабаби харобии манозил ва зербиноҳо шудаанд, балки зиндагии миллионҳо фаластиниро ба фоҷиа табдил додаанд. Бо хароҷоти тахминии 80 миллиард доллар, барқарорсозии ин минтақа даҳсолаҳо вақт ва ҳамбастагии ҷаҳониро талаб мекунад.
Рӯзномаи англисии Таймс дар як гузориши такондиҳанда ба вазъи вайронгаронаи Навори Ғазза пардохта, ҳаҷми бесобиқаи хисорот ва мушкилоти барқарорсозии ин минтақаро баррасӣ кардааст. Ин гузориш нишон медиҳад, ки бозсозии Ғазза бо вуҷуди беш аз 50 миллион тонна хароба ва хароҷоти тахминии 80 миллиард долларӣ, як мушкили азим ва хеле душвор аст, ки солҳои зиёдро талаб мекунад.
Омори такондиҳанда аз вайрониҳо
Тибқи оморҳои нашршуда, ҳаҷми харобаҳои боқимонда аз ҳамалоти режими палид ва кӯдаккуши Исроил ба Навори Ғазза, аз ҷанги Украина хеле бештар аст ва ин миқдор 17 маротиба бештар аз ҷангиҳо дар дигар минтақаҳо аз соли 2008 то имрӯз аст. Таймс изҳор кардааст, ки ду се ҳиссаи заминҳое, ки фаластиниён дар онҳо зиндагӣ мекарданд, пурра хароб шудаанд ва тоза кардани ин минтақа аз харобаҳои боқимонда аз ҳамлаҳо беш аз 14 солро мегирад. https://tajikpress.com/2025/01/17/%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd-%d0%bd%d0%b0%d0%b2%d0%be%d1%80%d0%b8-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d1%81%d0%b0%d2%b3%d1%8e%d0%bd%d0%b8%d1%81%d1%82%d3%a3-11/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев