Як таҳлилгари ироқӣ таъкид кард, ки Сурия ба далели вазъи заифи иқтисодӣ ва молиявӣ ҳамчунон асири барномаҳои Амрико, Ғарб ва бахусус Туркия боқӣ хоҳад монд.
Ҳошим Ал-Ҳубубӣ, таҳлилгари ироқӣ, таъкид кард, ки он чи баъзе аз мардум дар бораи ояндаи сиёсию амниятии Сурия бо таваҷҷуҳ ба тағйироти ҷадиди сиёсӣ фикр мекунанд, нодуруст аст. Воқеият нишон медиҳад, ки Сурия озод нашудааст ва ба далели вазъи заифи иқтисодӣ ва молиявӣ ҳамчунон асири барномаҳои Амрико, Ғарб ва бахусус Туркия боқӣ хоҳад монд.
Ҳошим Ал-Ҳубубӣ, дар гуфтугӯ бо вебгоҳи Ал-Маълума таъкид кард: «Баррасии воқеъбинонаи вазъи ҷории Сурия, бар хилофи он чи баъзе мардум дар бораи ояндаи сиёсию амниятии ин кишвар тасаввур мекунанд, нишон медиҳад, ки Сурия ба далелҳои мухталиф, бахусус иқтисодӣ, ҳамчунон асири барномаҳои хориҷӣ, аз ҷумла Амрико, Ғарб ва Туркия боқӣ хоҳад монд».
Ҳошим Ал-Ҳубубӣ тавзеҳ дод: «Буҷаи кунунии Сурия дар ниҳоят танҳо ду миллиард доллар аст ва ин ба ҳукумати ҷадид иҷоза намедиҳад, ки ниёзҳои аҳолии 27-миллионаи худро бароварда созад». https://tajikpress.com/2025/01/13/%d1%81%d1%83%d1%80%d0%b8%d1%8f-%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be-%d1%82%d1%83%d1%80%d0%ba%d0%b8%d1%8f/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев