Маркази исломии Ал-Азҳар бо ишора ба рӯйдодҳои дардноке чун ғарқшавӣ, тахриби паноҳгоҳҳо ва сармозада шудани кӯдакони Ғазза дар оғӯши модаронашон, аз беэътиноии ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба ин фоҷиаи инсонӣ эътироз кард.
Ба гузориши “Раъюл-Явм”, Маркази исломии Ал-Азҳари Миср рӯзи гузашта, 22 декабр, бо нашри баёнияи расмӣ, аз нотавонии доимии ҷомеаи байналмилалӣ дар муқобили шароити ғамангезе, ки мардуми Фаластин беш аз понздаҳ моҳ аст, ки дар сояи ҷанги Ғазза ва муҳосираро таҳаммул мекунанд, ибрози таассуф намуд.
Ал-Азҳар дар ин баёния, бо ишора ба фоҷиаҳои Ғазза, махсусан дар фасли зимистон, ки ҳодисаҳои талхи ғарқшавӣ, фурӯ рехтани хаймаҳо бар сари сокинон ва марги кӯдакон ва навзодони сармозада дар оғӯши модаронашонро рақам задааст, беэътиноии тасмимгирандагони сиёсӣ дар ҷаҳон ва набуди иродаи онҳо барои қатъи ин таҷовузи ҷинояткоронаи режими саҳюнистиро шадидан маҳкум кард.
Маркази исломии Ал-Азҳари Миср бо нашри баёнияи расмӣ, дар ҳоле ки аз фоҷиаи дардноки мардуми Фаластин дар Навори Ғазза нигаронии амиқи худро изҳор медошт, хостори иқдоми фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба ин минтақа шуд.
Ал-Азҳар дар ин баёния таъкид кард: таҷовузоти режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза фоҷиаи инсонии густурдаеро ба бор овардааст ва мардуми ин минтақа, ба хусус занон, кӯдакон ва пиронсолон, дар шароити хеле сахт қарор доранд. https://tajikpress.com/2025/01/12/%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d0%b0%d0%bb-%d0%b0%d0%b7%d2%b3%d0%b0%d1%80-%d0%bc%d0%b8%d1%81%d1%80/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев