Фармондеҳи кулли Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон гуфт: Душман бояд ба ин ҳақиқат огоҳ бошад, ки иродаи сиёсӣ дар системаи мо барои муқобила бо зиёдаталабӣ, ҳукмронӣ ва иқдомоти душман, қатъӣ ва бе нақс аст.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Фармондеҳи кулли Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон гуфт: мо аз солҳои дур барои муборизаҳои бузург ва ҷангҳои фаровон ва муқобилаҳои сангин ва ҳатто дарозмуддат бо қудратҳои ба назар бузурги ҷаҳон ва пайвастагиҳои минтақавии онҳо омода шудаем.
Ҳусейни Саломӣ афзуд, мо дар аввал ба қудрати Худо ва ёрии Ӯ бовар дорем ва дар давоми ин бовар ба қудрати дифоъӣ ва монеавии худ имон дорем.
Генерал Саломӣ: Ба душманон мегӯем, ки ҳисобҳои худро бисанҷанд ва хато накунанд.
Фармондеҳи Эрон ба душманони кишвараш ҳушдор дод: Мо аҳли амалем ва ба вақт ва ба андоза амал мекунем ва аз чизе ҳам гузашт намекунем. Ҳаракати шумо таҳти назорат мост.
Вай гуфт: Мо интизорем ва омодаем. Ба фармондеҳон мегӯем, ки барои вақте ки фармон расад, омода ва интизор бошед; барои он лаҳзае, ки фармон мерасад, то нишон диҳем, ки қудрати бузурги Эрон чӣ гуна аст. https://tajikpress.com/2025/01/12/%d2%b3%d1%83%d1%88%d0%b4%d0%be%d1%80%d0%b8-%d1%84%d0%b0%d1%80%d0%bc%d0%be%d0%bd%d0%b4%d0%b5%d2%b3%d0%b8-%d1%8d%d1%80%d0%be%d0%bd-%d0%b1%d0%b0-%d0%b4%d1%83%d1%88%d0%bc%d0%b0%d0%bd%d0%be%d0%bd%d0%b8/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев